Дар ҳамоиши навбатии Шӯрои ҳамкории кишварҳои Халиҷи Форс намояндаи Арабистони Саудӣ бори дигар ба Эрон ҳушдор дод, ки, дар ин минтақа, ба истилоҳ, “обро лой накунад”. Шоҳзодаи валиаҳди Саудия, Нойиф, бо пуштибонӣ аз даъвои марзии Имороти Муттаҳидаи Араб, ончиро, ки ӯ “ишғолгарии ҷазира аз тарафи Эрон” номид, маҳкум кард ва ишора намуд, ки Теҳрон ҳамчунин ба доман задани ошӯб дар Баҳрайн идома медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Эрон ҷазираҳоро сарзамини худ мешуморад ва бо вуҷуди ҳимояти маънавӣ аз тазоҳуроти шиъаҳои Баҳрайн даст доштан дар ин этирозҳоро рад мекунад.
Шоҳзода Нойиф дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкории кишварҳои Халиҷ гуфт: "Мо таъкид мекунем, ки Арабистони Саудӣ ва аъзои дигари шӯро бо ягонагӣ ва устувории тамом дар канори Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб меистанд, то аз истиқлолият ва суботи онҳо ҳамчун бахше аз амнияти ҳамаи шӯро пуштибонӣ кунанд.”
Саудия соли гузашта якҷо бо Имороти Муттаҳидаи Араб ба Баҳрайн нерӯ фиристод, то шӯришеро, ки ҳокимони суннии кишварҳои Халиҷи Форс онро “кори дасти Эрони шиъа” мешуморанд, фурӯ нишонад. Даргирии нерӯҳои амниятии Баҳрайн ва норозиён ахиран сабқати ҷаҳонии “Формулаи Як”-ро зери соя гузошт.
Ташаннуҷ миёни кишварҳои араби халиҷ ва Эрон ҳамчунин моҳи гузашта зимни боздиди раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷазираи Абумӯсо, яке аз се ҷазира, ки мавриди даъвои марзии Имороти Муттаҳидаи Арабанд, боло рафт. Шоҳзода Найиф дар нишасти охири шӯрои кишварҳои араби халиҷ гуфт: "Ҳар дарде, ки ба ҳар кадом аз кишварҳои мо мерасад, ҳамаи моро нороҳат мекунад. Аз ин лиҳоз, ман мавзеъи доимии Арабистони Саудиро тасдиқ мекунам, ки бархӯрди ҳамсоя ба Имороти Муттаҳидаи Араб, ки пойфишорона ҳаққи қонунии онро ба се ҷазираи ишғолкардаи Эрон рад мекунад, ғайри қобили қабул аст ва мо онро маҳкум мекунем.”
Вазири корҳои хориҷии Саудия, ал-Файсал дар нутқе охири ҳафтаи гузашта гуфт, кишварҳои араби халиҷ иттиҳоди сиёсии худро қувват медиҳанд, ки ягонагии сиёсатҳои хориҷию дохилии онҳоро талаб мекунанд.
Пас аз сафари Аҳмадинажод ба ҷазираи Абумӯсо дар рӯзи 11-уми апрели соли равон, Теҳрон изҳор дошт, ки масъалаи мансубияти се ҷазира дар Халиҷи Форс ғайри қобили гуфтшунид аст, вале ба Имороти Муттаҳидаи Араб пешниҳод кард, ба хотири аз байн бурдани “нофаҳмиҳо” сари мизи музокира нишинад.
Вазири умури хориҷии Эрон, Алиакбари Солеҳӣ, бино бар нақли хабаргузории донишҷӯии ISNA, гуфтааст, кишвараш “мехоҳад бо Имороти Муттаҳидаи Араб беҳтарин муносибати мумкинро дошта бошад”, зеро ба робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо ин давлат арҷ мегузорад.