Мунтахаби Тайланд дар даври ниманиҳоӣ бар тими Эрон бо ҳисоби 5-4 пирӯз шуд. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 3-3 поён ёфт. Дар замони изофӣ тайландиҳо ду гол ва эрониҳо як гол ба самар расонданд.
Мунтахаби Ҷопон бошад, дар бозии ниманиҳоӣ ба дарвозаи тими Австралия се голи беҷавоб зад.
Пеш аз даври ниманиҳоӣ бозиҳои чаҳорякниҳоӣ бо чунин натиҷаҳо ба охир расида буданд: Тайланд – Лубнон – 5-3, Эрон – Узбакистон – 6-3, Ҷопон – Қирғизистон – 1-0, Кувайт – Австралия – 2-3 (2-2, 0-1).
Бозӣ барои ҷойи севум миёни тимҳои Эрону Австралия ва бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои Тайланду Ҷопон рӯзи 1-уми июн баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “В” бо 3 имтиёз мақоми севумро касб кард ва аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашт.
Мунтахаби Тоҷикистон (сармураббӣ Дамир Камолиддинов) баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар тими Тайван бо ҳисоби 6:4, дар даври дувум аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 1:6 ва дар даври севум аз дастаи Лубнон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.