Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони даври пешакии Ҷоми футболи Тоҷикистон


Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 6-уми июн қуръакашии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор шуд.

Дар ин марҳилаи мусобиқот чаҳор даста - «Самар» (Восеъ), «Ситора» (Рӯдакӣ), РТСУ (Душанбе) ва «Далерон» (Истаравшан) иштирок мекунанд.

Бозиҳои аввалин рӯзи 15-уми июн ва ҷавобӣ 19-уми июн барпо мегарданд. Ғолибони ҷуфтҳо ба даври баъдии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд. Ба онҳо 13 дастаи лигаи олӣ ва як тими лигаи аввал - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ҳамроҳ мешаванд.

Ҳамин тариқ, 16 даста ба ҳашт ҷуфт тақсим мешавад. Қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баъдтар доир хоҳад шуд.

Ҷоми Тоҷикистон-2012
Даври пешакӣ. Бозиҳои аввалин
15-уми июн (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17.30
«Самар» (Восеъ) – РТСУ (Душанбе)
«Далерон» (Истаравшан) – «Ситора» (Рӯдакӣ)

Даври пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ
19-уми июн (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00
РТСУ (Душанбе) – «Самар» (Восеъ)
«Ситора» (Рӯдакӣ) – «Далерон» (Истаравшан)
XS
SM
MD
LG