"Васвасаи ҷамъоварии оҳанпора" ва ба соҳибкорони чинӣ фурӯхтани он аксари талабаҳои пойтахтро фаро гирифта, як роҳи тозаи пулкоркунӣ шудааст.
Носири Хусрав, сокини ҳабдаҳсолаи Душанбе, мегӯяд, ӯ мисли талабаҳои даврони Шӯравӣ оҳанпораро барои пешсаф шудани дружинаи мактабашон дар маъракаи ҷамъоварии оҳанпора гирд намеорад. Балки Носир чанд моҳ аст, моҳонаи мактаб ва дигар эҳтиёҷоти худро аз пули оҳанпораҳои фурӯхтааш пардохт менамояд.
Ӯ гуфт, "хонаамонро таъмир кардем. Оҳану труба (лӯла)-ҳои нолозимро ба дӯкони хариди оҳанпора оварда мефурӯшем. Аз пули ин оҳанпораҳо моҳонаи мактабро медиҳем ва ҳар камбудие, ки дорем бароварда месозем. Ин пул ба падару модарамон низ як кӯмак мешавад."
Ин шабу рӯз даҳҳо ҳамсоли Носир ва бузургтарҳо низ ба “васвасаи оҳанпора” гирифтор шуда, бахши умдаи вақти худро дар ҷамъварии оҳан ва муомилот бо дӯконҳои хариди фулузот сарф мекунанд. Албатта, пуле, ки аз фурӯши фулузоти нолозим ба даст меояд, чандон чашмгир нест. Дӯконҳо барои ҳар кило оҳан 90 дирам медиҳанд ва агар як нафар 10 кило оҳанпора супорад, 9 сомонӣ мегирад. Аммо бачаҳо мегӯянд, “ин беҳтар аз онест, ки дар ҷайбат чизе надошта бошӣ.”
Ҷалб шудани бачаҳо дар ҷамъоварии фулузот ё оҳанпора аз суннатҳои замони Шӯравист, ки тайи 20 соли ахир фаромӯш шуда буд. Аммо ахиран дар Душанбе корхонаҳое барои коркарди оҳанҳо ба кор даромадаанд ва мавзӯи ҷамъоварии оҳанпора дубора вирди забонҳо шуд
Гуфта мешавад, аксари ин корхонаҳо соҳибкорони чинӣ таъсис додаанд. Корхонаҳои ҷадид маъмулан фулузоти фарсударо коркард мекунанд, аз он маҳсулоти сохтмонӣ месозанд ва дар бозорҳои Душанбе бо қиматҳои чандин баробар бештар ба фурӯш мебароранд.
Сафар Саидов, як масъули дӯкони хариди фулузот дар ноҳияи Синои Душанбе мегӯяд, ҳар рӯз аз мардум, махсусан кӯдакону наврасон аз 500 кило то як тонна оҳанпора харидорӣ мекунанд. Ин масъули дӯкони хариди фулузот мехоҳад, дастгоҳҳои коркарди дубораи оҳанпораро харидорӣ ва корхонаи хусусии худро ифтитоҳ намояд. Ӯ мегӯяд, ҳайф аст, ки чиниҳо ба ин чобукӣ тиҷорати хуберо ба роҳ монанд, вале соҳибкорони тоҷик дар дӯконҳои онҳо фурӯшандагӣ кунанд.
Ҳарчанд ин намуди бизнес чандин нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунад ва ба ҷайби бачаҳо чанд танга ворид месозад, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мардум мегӯянд, аз рӯзе, ки хариди оҳанпора дар Душанбе авҷ гирифтааст, дуздии оҳану таҷҳизоти мухталифи металлӣ низ ба маротиб афзудааст. Шаҳноза Қурбонова, сокини ноҳияи Фирдавсии Душанбе мегӯяд, "дар ҳамин маҳаллаи мо як оҳанхар пайдо шудааст, кудакон ҳам оҳанпораҳои заруру нозарурро бурда месупоранд. Агар ягон тадбир наандешанд, ягон намуд асбоби оҳанин намемонад."
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ахиран аз боздошти ду наврас хабар дод, ки ба дуздии сарпӯшҳои оҳании чоҳи лӯлаҳои обгузар муттаҳам шудаанд.