Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 343 бонуи муштзан аз 77 кишвар барои даҳ маҷмӯи ҷоизаҳо дар вазнҳои то 48 кг, то 51 кг, то 54 кг, то 57 кг, то 60 кг, то 64 кг, то 69 кг, то 75 кг, то 81 кг ва беш аз 81 кг талош хоҳанд кард.
Ҳашт нафарӣ беҳтаринҳо дар вазнҳои то 51, то 60 ва то 75 кг роҳхатҳои олимпӣ ба даст меоранд, вале аз рӯи квотаи минтақавӣ (Аврупо– 12, Амрико ва Осиё – 8-тоӣ, Африқо – 5, Уқёнус – 3).
Мавзуна Чориева дар вазни то 60 кг барои ба даст овардани медалҳои мусобиқаи ҷаҳонӣ ва роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 мубориза мебарад.
Дар нахустин даври мусобиқа Мавзуна бегоҳи 12-уми май бо муштзани Беларус Алла Ярсевич рақобат мекунад. Ғолиби ин ҷуфт дар даври баъдӣ бо намояндаи Лаҳистон қувваозмоӣ хоҳад кард.
Матлуба Каримова бошад, дар вазни то 48 кг барои ҷоизаҳои мусобиқа талош хоҳад кард. Нахустин қувваозмоии ӯ бо Лидия Ион (Руиминия) баргузор хоҳад шуд.
Ҷадвали мусобиқот
11-уми май – маросими кушоиши мусобиқа (соати 15.00 – бо вақти Душанбе)
12-уми май – қувваозмоиҳои пешакӣ (сабқати рӯзона соати 12.00 ва сабқати бегоҳӣ соати 16.00)
13-уми май – қувваозмоиҳои пешакӣ (12.00 ва 16.00)
14-уми май – қувваозмоиҳои пешакӣ(12.00 ва 16.00)
15-уми май – даври 1/8- ниҳоӣ (12.00 ва 16.00)
16-уми май – даври чаҳорякниҳоӣ (12.00 ва 16.00)
18-уми май – даври ниманиҳоӣ (11.00 ва 15.00)
19-уми май – даври ниҳоӣ (11.00-15.00)