Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуна - барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ


Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Чин ҷараён дорад, дар даври ниманиҳоӣ аз рақибаш Кэти Тейлори ирландӣ мағлуб гардид.

Рақиби Мавзунаи 19-сола дар даври ниманиҳоӣ дар вазни то 60 килограмм, ки рӯзи 18-уми май барпо гардид, Кэти Тейлори 26-сола, қаҳрамони феълӣ ва бисёркаратаи ҷаҳон, буд. Дар ин қувваозмоии пуршиддат муштзани пуртаҷрибаи ирландӣ бар Мавзуна Чориева аз рӯи холҳо бо ҳисоби 16:6 (5:1, 3:1, 3:2, 5:2) пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, Мавзуна Чориева, ки мақоми севумро касб кард, бо медали биринҷӣ мукофотонида хоҳад шуд.

Кэти Тейлор дар қувваозмоии ниҳоӣ, ки рӯзи 19-уми май баргузор мешавад, бо Софя Очигава (Русия) барои унвони қаҳрамони ҷаҳон талош хоҳад кард. Очигава дар даври ниманиҳоӣ бар Наташа Ҷонас (Инглистон) бо ҳисоби 18:10 (4:1, 4:2, 4:1, 6:6) ғолиб омад. Ҷонас барои ҷойи севум ба мисли Мавзуна бо медали биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Мавзуна Чориева баъди се пирӯзӣ дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 гардид. Вай дар нахустин даври мусобиқа бар муштзани Беларус Алла Яршевич дар раунди чорум бинобар бартарии комил ғалаба кард.

Дар даври баъдӣ Каролина Грасюки лаҳистонӣ, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2010-умро бо ҳисоби 20:10 шикаст дод.
Мавзуна дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Антонина Шевченко (Қирғизистон) бо ҳисоби 10:2 дастболо шуд. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ бар Эстелле Моссели (Фаронса) бо ҳисоби 20:12 ғолиб шуд ва ба нимфинал баромад.

Ёдовар мешавем, ки дар нахустин даври мусобиқа ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Матлуба Каримова дар вазни то 48 кило аз Лидия Ион (Руминия) бо ҳисоби 8:15 ва Светлана Веглина дар вазни то 51 кило аз Кейр Смитт (Ирландия) бо бартарии комили рақибаш дар раунди севум шикаст хӯрда буданд.
XS
SM
MD
LG