Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавилдара. Осебдидагони зилзила дар интизори кӯмак


Пайомади заминларзаи моҳи январи соли 2010 дар ноҳияи Ванҷ. Акс аз бойгонӣ.
Пайомади заминларзаи моҳи январи соли 2010 дар ноҳияи Ванҷ. Акс аз бойгонӣ.

Осебдидагони заминҷунбӣ дар Тавилдара мегӯянд, офати табиӣ бесарусомониеро дар минтақа ба вуҷуд овардааст.

Пас аз се рӯзи заминларза дар Тавилдара, ки гуфта мешавад наздик ба 2000 нафарро бесарпаноҳ кардааст, сешанбеи 15-уми май ҳукумати кишвар ёрӣ ба осебдидагонро оғоз намуд. Азиз Қодиров, намояндаи ҳукумати ноҳияи Тавилдара, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамин рӯз аз ҳукумати марказӣ кӯмакҳои аввалия расид, ки дар ҳоли ҳозир тақсими он идома дорад. «Дар деҳоти Руботноли ғарибон ва Руботноли калон қарор дорем ва ба мардуми осебдида якхалтаӣ орд, чанд миқдор шакару равған додем, дар ҳамин рӯз бояд ба панҷ деҳа ёриҳоро расонем»,-афзуд ӯ.

Аммо тавре сокинони дуртар аз маркази ноҳия нақл мекунанд, ҳанӯз ҳеҷ гуна имдодеро дастрас накардаанд ва бо захирае, ки то лаҳзаи заминларза доштанд, рӯзи худро сипарӣ мекунанд. Соҳибназар Алиев, як сокини деҳаи Зуғара, ки дар чаҳоркилометрии маркази ноҳия воқеъ аст, мегӯяд, то кунун ҳеҷ намояндае аз ҳукумати ноҳия ба суроғи онҳо наомадааст.

Вай мегӯяд, ҳамроҳи модари солхӯрдаву кӯдаки гаҳворааш шабҳоро зери осмони кушод рӯз мекунад ва мунтазири мадад мебошад: «Дар зилзила ҳамааш фурӯ рехтанд. Ҳоло рӯ ба раҳми Худо зиндагӣ дорем. Агар ҳукумат ба мо ёрӣ накунад, мо имкони барқарор кардани хонаҳоямонро надорем, кӯдаки навзод дорем, дар берун хоб меравем. Бовар кунед, дар ин ҷо ҳама дар берун шабро рӯз мекунанд.»

Мардуми осебдида барои он дар берун зиндагӣ мекунанд, ки манзили сиҳат надоранд ва сабаби дигар ин аст, ки аз эҳтимоли такрори заминларза метарсанд. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо, сокини деҳаи Чилдара, Илҳом Рӯзиев мегӯяд, субҳи имрӯз (15-уми май) тақрибан дар соати чор боз дар ҳамин деҳа заминларза рух дода, дар натиҷа ду манзили дигар вайрон шудааст.

Як хонум аз деҳаи дигари Тавилдара мегӯяд, манзилаш ба хок яксон шуда ва ӯро дар як мактабе, ки ҳамагӣ ду синфхона дорад ҷой кардаанд. Дар синфи дигараш боз як оилаи дигари серфарзанд рӯз мегузаронад. Ӯ мегӯяд, «вазъияти мо ин қадар хуб нест. Хонаҳоямон чаппа шуданд. Ҳоло дар як мактаби деҳа ҷо кардаанд. Дигар ҷо нест. Ин мактаб ҳамагӣ ду синфхона дорад. Оғиламон ҳам чаппа шуда, гову моламон гурехтанд, гуманд.»

Ҳоло як комиссияи давлатӣ дар Тавилдара ва Рашт ба мушаххас кардани миқёси зарари ворида машғул аст. Аммо то кунун рақами дақиқе дар мавриди паҳнои осеб эълон нашудааст. Мақомоти давлат дар рӯзи аввали баъд аз зилзила низ иттилои фарогир надода буданд.
XS
SM
MD
LG