Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: Мо "бозӣ"-е бо Русия надорем


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи Филиали донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ “МИСиС”дар Душанбе. 17-уми апрели соли 2012
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи Филиали донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ “МИСиС”дар Душанбе. 17-уми апрели соли 2012

Ҳарфҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки гуфт, кишвараш дар муносибат бо Русия "бозӣ" намекунад, вокунишҳоеро ба бор овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми апрел дар расми ифтитоҳи бинои филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологи Институти пӯлод ва хӯлаи Маскав -- “МИСиС” дар шаҳри Душанбе ҳамзамон бо қаноатмандӣ аз таъсиси ин марказ ба баррасии муносибатҳои миёни кишвараш ва Русия пардохт. Вай гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки Русия дар қаламраваш беш аз ҳама иншооти муҳими стратегӣ дорад. Аммо бархилофи ин воқеият, ба қавли ӯ, расонаҳои Русия муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русияро таҳриф мекунанд.

Ин аст, ки президент Раҳмон мӯътақид аст, дар бораи Тоҷикистон ба раҳбарияти Русия иттилои нодуруст мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон Русияро ягона шарики стратегии Тоҷикистон унвон кард ва афзуд, аммо дар ҳоле шарики стратегияшро эҳтиром мекунад, ки шарики стратегӣ низ Тоҷикистонро эҳтиром кунад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
Линки мустақим

"Ин гила ислоҳ хоҳад овард"

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков
Ин суханони Эмомалӣ Раҳмонро, узви Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков "як муроҷиати дуруст" мешуморад ва мегӯяд: "Аз шарики стратегии худ, аз ҳамкор ва дӯсту рафиқи худ мешавад ҳолатҳое, ки гила кунӣ. Барои ислоҳи камбудиҳое, ки дар дӯстию ҳамкории мо ҳаст. Ин гила ислоҳ хоҳад овард ва ман фикр мекунам, ҳар кас, чӣ президент бошад, чӣ шахси қаторӣ аз дӯсти худ гила мекунад, на аз душман."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00

"Як ҳушдор буд..."

Ба ақидаи намояндаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Мӯсо Асозода ишораи раисиҷумҳур ба матолиби расонаҳои ахбори оми Русия "як ҳушдор" аст: "Ба он шахсоне, ки атрофи Тоҷикистон таҳлилҳои ғайриодилона мекунанд. Дар дунёи мутамаддин давраи нав, давраи берун шудан аз ташаннуҷ шурӯъ шудааст ва Тоҷикистон, ки дар мавқеи ниҳоят махсуси геополитикиии Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва шарики аввалиндараҷаи стратегии Тоҷикистон Русия аст, нигоҳи Русия ба Тоҷикистон бояд комилан дигар бошад. Суханони роҳбари давлати мо ба ҳамин нукта равона шудааст."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00
Линки мустақим

"Радди нигарониҳои Маскав"

Чунин руҷӯи хосси раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибатҳои байни Русия ва Тоҷикистон дар даврае ба вуқӯъ мепайвандад, ки қарор аст, дар ҳафтаи аввали моҳи май Владимир Путин аз нав ба курсии раёсатҷумҳурии Русия биншинад. Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба ин васила Эмомалӣ Раҳмон паём дод, ки то ҷое аз муносибати Маскав барои он ки талошҳои Тоҷикистонро барои майл ҷониби Русия дар усули шарикии роҳбурдӣ нодида мегирад, ранҷидааст. Ба ин тартиб, раисиҷумҳури Тоҷикистон мехоҳад бигӯяд, ки нигаронии Маскав дар бораи он кишвараш вориди бозӣ бо кишварҳои дигар шуда ва мехоҳад Русияро дур андозад, асос надорад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:26 0:00
Линки мустақим


Ба ақидаи Абдуллоев, агар ба "адабиёт"-и суханони ҷаноби Раҳмон таваҷҷӯҳ шавад, ин паём танҳо ба Русия нест, балки ба се кишварест, ки баён карда буданд, аз Тоҷикистон ҳимоят мекунанд, аз ҷумла ба Эрон ва Чин ҳаст ва раиси ҷумҳур мехоҳад ба инҳо итминон бидиҳад, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Амрико бештар аз ҳадди маҷоз нахоҳад пеш рафт. Дар маҷмӯъ мегуяд, Абудуллоев, ин як паёми хориҷии дуруст аст.

"Нишони дилсардӣ..."

Амният Абдулназаров
Амният Абдулназаров
Вале Амният Абдулназаров, муовини раиси Ҳизби умумиҷумҳурии сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳори назари Эмомалӣ Раҳмонро на "як паёми ҳадафмандона", балки "гилагузорӣ ва нишони дилсардӣ" меномад. Вай мегӯяд, "Тоҷикистон феълан сад дар сад аз Русия вобаста мебошад ва иллати ин вобастагӣ ҳам кӯмакест, ки Русия барои ба қудрат расонидани ҳукуматӣ кунунӣ карда буд. Ба ин далел Маскав ҳамчун шарики баробар ҳукумати кунуниро эътироф намекунад. Балки дастнишондаи худ медонад. Ба ин далел аст, ки бархе мақомоти давлатии Русия, аз ҷумла Владимир Жириновский Тоҷикистонро як кишвари дар сохтани давлати мустақил ноком унвон карда буд. Ҳамаи лаҷомҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар дасти Русия аст ва он давлати мустақил ва комил нест."

Ба гуфтаи ҷаноби Абдулназаров, Русия ҳар шарте, ки дорад, онро ба сурати баста ба Тоҷикистон пешниҳод мекунад, қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ва агар Эмомалӣ Раҳмон бихоҳад, ки раисиҷумҳур бошад, онро қабул мекунад ва гар бихоҳад, ки не, қабул намекунад. Он гоҳ метавонад шарту шароити худро пеш гузорад ва мисли Боқиев ва Акаев аз сари қудрат равад.
XS
SM
MD
LG