Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоркӯҳ: Майдони муборизаи аҳзоб барои "қалбҳо"


Дар арафаи Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад, аҳзоби сиёсии кишвар бо ташкили ҳаргуна барномаву маҳфилҳо ба мушкилоти ҷавонон таваҷҷӯҳ менамоянд.

Дар баробари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ахиран раҳбари он бо ҷавонони фаъоли кишвар вохӯрд ва ба онҳо ифтихорнаву ҷоизаҳо тақдим кард, шохаи ҷавонони Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон мавсум ба «Созандагони Ватан» ҳам бо як барномаи бузурги консертиву идона ба табрики ҷавонони минтақаи шимоли кишвар рафт. Аммо макони баргузории ин чорабинӣ на маркази Суғд шаҳри Хуҷанд, балки рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара интихоб шуд.

Ин минтақаи наздимарзии кишвар яке аз мавзеъҳои мазҳабӣ ва ҳассос маҳсуб шуд ва гуфта мешавад хатари гароишу пайвасташавии ҷавонони он ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бештар аст. Бинобар ин мушоҳида мешавад, ки солҳои ахир таваҷҷӯҳи аксар созмонҳои ҷамъияту байналмилаллӣ ба ин мавзеъ равона шудааст ва барои ҷилавгирӣ аз ин хатарҳо миёни ҷавонон дар Чоркӯҳ чорабиниву маҳфилҳои мухталиф роҳандозӣ мешавад.

Масъулини созмони «Созандагони ватан» мегӯянд, ҷавонони Чоркӯҳ аз ин барномаи фарҳангӣ хуш истиқбол карданд, аммо пас аз ин чорабинӣ дар Фейсбук нафаре бо номи «Чоркӯҳӣ» бо нашри як матлаб аз ин ибтикори «Созандагони ватан» интиқод карда гуфтааст, ки ин иқдом бидуни хоҳиши аҳолии Чоркӯҳ сурат гирифтааст ва ташаббускорони он бори дигар исбот намуданд, ки «ақидаҳои мардуми ин ҷамоатро ба ду пули пучак намегиранд».

Дар робита ба ин чорабинӣ ва ҳадафи баргузории он дар Чоркӯҳи Исфара, сӯҳбате доштем бо Адҳам Мирсаидов, раҳбари шохаи ҷавонони Ҳизби Халқи демократии Тоҷикистон - «Созандагони ватан».

Радиои Озодӣ: Чорабинӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Чоркӯҳи Суғд баргузор шуд, аз кадом барномаҳо иборат буд ва чигуна баргузор шуд?

Адҳам Мирсаидов: “Албатта дар асоси нақшаҳои чорабинии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - «Созандагони ватан» бахшида ба рӯзҳои ҷавонон, як барномаи калон дар минтақаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара баргузор шуд. Баъди ташкили як шанбегӣ бо ширкати ҷавонони ин ҷамоат, бо ҷалби ситораҳои эстрадаи вилояти Суғд як барномаи фарҳангӣ дар сатҳи вилоят баргузор намудем, ки дар он зиёда аз 4 ҳазор ҷавонони Чоркӯҳ ва ҷамоатҳои атрофи он аз ҷумла Ворух, Сурх, Лакон ширкат намуданд. Ин чорабинӣ дар сатҳи баланд доир шуд. Ҷавонон дар як рӯҳияи хушу хурсандӣ ва бо муттаҳидиву ҳамдигарфаҳмии ҷавонон баргузор шуд"

Радиои Озодӣ: Аммо чаро ин чорабинии вилоятӣ на дар шаҳри Хуҷанд, балки дар Чоркӯҳ баргузор шуд? Ҷавонони ин минтақа онро чӣ гуна қабул карданд?

Адҳам Мирсаидов: “Дар баъзе ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар Тоҷикистон рух доданд, баъзе аз раванди шомилшавии ҷавонони ин минтақа ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, аз ҷумла Ҳаракати Исломии Узбакистон, Ҳизбуттаҳрир мегуфтанд. Мо хостем, ки ба ҷомеаи кишвар собит намоем, ки на ҳама ҷавононе, ки дар ин гӯшаи кишвар зиндагӣ мекунанд, ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомиланд. Мо дар ин маврид иштибоҳ ҳам накардем, чун вақте мо чорабиниро баргузор намудем, шоҳиди он шудем, ки ҷавонони Чоркӯҳ ва дигар ҷамоатҳои ин мавзеъ ҷавонон дар асл созандаву пайгирӣ сиёсати имрӯзаи давлат ҳастанд.»

Радиои Озодӣ: Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук агар шумо ҳам дида бошед, бархе аз сокинони ин минтақа аз ин барномаи шумо интиқод кардаву гуфтаанд, бе хоҳиши онҳо баргузор шудааст. Шумо чӣ мегӯед?

Адҳам Мирсаидов: “Бале мо огоҳем аз ин хабарҳо, ки гӯё баъзе ҷавонон ин маҳфили моро гӯё дастгирӣ накарда бошанд. Албатта тавре дар урфият мегӯянд, гул бе хор намешавад. Ҳастанд имрӯз ҳам ҷавононе, ки худро ошкор намекунанд ва аҳдофи худро ба таври пинҳонӣ мехоҳанд дар зеҳни дигарон ҷой кунанд. Аммо ин гап асоси воқеӣ надорад. Чун дар шанбегие, ки ташкил шуд, бо хоҳиши худ зиёда аз 500 нафар сокинони Чоркӯҳ ин пешниҳоди моро дастгирӣ карда дар он иширкат намуданд.”

Радиои Озодӣ: Оё дар ҷамоати Чоркӯҳ аз ҳисоби ҷавонон аъзо доред ва теъдоди онҳо чанд аст?

Адҳам Мирсаидов: “Дар ин ҷамоат ташкилоти ҳизбии мо фаъолият мекунад ва тибқи оиннома дар он ҷо зиёда аз 300 нафар аъзои ҳизбанд, беш аз 45 дарсадашро ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳанд.»
XS
SM
MD
LG