-----------------------------------------------------------------------------------------------
"Бо вожаи "худшинос" мо мақсад надорем, ҷавононро ба қарни даҳ баргардонем. Баракс, рӯ ба оянда дорем..."
Каюмарси Ато

"Падидаҳои муосири ҷомеаи ҷаҳониро бо диду рӯҳияи миллии худ дарк ва аз фарҳангу забони миллати худ ҳимоят кардан."
Иршоди Сулаймонӣ

Фарҳангдӯстии бунёдгузорони ин ин сомона ва ишқи сӯзони онҳо ба ватани худ моро водор кард, кӯшиши ошноии бештаре бо онҳо кунем ва онҳоро ба шумо муаррифӣ намоем. Ба ин мақсад дар дафтари радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбате баргузор шуд бо иштироки бунёдгузорони Иттиҳоди ҷавонони худшиноси Тоҷикистон -- Каюмарси Ато, Иршоди Сулаймонӣ, Соҳибёри Толиб, Беҳзоди Исомиддин ва ғоибона Дилшоди Азимӣ, ки дар сафари хориҷӣ буд.
Маҳфилро ҳамнафаси мо, Абдураҳими Умарзод, гардонандагӣ кард ва устоди илми забоншиносӣ Соҳибназари Ғайратшо аз Олмону банда аз Прага, аз дур ин сӯҳбатро бо ҳам гӯш кардему ҷо-ҷое ба ширкаткунандагон саволҳо додем.
-------------------------------------------------------------------------------------------------
"Ба фикрам, таъсиси чунин созмон тақозои замон аст. Бояд ин иттиҳодро пуштибонӣ кард."
Соҳибназари Ғайратшо

Инчунин ҳамнафаси дигари мо -- Нилуфари Собир дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе аз одамони синнусоли гуногун пурсид, оё худшиносӣ чист ва киро метавон худшинос номид?
Посухҳо хеле ҷолиб буданд. Яке гуфт, "каме худшинос аст, яъне худшиноси нопурра" ва ба зудӣ ба Иттиҳоди ҷавонони худшиноси Тоҷикистон шомил шуда, ҳамаи водиҳои худшиносиро тай хоҳад кард. Дигаре гуфт, бандаи мусулмон набояд худшинос шавад ва сеюмӣ гуфт, худшиносӣ -- яъне дӯстӣ. Хулоса посухҳои аҷоиби марду зан ва пиру ҷавон метавонанд, то андозае афкори мардумро дар бораи худшиносӣ ошкор кунанд.
Барои шунидани ин баҳси шавқангез рамзи радиоро дар охири сарлавҳа "ангушт" занед.