Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, дар гузориши солонааш “Тавозуни низомӣ-2012” будҷаи низомии Узбакистону Қазоқистонро беш аз 1,4 миллиард доллар баровард мекунад, ки назар ба будҷаи низомии Тоҷикистон 20 маротиба ва аз Қирғизистон 45 маротиба бештар будааст.
“Тавозуни низомӣ-2012”. Ҳақиқат ва бофтаҳо
Шумори нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бо шумули артишу нерӯҳои ҳавоӣ, Горди миллӣ, нерӯҳои дохилӣ ва воҳидҳои шибҳанизомии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, ҳамин тавр, беш аз 16 000 нафар ҳисоб шудааст, ки камтар аз артишҳои 4 кишвари дигари Осиёи Марказист. Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегӣ дар гузоришаш шумори нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистонро 3 мартаба бештар, яъне 50 000 ва аз Қазоқистонро зери 65 000 нафар баршумурдааст.
Туркманистону Қирғизистон низ ҳар кадом чизе бештар аз 20 000 аскару афсар доштаанд, ки низ аз Тоҷикистон зиёдтар мебошад.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон арқоми омада дар ин гузоришро бепоя номид, вале аз овардани шумораҳои дақиқтаре дар ин бора низ худдорӣ кард: “Аввалан, ин ягон ҳақиқат надорад. Дувум ин ки аслиҳаи ҷангӣ, ҳайати шахсӣ ва теъдоди он нафароне, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд, ҳатто дар Қонуни ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ омадааст, ки ин ҳама махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Онҳо ҳамин хел ҳавоӣ навиштаанд ин ҳамаро.”
Аммо дар доираҳои коршиносии дунё гузоришҳои солонаи “Тавозуни низомӣ”-ро, ки Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ омода мекунад ва имсол 171 кишварро фаро гирифтааст, як манбаи мӯътамад роҷеъ ба зарфиятҳои низомии кишварҳои ҷаҳон эътироф мекунанд.
Артише бо ҳамагӣ 37 тонк ва 1 ҳавопаймо
Бино бар ин гузориш, артиши Қазоқистон 2210 зиреҳпӯшу 980 тонк, 1500 тӯпхона ва 278 чархболу ҷанганда дорад. Туркманистон 1941 зиреҳпӯшу 680 тонк ва беш аз 500 тӯпхонаву 112 чархболу ҳавопаймо дошта, нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо 355 зиреҳпӯшу 150 тонк, 246 тӯпхона ва 43 чархболу ҳавопаймо мусаллаҳ будаанд. Ҳамсояи асосии мо дар минтақа Узбакистон, ҳамин тавр, беш аз 700 зиреҳпӯш, 340 тонк, 135 ҳавопаймои ҷангӣ ва қариб 500 тӯпхона доштааст.
Аммо Тоҷикистон, танҳо кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар пайи суқути Шӯравӣ аз мероси низомии он даст кашид, бо ҳамагӣ 46 зиреҳпӯшу 37 тонк, 23 тӯпхона ва танҳо 3 чархболу 1 ҳавопаймо соҳиби артиши аз нигоҳи таслиҳот заифтарини минтақа шумурда мешавад. Ҳамагӣ 1 ҳавопаймо дар муқобили 135 ҷангандае, ки барои мисол, Узбакистон дорад, ё 46 зиреҳпӯш дар баробари 2210 зиреҳпӯши артиши Қазоқистон ва ҳамин тавр, 37 тонкаш дар муқоиса бо 680 тонки артиши Туркманистон ё 340 тонки Узбакистон ва 23 тӯпхонааш дар муқобили 246 тӯпи Қирғизистон, ба қавли шореҳони низомӣ, қобили қиёс нест. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ, аз мероси артиши Шӯравӣ даст кашидани Душанбест, ки тавони низомиашро дар баробари кишварҳои дигари минтақа чунин заиф кард.
Аз сӯи дигар, ба ақидаи собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон генерали мустаъфӣ Абдуллоҳ Ҳабибов, таслиҳот ва хароҷоти низомии кунунии ин кишвар барои иҷрои аҳдофи низомиаш ба сурати умум кифоят мекунад: “Узбакистон давлати хеле бузургтар аст, аҳолиаш ҳам бештар асту буҷааш ҳам азимтар ва барои ҳамин, Узбакистон метавонад барои артишаш маблағи зиёдтар сарф кунад. Сиёсати низомии Тоҷикистон ҳамла ба ягон кишварро ба ҳадаф надорад, комилан дифоист ва аз ин рӯ, нерӯи низомие, ки дорад, кифоят мекунад. Ба таъбири Фирдавсӣ, “дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.”
Генерал Ҳабибов мегӯяд, як бартарии муҳими артиши Тоҷикистон таҷрибаи бойи ҷангӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ ва ҳам дар рӯёрӯиҳои пайваста бо қочоқчиёни афғон аст, ки ягон артиши дигари минтақа надорад.
Даврони “боевик”-ҳо гузашт
Мушкили дигари нерӯҳои мусаллаҳ, ки низ мероси солҳои ҷанги шаҳрвандист, дар он солҳо, ки ҳамчун даврони “боевикҳо” низ ёд мешавад, асосан ба дасти ҷангсолорони пурнуфуз, вале ғайриҳирфаӣ афтодани умури аксари қисмҳои низомӣ буд.
Аммо Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ мегӯяд, ин марҳалаи “гушнагӣ”-и кадрӣ дар артиш аллакай пушти сар шудаааст ва аз ҳисоби Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳар сол то 150 афсар омода мекунад ва ҳам онҳое, ки донишгоҳҳои низомии хориҷӣ ва умдатан Русияро хатм кардаанд, дар сатҳҳои фармондеҳии қисмҳои низомӣ феълан кадрҳои таҳсилдида ва ҳирфаӣ адои хидмат мекунанд: “То соли 1997, азбаски артиши миллӣ дар заминаи Фронти халқӣ таъсис ёфта буд, воқеан ҳайати фармондеҳии баъзе қисмҳои низомӣ аз ҳисоби онҳое буд, ки дар захираи артиши Шӯравӣ буданд ва то замони таъсиси артиш ё Фронти Халқӣ дар соҳаҳои дигар кор мекарданд. Вале аз соли 1997 инҷониб такмили артиши миллӣ бо афсарони касбӣ ба роҳ монда шуд ва артиш имрӯз аз ҷиҳати афсарони касбӣ мушкиле надорад.”
Ба ақидаи шореҳи низомии рус Александр Голтс, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши низомӣ мушкилоти зиёд доранд: “Мушкили аввал, албатта, вазъи таслиҳот аст. Ин кишварҳо ин ҳама техникаи низомиро 20 сол пеш аз артиши Шӯравӣ мерос гирифтанд. Ин техника дар ин муддат ягон бор ба таври ҷиддӣ тармиму бозсозӣ нашуда, хеле фарсудаву кӯҳна шудааст. Мушкили дигар рӯҳияи сарбозон аст. Дар артишҳои Осиёи Марказӣ асосан фарзандони хонаводаҳои фақир хидмат мекунанд, ки муҳаббат ва алоқаи чандоне ба хидмат барои ин режимҳо надоранд. Хеле умедворам, ки мо омодагии ин артишҳоро дар амал имтиҳон накунем. Бавижа баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014.”
Аммо ба бовари Фаридун Маҳмадалиев, нерӯҳои мусаллаҳи кишвар тавони муқобила ба ҳар чолиши низомиро доранд: “Артиши миллии Тоҷикистон барои ҳамин таъсис ёфтааст, ки дар сурати таҳдиди хатарҳои эҳтимолии бурунмарзӣ истодагарӣ карда тавонад. Албатта, он теъдоди муайяне, ки имрӯз дар қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат мекунанд, қодир ҳаст, ки ҳам марзи кишварро муҳофизат кунад ва ҳам алайҳи қуввае, ки аз берун таҳдид мекунад, истодагарӣ карда тавонад.”
Заъф ва зӯри артиш дар амалиёти Рашт
Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ дар пайи амалиёти саркӯбии гурӯҳҳои мусаллаҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дар водии Рашт навишт, ки ин амалиёт заъфҳои нерӯҳои Тоҷикистонро нишон дод, чунки Душанбе барои хунсо кардани зери 30 ҷангӣ маҷбур шуд, бо фармондеҳони собиқи мухолифон дар ин минтақа иттиҳод бубандад. Аммо генерали тоҷик Абдуллоҳ Ҳабибов ба ин ақида розӣ нест:
“Дар воқеаҳои Рашт теъдоди каме аз хориҷ омада буд, аксари шӯришгарон аз ҳамон водӣ ва бозмондаҳои ҷанги шаҳрвандӣ буданд. Онҳо бо аҳолии маҳаллӣ робитаи зич доштанд ва аз ин рӯ, ошкор кардани онҳо мушкил буд. Нобуд карданашон мушкиле надошт, ошкор карданашон сахт буд. Аз тарафи дигар, артиши Тоҷикистон наметавонад минтақаҳои аҳолинишини худро нобуд кунад. Ба ҳамин далел, артиш дар водии Рашт хеле боэҳтиёт амал мекард.”
Шореҳи низомии рус Александр Голтс низ мегӯяд, ҷангҳои чирикӣ ҳатто артишҳои бузургтарини дунёро барои муддати дароз сарсону саргардон ва хаста мекунад, ки намунаҳои барҷастааш барои 10 сол дар ботлоқи ҷанг алайҳи Толибон дармондани нерӯҳои Ғарб ва ҳам ҷанги Русия дар Чеченистон аст, ки 12 сол боз идома дорад ва ҳоло баръакс ба манотиқи дигари Қафқоз густариш ёфтааст.
Баъд аз хуруҷи эътилоф
Дар пайи омодагиҳо ба хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон, сарусадоҳое низ зиёд шуд, ки шояд ин нерӯҳо дар роҳи бозгашт қисме аз таслиҳоти худро ба давлатҳои Осиёи Марказӣ бигузоранд. Голтс мегӯяд, хуруҷи эътилоф ин сӯи Омӯро дар як вазъи аз нигоҳи амниятӣ осебпазире қарор дода, зарурати тақвияти артиши кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистонро барои муқобила бо таҳдидҳои ношӣ аз он ҷониб бамаротиб бештар мекунад: “Ҳар навъ тақвияти таслиҳоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фоидаи амнияти ҳам ин кишварҳо ва ҳам боқии дунёст. Чунки баъди рафтани нерӯҳои НАТО як масъалаи асосӣ пешгирӣ аз густариши тундравии исломӣ хоҳад шуд. Аммо агар Ғарб таслиҳоташро ин ҷо бимонад, бояд як теъдод нерӯҳояшро низ барои тамрини артишҳои минтақа боқӣ гузорад. Вале мо муносибати Русия ё Узбакистон ба таъсиси ҳар навъ пойгоҳи низомӣ ва ҳар навъ ҳузури низомии Ғарб дар Осиёи Марказиро хуб медонем. Ин як масъалаи печида аст.”
Генерал Ҳабибов низ бо ишора ба чанд мавриди қаблии гирифтани лавозимоти ҷангӣ аз кишварҳои Ғарб, ки баъди муддате ба маҳзи набуди муҳимот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба оҳанпора табдил шуданд, мегӯяд, эҳдои таслиҳоти нерӯҳои эътилоф барои артиши Тоҷикистон кӯаке чандон муассир нест: “Тамоми лавозимоти ҷангии артиши мо сохти русист. Агар эътилоф дар роҳи бозгашт аз Афғонистон техникаҳояшонро барои мо бимонанд, мо онро чӣ гуна истифода барем? На қисми эҳтиётӣ бошад, на тиру муҳимот. Ин силоҳҳо дар 1-2 сол ба ғарами оҳанпора табдил хоҳанд ёфт. Амрико ё Инглистон наметавонанд махсус барои мо як миқдори хурди муҳимот фиристанд ё бифурӯшанд. Беҳтар мебуд, агар маблағе ҷудо кунанд ва Тоҷикистон имкон биёбад, ки силоҳҳои лозимашро худ бихарад.”
Гар нарасад зӯри мо...
Ёриҳои низомии Амрико ба Тоҷикистон барои соли ояндаи молӣ назар ба соли ҷорӣ ду мартаба афзуда, ба 1,5 миллион доллар хоҳад расид. Ба бовари шореҳони низомӣ, бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014, ҳаҷми кӯмакҳои Амрико ва Ғарб ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистону Узбакистон, бояд боз ҳам биафзояд ва ҳатто шояд бамаротиб.
Аммо дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо ҳамагӣ 72 миллион доллар буҷаи низомии солона, ки аз хароҷоти низомии Узбакистон ё Қазоқистон 20 маротиба камтар аст, бештар ба таҷрибаи ҷангии артишаш такя мекунаду ба ин мисраъ аз “Шоҳнома”-и бузург, ки “дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.” Ё тавре як мусоҳиби мо аз як классики дигар иқтибос кард, “гар нарасад зӯри мо, зӯри Худо мерасад...”