Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Шумо: Қаҳрамони даврони мо кист?


Яке аз назардиҳандагон дар хиёбони марказии Душанбе.
Яке аз назардиҳандагон дар хиёбони марказии Душанбе.

Иддае муҳоҷирони тоҷикро қаҳрамони давр мешуморанд, ки иқтисоди кишвар дар ивази ранҷу азоби онҳо мечархад.

Тоҷикистон расман шаш қаҳрамони миллӣ дорад, ки онҳо -- Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳи Шотемур, Нусратулло Махсум ва Эмомалӣ Раҳмонанд. Вале баъзе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон пешниҳод доранд, ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки бо ранҷу азоб дар ғурбат иқтисоди заифи кишварро мечархонанд, унвони қаҳрамони давр дода шавад.

Ин тоифа муҳоҷиронро барои он қаҳрамони воқеии даврон медонанд, ки "дар сахттарин шароит барои хонаводаҳои худ дар кишварҳои бегона луқма меҷӯянд." Яке аз ҳамсӯҳбатони мо ҳам мегӯяд, "ҷавонони мо метавонистанд дар дохили кишвар кор карда ба зинаҳои болотаре бирасанд. Аммо аз ночорӣ ба кишвари бегона рафта, луқмаи нон меҷӯянд ва дар "подвал"-ҳо зиста пул кор мекунанд. Онҳо воқеан қаҳрамонанд, қаҳрамони ҳақиқӣ."

Бархе ҳам раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро шоистаи ин унвон медонанд, ки дар душвортарин лаҳзаҳо кишварро сарварӣ кард. "Ӯ ба ҷанги дохилӣ анҷом бахшид ва сулҳро барои мо овард. Ҳоло орому осуда зиндагӣ дорем. Ҳама чиз мерасад...",-таъкид кард яке аз назардиҳандагон.

Барои баъзе аллома Бобоҷон Ғафуров қаҳрамони даврон маҳсуб мешавад. Иддае ҳеҷ касро сазовори ин унвон намедонанд ва мӯътақиданд, ки қаҳрамони давронро бигузор наслҳои оянда интихоб кунанд. Як сокини пойтахт, ки худро таърихдон унвон кард, гуфт, "медонед, дар ҳаёти имрӯзаи худ ягон қаҳрамонеро намебинам." Нафари дигар, ки бо "таърихдон" ҳамфикр аст, мегӯяд, "мо дарвоқеъ қаҳрамоне надорем, ки ҳафт миллион аҳолиро аз мушкили иқтисодӣ раҳонад."

Бархе аз сокинон аз посух додан ба ин суол худро канор мекашиданд. Посухи як гурӯҳи дигар ҳам ин буд:

-Намедонам;
-Аз куҷо медонам. Ман як одами колхозчӣ бошам;
-Албатта, президент;
-Бобои Эмомалӣ Раҳмон...


Хонандаи азиз, дар оғоз ин навори видеоро бубинед ва сипас бинависед, ки аз нигоҳи Шумо қаҳрамони даврони мо кӣ ва киҳоянд. Чӣ касеро мо метавонем қаҳрамони давр номем?

Қаҳрамони даврони мо кист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG