Ӯ тӯли ду соли ахир дар мусобиқоти мухталиф ҳамагӣ 164 имтиёзи олимпӣ ба даст овардааст ва дар байни 32 дзюдочӣ дар рейтинги ҷаҳонӣ дар вазни худ дар мақоми 26-ум қарор гирифтааст.
Парвиз Собиров ахиран дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштии дзюдо дар шаҳри Тошканд дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило бо медали нуқра сарфароз шудааст. Ӯ баъд аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш – Қувват Нуриев (Туркманистон) ва Темур Болат (Қазоқистон) ба нимфинал баромад.
Парвиз дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Муҳаммад Ҷамолии эрониро шикаст дод, вале дар даври ниҳоӣ аз Дилшод Чориеви узбакистонӣ мағлуб гашт ва бо медали нуқра сарфароз шуд.
Парвиз Собиров 12-уми ноябри соли 1980-ум дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад.
Парвиз Собиров меҳмони маҷаллаи “Ҷаҳони варзиш”-и Радиои Озодӣ буд: