Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист соли равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия


Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия (акс аз бойгонӣ).
Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия (акс аз бойгонӣ).

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа ба унвони Д. Медведев дар робита ба 20-солагии барқарории равобити дипломатии Душанбеву Маскав номаи табрикӣ ирсол доштаст.

Дар ин нома раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Русияро шарики стратегии кишвараш хонда ва муносиботи ин ду кишварро тӯли бист соли даврони истиқлол пайваста дар ҳоли рушд ва густариш арзёбӣ кардааст.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, «муносибатҳои Тоҷикистону Русия аслан ҳамаи соҳаҳои ҳаётро фаро мегиранд, ки манфиатҳояшон дар онҳо мушобеҳи якдигар буда ва омили муҳими сулҳу суботи минтақа мебошанд.»

Дар номаи табрикотии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба навгардонии муносибатҳои дӯстона ва самимонаи мавҷуда миёни Русия ва Тоҷикистон ишора мешавад: «Марому манфиати самимонаамонро дар амри бо мазмуни нав пурра гардонидани ҳамаи ҷиҳатҳои ҳамкории ду кишвар тасдиқ намуда, изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо нерӯи мавҷудаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия такя намуда, бо саъю кӯшишҳои муштарак ба қуллаҳои нави рушди он ба нафъи халқҳоямон мерасем.»

Ба таъйиди дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон номаи мушобеҳе аз Дмитрий Медведев расидааст, ки ӯ низ ба бистсолагии барқарории ҳамкориҳои дипломатии ду кишвар Эмомалӣ Раҳмонро табрик карда ва гуфтааст:

«Аминам, ки ривоҷи минбаъдаи ҳамкорӣ дар умури байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар ҳошияи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҷавобгӯи манфиатҳои кишвару халқҳоямон буда, ба кори сулҳу амнияти Осиёи Марказӣ хидмат менамояд.»

Ахиран дар пайи сӯҳбати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нахуствазири Русия Владимир Путин, Маскав ба Душанбе кӯмакҳои башардӯстона ирсол кард.

Cоҳибназарон мегӯянд, ки Русия бо пешниҳоди тарҳи эҷоди АвруОсиё мехоҳад, то кишварҳои пасошӯравӣ, ба хусус кишварҳои Осиёи Марказиро ба худ моил кунад.
Хусусан дар иртибот бо Тоҷикистон, ки дар чанд соли ахир равобити гарме бо Русия надорад, Маскав мехоҳад то аз тариқи ироаи кӯмакҳои башарӣ, эътимоди ин кишварро ба даст биёрад.
XS
SM
MD
LG