Тоҷикистон, ки соли гузашта дар Шохиси кишварҳои ноком дар ҷои 39-ум буд, имсол бо касби 85,7 имтиёз аз 120 имтиёзи мумкин дар байни 178 кишвар дар мақоми 46-ум ҷой гирифт.
“Foreign policy” ва Сандуқи Сулҳ, як пажӯҳишгоҳи мустақили мустақар дар Вошингтон, шохиси кишварҳои нокомро барои ҳар кишвар бар асоси 12 омили иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии фишор ба давлат, аз ҷумла рушди номуназзам, машрӯияти давлат, норизоияти гурӯҳӣ ва мурооти ҳуқуқи башар муайян мекунад.
Фарқи Шохиси давлатҳои ноком аз раддабандиҳои дигар ҳам ин аст, ки кишвар дар ин раддабандӣ ҳар қадар аз ҷои аввал дуртар биравад, ҳамон қадар аз хатари вуруд ба феҳрасти давлатҳои ноком эминтар мешавад. Нишондиҳандаҳои асосӣ барои Шохиси давлатҳои ноком сифати мудирият, зарфиятҳои низомӣ, сиёсатҳои собит, низоми адлия, бо шумули мустақилияти додгоҳҳо, ҳукми қонун ва фасод, кайфияти арзаи хадамоти мулкӣ, муҳити кору фаъолияти ҷомиаи шаҳрвандӣ ва осебпазирии озодии матбуот мебошанд.
Дар Шохиси давлатҳои ноком-2012 кишварҳои африқоии Сомалӣ, Ҷумҳурии демократии Конго, судону Судони ҷанубӣ, Чаду Зимбабве ва ҳамин тавр, Афғонистонро осебпазиртарин кишварҳо аз нигоҳи комёбии давлат ва таъмини сулҳу субот шинохта шуда, кишварҳои аврупоии Финландияву Шветсия ва Данияву Швейтсарияро баръакс комёбтарин давлатҳои дунё эътироф шудаанд. Дар паҳнои Шӯравии собиқ комёбтарин давлат - Украина бо мақоми 113 ва нокомтарин - ду кишвари Осиёи Марказӣ – Узбакистону Қирғизистон –бо мақомҳои мутаносибан 39 ва 41 шинохта шудаанд.
Тоҷикистон дар ин раддабандӣ севумин давлати ноком дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ эълом шуда, аз ин ду ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ болотар аст, вале аз мақоми 81-уми Туркманистон ва 107-уме, ки Қазоқистон дорад, хеле ақиб мемонад. Тоҷикистон дар мақоми 46-уми ин раддабандӣ аз сӯи кишварҳое “иҳота” шудааст, ки чандон намунаи суботу пешрафт нестанд. Аз Душанбе болотар Замбияву Лубнон истодаанд ва баъди мо – ҷазираҳои Соломон, Лаосу Ангола ва ҳатто Либия, ки бо вуҷуди як соли ҷангҳои хунин, суқути режими Муаммар Қаззофӣ ва беназмӣ Сандуқи сулҳ ва “Foreign policy” ин давлати арабиро комёбтар аз Тоҷикистон медонанд.
“Бад”, “заиф”, “мӯътадил”...
Аммо ин гузориш Тоҷикистонро ҳамин тавр, дар байни 10 кишваре ҷо додааст, ки дар як соли охир ба комёбии бештар дар роҳи таъмини суботи давлат даст ёфтаанд.
Дар ин даҳгона Куба аввал аст, ки мавқеъашро дар як сол 15 зина беҳтар кардааст. Қирғизистон, ки аз марзи бесуботиву нокомӣ 10 зина дуртар рафт, баъд аз Доминикан дар зинаи севуми ин бахши гузориш аст ва дар поёни даҳгона ҳам боз ду кишвари дигари Шӯравии собиқ - Тоҷикистон ва Молдова, ки аз соли 2011 то 2012 мақоми худро дар Шохиси давлатҳои ноком 7 зина беҳтар кардаанд.
Сандуқи сулҳ ва маҷаллаи “Foreign policy” дар Шохиси имсолаи давлатҳои ноком ба сурати умум сифати мудирият дар Тоҷикистонро - “бад”, зарфияти низомиашро - “заиф”, аммо сиёсати Душанберо “мӯътадил” баҳо додаанд. Дар Шохиси сулҳ -2012 фазои фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ “мӯътадил” арзёбӣ шуда, аммо низоми адлия ва арзаи хадамоти мулкӣ дар ин кишвари фақири Шӯравии собиқ – “бад” ва муҳити озодии матбуоташ - “заиф” хонда шудааст. Баҳои умумии муҳаққиқони амрикоӣ ба талошҳои комёб шудани давлати Тоҷикистон дар Шохиси имсолаи давлатҳои ноком низ ҳанӯз ҳамин баҳои “заиф” аст.