Ба иттилои Муродалӣ Тешаев, котиби матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 320 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат дошт.
Тоҷикистонро се гуштигири ҷавон намояндагӣ кард. Саидмухтор Расулов дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг ва Рашид Зиёбеков дар вазни то 81 кг ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Рауф Зиёбеков дар вазни то 90 кг ҷойи дувумро соҳиб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.