Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Абдуллоев бо филмҳояш ба Берлин меравад


Фарҳод Абдуллоев-синамогари тоҷики муқими Маскав
Фарҳод Абдуллоев-синамогари тоҷики муқими Маскав

Ин ҳафта дар Берлин ҷашнвораи филмҳои Олмону Русия баргузор мешавад ва дар он барои ширкат аз ҷониби Русия Фарҳод Абдуллоев-синамогари тоҷики муқими Маскав бо филмҳои худ даъват шудааст.

Абдуллоев дар нахустин солҳои истиқлол дар Душанбе студияи мустақили “Хома”-ро ташкил кард, вале мушкилиҳои молӣ вайро маҷбур сохт, ки Тоҷикистонро тарк кунад ва ба Маскав муҳоҷир шавад. Вай ҳоло яке ба аз коргардонони шинохта дар синамои ҷаҳон табдил ёфтааст. Мо дар остонаи сафар ба Берлин телефонӣ дар Маскав бо Фарҳод Абдуллоев мусоҳибае анҷом додем ва нахуст аз комёбиҳои ахираш дар арсаи синамо суол кардем:

Фарҳод Абдуллоев: Ҳоло ду филми бадеии ман дар Русия ва дар арсаи байналмиллалӣ шӯҳрат пайдо кардаанд. Якеаш “Ловитор” ном дорад Ин вожаест, ки дар сирк истифода мекунанд. Ин филм дар бораи кӯдакони бепарастор аст, ки он вақт дар Русия касе дар бораи онҳо ҳатто фикр намекард. Барои таҳияи филмнома заҳмати зиёд кашидем, чаҳор сол талош кардем, то барои наворбардорӣ ба мо имкон ва иҷоза диҳанд. Саранҷом “Ловитор”-ро таҳия кардем ва он дар ҷашнвораи байналмиллалии синамо дар Берлин ширкат кард. Филм ҳамаро дар тааҷҷуб гузошт, барои он ки ҳам филм ва ҳам коргардони он ба касе маълум набуд ва аз филмҳои довталабе, ки аз Русия барои ширкат дар ин ҷашнвора фиристода шуда буд, танҳо ба “Ловитор” барои ширкат даъватнома фиристоданд.

Филми дуввум бо номи “Презумпция согласия” дар бораи мушкилиҳои иҷтимоии ҷомеа аст. Мақомот маъмулан чунин мавзӯъҳоро дӯст намедоранд ва мо барои оғози кор бо ин филм низ хеле саргардон шудем, вале филмро таҳия кардем. Ҳоло филми мазкур низ маъруфияти ҷаҳонӣ касб кардааст ва касе наметавонад бигӯяд, ки чунин филм ё душвориҳои иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Ин филм барои намоиш дар се ҷашнвора даъватнома гирифт, ба ҷашнвораҳои байналмиллалии синамо дар Канн, Берлин ва Варшава. Чунин эътибори байналмиллалӣ сабаб шуд, ки вақтҳои ахир ба ман тақрибан дар як моҳ ду ё се пешниҳоди ҳамкорӣ аз дохилу хориҷ бирасад”.

Радиои Озодӣ: Шумо аз доираи дигар, аз Тоҷикистон ба Русия омадед ва ба ҷаҳони филмсозии Русия ворид шудед. Дар ин кишвар бозигаронро чӣ тарз интихоб мекунед?

Фарҳод Абдуллоев: Ман дар ВГИК таҳсил кардаам. Дар ин кишвар бо ҷаҳони синамо ошно шудаам. Ҳамаи коргардонони Шӯравӣ ҳам дар ВГИК таълим гирифтаанд. Мушкилии мо шояд чизи дигар аст. Вале дар интихоби бозигарони филм хеле худро роҳат эҳсос мекунем.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Ҳоло рӯи кадом тарҳ кор мекунед?

Фарҳод Абдуллоев: Як филми бадеӣ дорам. Ахиран таҳияи ин филмро дар бораи рӯйдодҳои марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон ба поён расондам, дар бораи таърихи Тоҷикистону Русия. Ҳоло дар ҷустуҷӯи маблағ ҳастем. Дар он саҳнаҳои ҷанг бо Толибон тасвир мешавад. Саҳнаҳои хеле ҷолиб дорад. Фикр намекунам, ки аз ҷониби Тоҷикистон касе ба мо кӯмаки молӣ кунад. Вале боз ҳам шояд касе пайдо шавад ва мо ин филмро филми муштараки Тоҷикистону Русия муаррифӣ кунем.

Радиои Озодӣ: Дар нахустин солҳои истиқлоли Тоҷикистон шумо студияи мустақили “Хаома”-ро ташкил карда будед. Сарнавишти он чӣ шуд?

Фарҳод Абдуллоев: Хоб аст. Ҳоло дар Тоҷикистон кор нест, ягон проект нест, барои ҳамин студия “хоб” аст. Агар проекте пайдо шавад, мо албатта онро “бедор” мекунем. Ин студия барои ман хеле азиз аст. Мо ҳатто барои эҳтиром номи студияи “Хаома”-ро низ дар поёни филми “Презумпция согласия” овардем ва онро тавлиди муштараки ширкати Русия ва Тоҷикистон эълон кардем”.

Радиои Озодӣ: Шумо солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар бораи бозгашти паноҳҷӯёни тоҷик аз Афғонистон ба Ватан мавод ҷамъоварӣ мекардед. Кор бо ин филм ба поён расидааст?

Фарҳод Абдуллоев: Ин филм дар бораи бозгашти охирин оилаест, ки аз Афғонистон ба Ватан бармегардад. Дар оғоз корҳо хуб буд. Дар Маскаву Порис ҳам ин филм ба коргардонони ширкатҳои мухталиф писанд омад. Пешниҳод карданд, ки дар дастгоҳҳои муосири рақамӣ нусхабардорӣ шавад. Ман бо ин пешниҳод ба “Тоҷикфилм” рафтам, чунки онҳо дар наворбардорӣ саҳм доштанд ва бо таҷҳизоти онҳо мо филмро ба навор гирифтаем ва монтаж кардаем. Вале раҳбарияти “Тоҷикфилм” пешниҳодро қабул накард, баръакс ба ҳукумат муроҷиат кард, ки ба намоиши филм иҷоза надиҳанд. Як нусха дар “Тоҷикфилм монд, нусхаи дуввум дар дасти ман ҳаст. Замоне фаро мерасад ва таърих ҷои худро мегирад. Таърихро фиреб дода намешавад. Шояд касе пайдо шавад ва бигӯяд, ки ҳодисаҳо ин тавр набуд, балки ба таври дигар буд”.

Радиои Озодӣ: Шумо ба фаъолияти “Тоҷикфилм” чӣ гуна баҳо медиҳед?

Фарҳод Абдуллоев: Аз қирғизҳо ёд гирифтан даркор. Онҳо як қонун доранд дар бораи кино ва тибқи ин қонун як ҳисаи даромади будҷет барои таҳияи филмҳо дода мешавад. Барои ҳамин онҳо дар як сол 4-5 филм ба навор мегиранд. Ҳамин хел қонун барои Тоҷикистон ҳам даркор. Барои он, ки набояд тоҷикон дар чашми ҷаҳониён танҳо муҳоҷири бадбахт бошанд. Бояд эътибори тоҷиконро боло бурд. Ман медонам, ки баъзе кӯшишҳо буд. Корхонаи алюминиюм як бор кӯмаки молӣ кард. Вале ин гуна кӯмак як бор шудааст. Қонуне бояд бошад ва тибқи он аз даромади будҷа ба синамо низ дарсадии муайян ворид шавад. Бояд филмҳо таҳия ва ҷаззобияти Тоҷикистонро ба ҷаҳониён пешкаш кунанд. Нагӯянд, ки тоҷикон ин ҳамон кӯчарӯбоне ҳастанд, ки дар хиёбонҳои Маскав ба чашм мехӯранд. Донанд, ки ин миллати дорои адабу фарҳанг, маънавиёти баланд ва таърихи бузург аст.

Радиои Озодӣ: Шумо ба Тоҷикистон бармегардед, агар ягон барномаи корӣ пеш ояд?

Фарҳод Абдуллоев: Умед дорам. Бармегардам, кор мекунам.

Радои Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки ҳоло фурсате фаро расидааст, ки дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ бояд филмҳо таҳия шаванд? Барномае надоред?

Фарҳод Абдуллоев: Дар бораи муҳоҷирони тоҷик русҳо, гурҷиҳо ва фаронсавиҳо якчанд филм гирифтаанд. Дар филми “Презумпция согласия”-и ман ҳам лаҳзаҳо дар бораи муҳоҷирони тоҷик ҳаст. Ҳамаи саҳнаҳо ба онҳо ва ба муҳити атрофи онҳо иртибот дорад.

Радои Озодӣ: Вале дар бораи муҳоҷирони тоҷик ягон тарҳи алоҳидаи махсус надоред?

Фарҳод Абдуллоев: Дорам..., дорам, вале гуфтан намешавад, ки сарнавишти ин тарҳ чӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG