Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, маркази заминларза дар152 километрии шимолу шарқи Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт будааст.
Шиддати зилзила дар маркази он 5-6 дараҷа, дар шаҳри Душанбе 4 дараҷа ва дар ноҳияи Рашт 6 дараҷаро ташкил додааст. Аммо созмони геологии Амрико маркази ин офатро тақрибан 100-километрии шимолушарқи Кӯлоб ва шиддаташро 5,7 балл ҳисоб кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ин зилзила Шоев Қудрат, соли таваллудаш 1953, сокини деҳаи Пандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори таҳоратхона монда, ҳалок шудааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бар асари ин зилзила ҳамчунин даҳҳо манзил дар деҳоти шарқи кишвар тахриб шуда ва мардум бе сарпаноҳ мондаанд. Заминларза инчунин роҳи мунтаҳӣ ба шарқи кишварро низ хароб карда ва ин роҳ дар ҳоли ҳозир ниёз ба поксозӣ ва таъмир дорад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамакнун комиссияи ҳолатҳои фавқулодда барои бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ ба кор оғоз кардааст.
Тибқи гуфтаи мутахассисон, Тоҷикистон як минтақаи зилзилахез маҳсуб шуда, ҳамасола ҳазорҳо ларзиши замин дар ин кишвар ба қайд гирифта мешавад.