Дар ҷаласаи ахири Кумитаи ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо дар қатори дигарон ба қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), низ таваҷҷӯҳ шудааст. Аъзои ин кумита гуфтаанд, Русия то ҳанӯз қазияи рабуда шудани Искандаровро анҷом надода ва ҳам гумонбарони қазияро ба муҷозот накашидааст.
Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, бо вуҷуди таъкидҳои батакрори Кумитаи ҳуқуқи башари Аврупо давлати Русия ба таслими ғайриқонунии афрод идома додаасту медиҳад.
Пештар аз ин, давлати Русия ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупоро, ки истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ҳисобида буд, ғайримунсифона шуморида ва дархост кард, то онро бекор кунанд. Бар асоси қарори содиркардаи Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар моҳи декабри соли 2010-ум, Искандаров аз Русия ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ истирдод шудааст ва додгоҳ барои расонидани зарар, давлати Русияро барои супоридани 30 ҳазор евро ҷарима муваззаф карда буд.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон моҳи апрели соли 2005-ум як бор дар Маскав боздошт ва дафъатан озод карда шуд. Он замон Владимир Устинов, додситони кулли вақти Русия, раҳоии ӯро қонунӣ хонд. Аммо дар нимаҳои моҳ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Русия ба таври мармуз ғайб зад. Рӯзи 26-уми апрели ҳамон сол додситони кулли вақти Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов аз боздошти ӯ хабар дод ва гуфт, ки Искандаров бо шиносномаи русӣ ва номи тақаллубӣ вориди Тоҷикистон шудааст.
Искандаров моҳи октябри соли 2005-ум аз рӯи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла терроризм, бандитизм, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу муҳофизон ва дуздии маблағи давлатӣ ба ҳаҷми бузург муҷрим шинохта, ба мӯҳлати 23 сол зиндонӣ шуд.
Ҷонибдорони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров то ба ҳол иддао доранд, ки маҳкумияти раиси Ҳизби демократ ҷанбаи сиёсӣ дорад ва қавли онҳо таъқиби Искандаров ба дунболи эълони тасмими ӯ дар бораи иштирок дар интихоботи раёсати ҷумуҳур шурӯъ шуд.
Бо гузашти тақрибан ҳафт сол аз ҳодисаи рабуда шудани Искандаров дар Русия, мақомоти қудратии Русия ин ҳодисаро дигар тавзеҳ надоданд.