Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи сешанбе 1-уми май иттилоъ дод, ки кормандони ин вазорат дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки шабона сарпӯшҳои оҳанини хатҳои обро дуздида ба нуқтаҳои оҳанфурӯшӣ мебурдаанд.
Ин гурӯҳ шабҳангом вақте шаҳр холӣ мешавад, ба кӯчаҳо баромада сарпӯши лӯлаҳои обе, ки дар миёнаи роҳҳои мошингард гузошта шудаанд, ғорат мекунанд.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти вазорати умури дохила, пас аз шикояти пайвастаи Идораи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», дар як амалиёт ду нафар аз аъзои ин гурӯҳ -- сокинони шаҳр Ҷумъахон Идиев ва Сангиаҳмад Гадоев боздошт гардиданд. То кунун онҳо сарпӯшҳои оҳанинро ба маблағи 694 сомонӣ дар қабулгоҳи оҳанпора фурӯхтаанд.
Идораи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» мегӯяд, ки чунин вазъият танҳо хоси ноҳияи Фирдавсии пойтахт набуда, вақтҳои ахир дуздидани сарпӯши оҳанини болои хатҳои об бештар шуда, тақрибан дар ҳар гӯшаи пойтахт мушоҳида мешавад.
Тибқи итттилои Вазорати умури дохила, хусусан дар роҳҳои мошингузар набудани сарпӯшҳои болои лӯлаҳои об барои ҳаракати нақлиёт бисёр хатарзо мебошад.