Натоиҷи бозиҳо чунин аст:
ССКА «Помир» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1
Голҳо: Виктор Станенко ( 2 гол, яктоаш аз пеналти), Руслан Тиллоев (ССКА “Помир”) - Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”).
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Истаравшан» (Истаравшан) - 2:2
Голҳо: Асадулло Бобоҷонов, Хайрулло Ғайбуллоев (“Парвоз”) – Зокир Бердиқулов, Насим Расулов (“Истаравшан”).
«Равшан» (Кӯлоб) - «Ҳосилот» (Фархор) - 2:1
Голҳо: Зариф Рустамов, Ҳикматулло Расулов («Равшан»)- Ҷумъахон Азизов ("Ҳосилот").
«Энергетик» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) - 1:1
Голҳо: Шодибек Гаффоров (“Энергетик”) – Мирзобек Мирзоев (“Хайр”).
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 1:1
Голҳо: Рустам Усмонов (“Вахш”) – Сайриддин Ғаффоров (“Регар-ТадАЗ”).
Пеш аз бозии марказии даври панҷум миёни дастаҳои “Вахш” ва “Регар-ТадАЗ” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими кушоиши мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дастаҳо ва мухлисонро бо оғози мавсими нави футбол Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, муборакбод кард. Сипас капитанҳои ҳарду даста – Камол Ортиқов (“Вахш”) ва Далер Тухтасунов (“Регар-ТадАЗ”) таҳти Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатиро барафрохтанд.
Бозии пешсафони ҷадвали мусобиқот бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт. Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Рустам Усмонов, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 56-ум ҳисобро боз кард. Баъди 12 дақиқа Сайриддин Ғаффоров ҳисобро баробар намуд.
Пас аз анҷоми бозӣ ба Рустам Усмонов барои голи аввалин дар мавсими имсола дар варзишгоҳи “Пахтакор” раиси шаҳри Қӯрғонтеппа телевизор ва яке аз мухлисони дастаи “Вахш” бо номи Саидакбар пойафзоли футболбозӣ тӯҳфа карданд.
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими “Вахш”, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “мо медонистем, ки бозӣ душвор мешавад, зеро рақибамон дастаи номдор – қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон буд. Дар ҳайати “Регар-ТадАЗ” бозигарони пуртаҷрибаву моҳир зиёданд. Вале дар дастаи мо, аслан, бозигарони ҷавон ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба назари ман бозӣ чандон шавқовар нагузашт, зеро футболбозони ҷавони моро то як андоза ҳаяҷон фаро гирифта буд. Ҳисоби мусовӣ натиҷаи мувофиқи ин бозист.”
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, иброз дошт, ки “мо ба Қӯрғонтеппа барои ғалаба омада будем. Вале ҳамлагарони мо Аҳтам Ҳамроқулов ва Даврон Тухтасунов хуб бозӣ накарданд. Вақте ки дар нимаи дувум Комил Саидовро ба хати пеш сафарбар намудем, бозӣ каме ранги дигар гирифт. Вале, умуман, бозӣ ба фикри ман низ чандон шавқангез набуд. Ба ман бозигарони ҷавони “Вахш” таассуроти хуб боқӣ гузоштанд ва умедворам, ки онҳо дар оянда ба дастаҳои мунтахаби кишвар дохил мешаванд. Ҳамчунин гуфтаниям, ки ду легионери укроинӣ - Игор Леонов ва Виктор Лиховидко дастаи моро тарк карданд. Зеро ки роҳбарони клуби мо барои бастани қарордод бо онҳо ба мувофиқа наомаданд.”
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Голзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”), Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”)- 5 голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ"), Ҷумъахон Азизов ("Ҳосилот")-3-голӣ
Даври 6-ум
12-уми май (шанбе)
«Равшан» - «Энергетик»
«Зарафшон» - ССКА «Помир»
«Хайр» - «Гвардия»
13-уми май (якшанбе)
«Ҳосилот» - «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» - «Вахш»
«Истиқлол» - «Парвоз»
Оғози бозиҳо – соати 17.

Ҷой | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. | "Равшан" | 5 | 4 | 0 | 1 | 8-5 | 12 |
2. | "Регар-ТадАЗ" | 4 | 3 | 1 | 0 | 10-2 | 10 |
3. | "Вахш" | 4 | 3 | 1 | 0 | 7-1 | 10 |
4. | "Хайр" | 5 | 2 | 2 | 1 | 9-6 | 8 |
5. | "Хуҷанд" | 4 | 2 | 1 | 1 | 10-8 | 7 |
6. | "Истаравшан” | 5 | 2 | 1 | 2 | 9-10 | 7 |
7. | "Энергетик" | 5 | 1 | 4 | 0 | 9-8 | 7 |
8. | ССКА "Помир” | 4 | 2 | 0 | 2 | 6-7 | 6 |
9. | "Истиқлол” | 4 | 1 | 2 | 1 | 6-4 | 5 |
10. | "Парвоз” | 5 | 1 | 1 | 3 | 11-12 | 4 |
11. | “Зарафшон” | 4 | 1 | 1 | 2 | 7-10 | 4 |
12. | "Ҳосилот” | 5 | 0 | 0 | 5 | 4-13 | 0 |
13. | "Гвардия” | 4 | 0 | 0 | 4 | 1-11 | 0 |