Ба гузориши хабаргузории Фаронса, панҷ қудрати ҷаҳон иборат аз ИМА, Бритониё, Русия, Фаронса ва Чин рӯзи панҷшанбеи 3-юми май дар ҳошияи нишасте дар бораи бораи манъи густариши силоҳҳои атомӣ дар Вена, бо интишори як баёнияи муштарак хостори ҳамкории Теҳрон ва Оҷонс барои ҳалли масоили барномаи атомии Эрон шуданд.
Панҷ узви доимии Шӯрои Амният дар баёнияи худ таъкид карданд, ки ин кишварҳо ҳамчунон аз ин, ки Эрон дар амал кардан ба нуқоти қатъномаҳои Шӯрои амният ва Оҷонс "аз худ кӯтоҳӣ нишон медиҳад", нигарон ҳастанд.
Ин кишварҳо таъкид карданд, тавофуқи Эрон ва Оҷонс барои даст ёфтан барои ҳалли масоил, аз «зарурот» бархӯрдор аст, ба хусус барои ҳалли мавзӯъҳое, ки ба паҳлӯҳои низомии барномаи атомии Эрон вобаста аст.
Ин баёния танҳо чанд рӯзи пеш аз он содир шудааст, ки Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ таъйид кард, ки дар ҳамин моҳ гуфтугӯҳои худ бо Эронро аз сар хоҳад гирифт.
Пас аз музокироти Эрон ва Оҷонс, тибқи барнома қарор аст даври дуввуми гуфтугӯи Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар Бағдод баргузор шавад.
Даври нахусти ин гуфтугӯҳо пас аз моҳҳо бунбаст дар моҳи апрел дар Истанбул баргузор шуд ва ду тараф онро созанда тавсиф карданд.