Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар ҳукумат: Кадрҳои кӯҳна дар ҷомаҳои нав


Ҷаласаи ҳукумат. 30-юми январи соли 2010
Ҷаласаи ҳукумат. 30-юми январи соли 2010

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон шояд боз ҳам идома кунад, вале самту сӯи он тақрибан маълум шудааст.

Дар кафлез ояд, ҳарчӣ дар дег аст

Такя ба ҳамон кадрҳои кӯҳна ва тақвияти ҳузури хешону ҳамшаҳриҳои раисиҷумҳур дар мақомҳои муҳими ҳукумат – чунин аст як бардошти асосии маҳфилҳо аз тағйироти то ҳол анҷомшуда дар кобинаи Эмомалӣ Раҳмон. Ба ақидаи мунтақидон, хости ҷомеа ба анҷоми як ислоҳоти куллӣ дар сиёсати кадрӣ ин бор ҳам сарфи назар шуд ва деги кадрии ҳукумат ҳамчунон бо ҳамон ҳезуми кӯҳна -- ангишти маҳаллу сӯхти садоқат – меҷӯшад.Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, деги кадрии ҳукумат зоҳиран хеле тиҳӣ шудааст, ки ҳарбор дар кафлезаш ҳамон як мӯҳраҳо берун меоянд ва: “дар асл ин ҷой иваз кардани ҳамон аъзои кӯҳнаю доимии командаи раҳбарист, ки баъзеаш дуртар мераванду баъд дубора бармегарданд. Яъне кадрҳоро аз ҳамон як захираи кадрие, ки ҳамеша пиромуни дастгоҳи раёсат мегарданд, интихоб мекунанд. Элитаҳои дигарро кайҳо берун рондаанд..”

Кӣ рафту кӣ омад?

Абдуҷаббор Раҳмонов. Устоди адабиёт, ки соли 2004 раиси Кумитаи радио ва телевизион ва соле баъд вазири маориф таъйин шуд. Дар давраи ӯ ҳам фасод, ба хусус дар макотиби олии Тоҷикистон бартараф нашуд ва ҳама кори кардааш дар пушти иқдомҳои баҳсбарангезе, чун манъи ҳиҷобу сатру телефонҳои мобил ва идҳое, чун “Занги охир”-у “Иди Алифбо”, нонамоён монд. Ба мақоми вазири маориф акнун раиси собиқи Донишгоҳи миллӣ Нуриддин Саидов омад. Номи ӯ як дафъа ва он ҳам вақте вирди забони матбуот шуд, ки натавонист ҷавонеро, ки мустақиман аз раисиҷумҳур кӯмак хоста буд, ба риштаи ҳуқуқи донишгоҳ дохил кунад ва “маслиҳат”-аш дод, ки дар риштаи физика таҳсил кунад.

Абдураҳим Қаҳҳоров
Абдураҳим Қаҳҳоров
Абдураҳим Қаҳҳоров. Писари сарвазири фақиди Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров, як пулиси ҳирфаӣ шумурда мешуд, вале дар садри вазорат ҳамагӣ 3 сол тоб овард ва акнун ба курсии дабири Шӯрои Амният нишаст, ки баъди вакили парлумон шудани Амирқул Азимов дар моҳи майи соли 2011 холӣ шуда буд. Ба мақоми вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов расид, ки истирдоди Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро аз комёбиҳои ӯ дар мақоми намояндаи ин вазорат дар Маскав хонда шуда, хунсо кардани дастаҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоро низ ба кори ӯ ҳамчун муовини аввали Қаҳҳоров марбут медонанд. Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ аммо гуфт, ки амалиёти Рашт заъфи нирӯҳои Тоҷикистонро нишон дод, ки алайҳи ҳатто як гурӯҳи хурди чирикӣ маҷбур шуданд, аз мухолифони собиқи худ дар Рашт кӯмак биҷӯянд.

Матлубхон Давлатов
и 62-сола аз хешони наздики президент ва узви собиқадори давлати ӯст. Тайи 12 сол раиси Кумитаи амволи давлатӣ буд ва хусусигардонии корхонаҳои давлатиро, ки аксар бо нархҳои ночизе фурӯхта шуданд, ба номи ӯ рақам мезананд. Аз соли 2010 раиси дастгоҳи президент буд ва ҳоло ба ҷои Асадуллоҳ Ғуломов, ки соли гузашта фавтид, муовини аввали сарвазир ва масъули соҳоти иқтисодӣ дар ҳукумат таъйин шуд ва билофосила як бахши салоҳиятҳои бе он ҳам ночизи сарвазир Оқил Оқиловро ба худ гирифт ва амалан ба як “қариб сарвазир” табдил ёфт.

Ҳамин тавр, муовини Давлатов дар дастгоҳ Рустам Менглиев вазири адлия ва Бахтиёр Худоёрови 55-сола, ки 5 сол боз вазири адлия буд, раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд. Ба симати раиси Маркази таҳқиқоти стротегӣ Бобохон Маҳмадов расид, ки 62 сол дошта, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ вазири табъу нашр буд. Дар ҳукумати Раҳмон то соли 2001 вазири фарҳанг буд ва сипас сафир дар Тошканд, вале бидуни кадом муваффақият. Ва ба мақоми раиси кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ Хайриддин Абдураҳимов нишаст, ки соли 2010, дар пайи фирори 25 маҳбус аз мақоми вазири амният барканор шуд ва тавре аз бозгашташ бармеояд, дубора “сафед” мешавад.

“Ислоҳот нашуд”

Тағйироти ахир дар ҳолест, ки дар пайи таҳаввулоти як соли гузаштаи ҷаҳону минтақа, бахусус эътирозҳои “Баҳори Араб”, идомаи сардии равобит бо Узбакистон ва тунд шудани танишҳо бо Русия ва ҳам қазияи халабонҳо, ки нуқтаҳои заъфи ҳукумати кунуниро рӯи об овард ва худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз хомӯшии мақомоти ҳизби ҳокими халқӣ-демократиаш дар ин масъала ду дафъа тунд интиқод кард, матбуот ва маҳофили сиёсии Тоҷикистон хеле умедвор буданд, ки ин бор ба як ислоҳоти фарогир ва “поккории ҷиддӣ” дар суфуфи ҳукумати ин кишвар иқдом хоҳад шуд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ ҳатто ба комилан нав кардани командаи Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд. Ҳафтаномаи “Азия Плюс” навишт,сиёсати кадрии давлат ба як таҳрири фавқулодда ниёз дорад. “Миллат” хостори ҷалби “Низомулмулку Бармакиҳо”-е шуд, ки дар воқеъ, хидмати мардумро хоҳанд кард, вале дари ҳукумат ба рӯи онҳо то ҳол баста аст. “Нигоҳ” дар пойгоҳи интернетиаш назархоҳиеро барпо кард, ки дар он 14 дарсад хостори табдили тамоми кобина шуда, 23 фоиз истеъфои вазири саноату энержӣ Шералӣ Гул ва 22 дарсад истеъфои вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмоновро хостанд ва фақат 1 фоиз мухолифи ислоҳот дар ҳукумати феълии Тоҷикистон будаанд.

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов, сардабири “Нигоҳ” мегӯяд, оғози тағйироти кадрӣ ва омилҳои муайянкунандаи ин тағйирот ҳокист, ки набояд дигар умедвори кадом ислоҳоти ҷиддие дар ҳукумати кунунӣ шуд: “Омили муайянкунанда дар тағйироти ахир яке буд – устувор гардондани ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин дар ин таъйинот як гуна хатар аз ҷониби ёрони собиқи ин ҳукумат эҳсос мешавад, ки намунаҳояш бозгашти Бобохон Маҳмадов ва Хайриддин Абдураҳимов аст. Нухбагони кунунӣ нишон доданд, ки онҳо омода нестанд, то барои ҳама табақаҳо ва хоса ҷавонон, гузаштҳое карда, ба истилоҳ, лифтҳои иҷтимоие барои бақия ба вуҷуд биоранд.”

Аммо Сӯҳроб Шарипов, раҳбари собиқи маркази таҳқиқоти стротегӣ, ки ба бовари маҳофил, маҳз ба далели забони сурхаш аз раёсати ин ниҳоди таҳлилии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумон “бадарға” шуд, мегӯяд, ҳадафи тағйироти ахир ислоҳоти фарогир набуд, балки ҷойивазкуниҳои ахири кадриро бояд аз зовияи комилан дигар таҳқиқ ва арзёбӣ кард: “Мақсади асосии дигаргуниҳои кадрӣ нигоҳ доштани сулҳу субот, асосан субот дар ҷомиа аст, на роҳандозии ягон ислоҳоту тағйироти куллӣ. Ин пеш аз ҳама ба аҳдоф ва иродаи сардори давлат вобаста буда, тағйироти анҷомшуда барои ягон навъ ислоҳоти инқилобӣ равона нашудааст, балки фақат ҳифзи рушди устувор ва суботи ҷомиаро ба ҳадаф дорад.”

Сеяки ҳукумат аз Данғара

Бино ба ҳолномаи расмии вазирони тоҷик, ки дар сайти раиси ин ҷумҳурӣ нашр шудааст, беш аз нисфи курсиҳои кобина, аз ҷумла тамоми вазоратхонаҳои қудратӣ, дар дасти намояндагони минтақаи Кӯлоб буда, сеяки аъзои ҳукумат зодагони танҳо як ноҳияи Данғара – зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмонанд. Баъди имзои созишномаи сулҳ, вазорати ҳолоти изтирорӣ ба намояндаи водии Рашт дода шуд ва 3 сол пеш Қаҳҳоров вазири умури дохилӣ шуд, вале дар пайи тағйироти ахир, ин ду вазорат низ ба дасти намояндагони Кӯлоб баргашт.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки бо Радиои Озодӣ аз Маскав сӯҳбат мекард, бо интиқод аз такяи мақомот ба асли маҳаллу таборгароӣ дар интихоби кадрҳо гуфт: “Усули интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ислоҳ нашуд, мисли пешина монд. Манзури ман пеш аз ҳама ба инобат гирифтани мансубияти маҳаллӣ ва наздик будан ба зодгоҳи раисиҷумҳур аст. Ба вазоратҳои қудратӣ ин бор намояндагони як маҳал бо назардошти садоқаташон таъйин шуданд. Шояд ин ба интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурӣ рабт дошта бошад, то роҳи боз як давраи раёсатро барои Эмомалӣ Раҳмон ҳамвор кунанд.”

Вале Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, масъала дар интихобот нест, балки чолишҳои ҷиддитаре, аз ҷумла бесуботии вазъи Русия ва муовини сарвазираш шудани Дмитрий Рогозини қавмгаро, идомаи мушкилот бо Тошканд, хуруҷи анқариби нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, бозиҳои нави геополитикӣ дар минтақа ва афзоиши фишори кишварҳои дуру наздик Душанберо ночор мекунад, то дигарбора ба кадрҳои қадим ва озмудашудае, чун Хайриддин Абдураҳимов ва Рамазон Раҳимов рӯ биорад. Вале Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, давлат барои муқобила ба чунин чолишҳо бояд баръакс ақшору аҳзоб ва минтақаҳои мухталифро бештар ҷалб мекард, то мардум ҳам дар рӯзҳои сахт бо ҳукумат аз як гиребон сар барорад.

Ҷавонон то куҷо ояндаи моянд?

Масъалаи дигари сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон ҷавонсозӣ ва ҷалби кадрҳои ҷавон ба мақомҳои аввали раҳбарист. Феълан синни фақат 3 узви ин ҳукумат - вазири иқтисод Фаррух Ҳамралиев ва руасои кумитаҳои сармоягузорӣ ва радиову телевизион Давлаталӣ Саидов ва Асадулло Раҳмонов аз 45 поин аст. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ҳамасола донишгоҳҳои хориҷиро даҳҳо донишҷӯи тоҷик хатм мекунанд, вале ҷавви ҳоким бар сиёсати кадрии Душанбе чунон аст, ки ба ин қишр то ҳол маҷоли роҳ ёфтан ба сутуҳи баланди давлатиро намедиҳад.

Ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ бар ин назар аст, ки омода кардани кадрҳои ҷавон вазифаи зотии ҳар ҳукумат аст: “Ҳар ҳукумате ки ободии кишварашро мехоҳад, бояд ба кадрҳои ҷавон на фақат роҳ кушояд, балки бояд худ онҳоро биҷӯяд, биёбад ва тарбия дода, ҷобаҷо кунад. Наистем, ки мо аз дунё гузарем ва баъд онҳо бигиранд.”

Тоҷикистон чанд “раис” дорад”

Феҳристи тӯлонии афроде, ки дар ин авохир ба мақомҳои мухталиф дар идороти давлатии Тоҷикистон таъйин шуданд, суолеро ҳам эҷод кард, ки оё ин кишвар чанд “раис” дорад? Бино ба омори расмӣ, шумори ходимони давлатии Тоҷикистон дар ин авохир тақрибан ҳазор нафар афзуда, ба 19 000 наздик шудааст. Вале ин омор марбути асосан идораҳои марказист ва артиши бузурги милисаву низомиҳо ва ҳазорон нозири ниҳодҳои мухталифи назоратӣ – аз идораи газу барқу сӯхтор то "Тоҷикстандарт"-ро, ки ҳар кадомаш метавонад бо талаби ҳаққи худ болои сари мардуми оддиро бигирад, дар бар намегирад.
Шокирҷон Ҳакимов, ки сохторҳои давлатии Тоҷикистонро низ таҳқиқ кардааст, мегӯяд: “Сохтори ҳокимият номукаммал аст ва ба ин хотир, самарбахш ва ҷавобгӯи талаботи як ҷомиаи муосир нест. Гузашта аз ин, тавони иқтисодии Тоҷикистонро низ ин сохтор ба инобат нагирифтааст. Баъзан бо баҳонаи сохтори идорӣ кӯшиши ислоҳот мекунанд, вале шумори идораҳои давлатӣ ва кормандонаш кам намешавад. Баръакс онҳо бо ҳар ному шакл аз нав зуҳур мекунанд.”

Чунин ҳол пурсиши дигареро ҳам дар зеҳнҳо халқ мекунад, ки оё барои кишвари фақиру дастнигари кӯмакҳои хориҷие, чун Тоҷикистон, ҳифзи 17 вазорату чандин кумитаи давлативу назди ҳукумат ва теъдоди ҳангуфти идораҳои дигари сатҳи пойинтар ва аз ҳисоби давлат, яъне дар ниҳояти амр, аз ҳисоби мардум, пардохтани ҳам маошу ҳам боқӣ масорифи кори ин ҳазорон “раис”-и хурду бузург то куҷо коре дуруст аст?
XS
SM
MD
LG