Ин тасмим рӯзи 5-уми июн дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд. Дар қарори ин кумита зикр шудааст, ки дар бозии даври 11-уми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Пахтакор” (Қабодиён) ва “Саройкамар” (Панҷ) рӯзи 3-юми июн дар варзишгоҳи ноҳияи Қабодиён тартиботи ҷамъиятӣ вайрон ва амнияти доварон таъмин нагардидааст.
Бо тасмими кумитаи назорату интизоми ФФТ барои ин ҳодисаи нохуш варзишгоҳи дастаи “Пахтакор” аз ду бозӣ маҳрум ва бошгоҳи футболи “Пахтакор” ба маблағи 2500 сомонӣ ҷарима андохта шуд.
Инчунин бо қарори кумитаи мазкур чаҳор бозигари дастаи “Саройкамар” барои ҳуҷум ба доварон ва латукӯби онҳо муҷозот шуданд.
Ду бозигари “Саройкамар” - Идибек Забиров ва Хуршед Ямоқов барои ҳамла ва латукӯби доварон ҳар кадом ба маблағи 7500 сомонӣ ҷарима ва ба мӯлати як сол аз бозиҳо маҳрум гаштанд.
Инчунин ду бозигари дигари “Саройкамар” - Соҳиб Ваҳҳобов ва Воҳид Рустамов барои ҳуҷум ба доварон аз чаҳор бозӣ маҳрум ва ҳар кадом ба маблағи 2500 сомонӣ ҷарима баста шуданд.