Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Вахш” - “Истиқлол” мавқуф гузошта шуд


Се бозии даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз 2-юми июн ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “бозиҳои даври 9-уми мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - «Истиқлол»-и Душанбе, «Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров - “Энергетик”-и Душанбе ва ССКА “Помир”-и Душанбе - “Хайр”-и Ваҳдат мавқуф гузошта шуданд. Ин тасмим бинобар иштироки футболбозони ҷавони ин дастаҳо дар ҷамъомади таълимиву тамринии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар ҷаласаи бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд. Бар асоси муқаррароти ФФТ дар мавриди се ва аз он бештар ба ҳайатҳои мунтахаби кишвар даъват шудани футболбозон бозиҳои дастаҳо ба мӯҳлати дертар гузаронида мешавад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонон, аз ҷумла, 7 бозигар аз “Вахш”, 6 нафар аз ССКА “Помир”, 5 нафар аз “Истиқлол”, сенафарӣ аз “Парвоз” ва “Энергетик” даъват шудаанд. Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, ки рӯзи 29-уми май дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шурӯъ шуд, то рӯзи 5-уми июн идома хоҳад кард. Футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё омодагӣ мебинанд.”

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 23-юми июн то 3-юми июл дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор хоҳанд шуд.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниҳоӣ, ки аз 11-ум то 26-уми январи соли 2014-ум доир мешавад, роҳхат мегирад. Мусобиқаи қаҳрамонии футболбозони то 22-соларо Конфедератсияи футболи Осиё барои бори аввал баргузор мекунад ва бар асоси нақша он дар ҳар ду сол як маротиба барпо мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии соли 2014-ум озмоишист ва мусобиқае, ки соли 2016-ум барпо мешавад, мақоми сабқати интихобии Олимпиада-2016 дар Бразилияро касб хоҳад кард.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи “С”

Даври 1-ум
23-юми июн (шанбе)

Тоҷикистон – Баҳрайн
Қатар – Молдив

Даври 2-юм
25-уми июн (душанбе)

Баҳрайн – Кувайт
Эрон – Қатар
Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм
28-уми июн (панҷшанбе)

Кувайт – Тоҷикистон
Молдив – Эрон
Баҳрайн – Қатар

Даври 4-ум
30-юми июн (шанбе)

Қатар – Кувайт
Молдив – Баҳрайн
Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
3-юми июл (сешанбе)

Кувайт – Молдив
Тоҷикистон – Қатар
Баҳрайн – Эрон

Минтақаи ғарбӣ

Гурӯҳи А: АМА, Ироқ, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Лубнон.
Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ, Сурия, Покистон, Фаластин, Қирғизистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи С: Баҳрайн, Эрон, Тоҷикистон, Қатар, Кувайт, Молдив.
Гурӯҳи D: Узбакистон, Урдун, Яман, Бангладеш, Непал.

Минтақаи шарқӣ
Гурӯҳи Е: Австралия, Ҷопон, Индонезия, Сингапур, Макао, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи F: Кореяи Шимолӣ, Чин, Тайланд, Ҳонконг, Лаос, Камбоҷа.
Гурӯҳи G: Кореяи Ҷанубӣ, Вйетнам, Малайзия, Мянмар, Тайван, Филиппин.
XS
SM
MD
LG