Ин ташаббуси Нимо Каён, рақспардоз ё хореографи эронитабор аст, ки мехоҳад, балети тоҷикро ба мардуми Аврупо муаррифӣ кунад. Аммо дар ҳоле ки раққосон аз Тоҷикистонанд, намоишнома аз осори эронӣ иборат аст ва рақсҳо бар пояи мусиқии Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна сохта шудаанд.
Ҷаноби Каён мегӯяд, дар намоиш ҳамчунин рақси шарқӣ ва модерн низ омезиш ёфтаанд: "Барои нахустин бор аст, ки тариқи чунин намоишнома осори интихобии балети Эрон дар Тоҷикистон муаррифӣ мегардад. Дар ин намоишнома маҷмӯи рақспардозиҳои худамро интихоб кардам, ки тӯли даҳ соли гузашта рӯи саҳна омадаанд. Ҳамчунин кӯшиш кардем, як таблуи минатураи рангорангро дуруст бикунем, ки муаррифии фарҳанги муштараки Эрону Тоҷикистон бошад."
Нимо Каён, ки дар Швейтсария фаъолият дорад, балетро дар ҳамин кишвар омӯхта, намоишҳоеро дар ин ҷо ва Фаронса рӯйи саҳна овардааст. То имрӯз вай бо 32 гурӯҳи балет аз кишварҳои мухталиф ҳамкорӣ доштааст ва мегӯяд, заминаи қавии балети классикӣ дар Тоҷикистон барояш имкон дод, вазифаҳои сангинеро дар таҳияи ин намоиш иҷро кунад.
Масъулони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мӯътақиданд, ки сафари дастаи балети тоҷик ба Олмон, метавонад, дар густариш ва рушди ин навъи ҳунар дар кишвар мусоидат кунад, зеро он гуна, ки Эмил Акматов, сарбалетмейстери театр мегӯяд то чанд соли пеш балет дар Тоҷикистон рӯ ба таназзул оварда буд: "Вақте тариқи қарордод кори худро дар Театри опера ва балети Тоҷикистон шурӯъ кардам, метавон гуфт, балет дар театр қариб вуҷуд надошт. Маҷбур шудам, ҳайати нави эҷодиро ташкил бикунам. Барои ташвиқи ин ҳунармандони ҷавон ҳамин гуна сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷа хеле муҳим аст. Зеро метавон гуфт аз замони фаъолияти Малика Собирова балети тоҷик ба берун аз Тоҷикистон сафари ҳунарӣ надошт."
Рушди балети тоҷик бахусус аз солҳои 1960-ум оғоз ёфта, то солҳои 1990 идома кардааст. Шӯҳрати ин ҳунарро махсусан ҷуфти балет Малика Собирова ва Музаффар Бурҳонов ба арсаи ҷаҳонӣ бароварданд. Соли 1971-ум ба Малика унвони Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд ва намоишҳои ӯ дар ҳама ҷо - Аврупо, Амрико ё Ҷопону Ҳиндустон бо толорҳои саршор аз тамошогар ҷараён меёфтанд. То солҳои 1990-ум ҷоизаи байнулмилалии ба номи Собирова ва "Шабҳои ёдбуди Малика" вуҷуд доштанд, ки тадриҷан аз байн рафтанд.
Он солҳо дар дастаи балет, опера ва оркестри Театри Айнӣ садҳо нафар кор мекард. Ҳоло дастаи балет дар ин ҷо аз 38 нафар иборат аст, ки 8 нафари онҳо хатмкардаҳои коллеҷи хореографии шаҳри Перми Русия мебошанд. Муҳаммад Азимзода, яке аз ин ҳунармандон аст, ки мегӯяд, тасодуфан ба балет омадаву ҳоло меҳри ин ҳунар ба қалбаш роҳ ёфтааст. Ӯ афзуд, "ҳоло ҳар яке аз мо орзу дорем, ки балети тоҷик дар хориҷи кишвар муаррифӣ шавад. Чун ҳоло балети миллии мо назар ба балети Русияву кишварҳои Аврупо дар сатҳҳои пойинтар қарор дорад. Вале ба ҳар сурат мо талош дорем ва бояд мардуми мо низ хурсанд аз он бошад, ки балети тоҷик ба оҳистагӣ рушд мекунад ва ҳоло ба хориҷи Тоҷикистон сафари ҳунарӣ дорад."
Сафари дастаи балети тоҷик ба Аврупо дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки дар ҷомеа рӯҳияи ба тоҷикон бегона будани ин навъи ҳунар зуҳур кардааст, аммо дар тафовут бо Туркманистон он дар Тоҷикистон мамнӯъ нагашта, намоишҳои балет садҳо нафар аз шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Комёбии эҳтимолии даста дар Аврупо умеди раққосонро ба афзоиши таваҷҷӯҳ ва сармоягузорӣ ба ришта бештар хоҳад кард.