Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти овозхони гӯшанишин Олим Бобоев


Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Олими Искандарӣ (Олим Бобоев)
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Олими Искандарӣ (Олим Бобоев)

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Олими Искандарӣ (Олим Бобоев) дар синни 54-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон гузашт.

Пизишкон мегӯянд, вай аз бемории ҷигар ранҷ мебурд ва ин сабаби фавти ӯ шудааст. Ҷанозаи ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми феврал аз Душанбе ба зодгоҳаш – ноҳияи Панҷакент интиқол дода шуд.

Узви пешини дастаи "Шашмақом"-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, барандаи чандинкаратаи Ҷашнвораи байнулмилалии "Таронаҳои Шарқ", Олими Искандарӣ пас аз хатми Донишгоҳи ҳунарҳои нафиси ба номи Мирзо Турсунзода дар солҳои 1980 бо овози нодиру қавӣ ва ширадораш дар радифи хонандагони тавонои «Шашмақом» қарор гирифт, вале дар айни авҷи шӯҳраташ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Душанбе кард ва ин ҳама муддат дур аз саҳнаи бузург дар Панҷакент ба сар мебурд.

Аммо дар ин миён якҷо бо ҳунарпешагони номдори Тоҷикистон барои ширкат дар ҷашнвораи байнулмилалии мусиқии этникӣ ба Порис даъват шуд ва пас аз итмоми ин ҷашнвора бо дархости мусиқидонони фаронсавӣ се моҳ дар Фаронса монд ва якҷо бо ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои мухталифи ин кишвар дар Консерваторияи олии мусиқӣ ва рақси Порис, ки маҳшуртарин таълимгоҳи мусиқии Аврупо ба шумор меравад, аз "Шашмақом" ва мусиқии мардумии тоҷик дарс дод.

Дар соли 2006 Олими Искандарӣ бо силсилаи нави таронаҳояш дигарбора ба фазои ҳунарии кишвар баргашт ва нақша дошт, ҳамаи гӯшаҳои "Шашмақом"-ро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро ва забт кунад. Вай аз шеваи иҷрои ин асари классикии мусиқии тоҷик дар кишвар қонеъ намуд ва бовар дошт, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш "Шашмақом" метавонад, ба мусиқии ирфонӣ ё классикии Ғарб дасту панҷа нарм кунад.

"Мемирам охир..." Яке аз таронаҳои Олими Искандарӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:53 0:00


Ин сароянда, ки соҳиби овози вижаи сатҳи операвӣ буд, мегуфт, "мусиқии "Шашмақом" ба сари худ мушкиле надорад, вале овозхонҳое, ки мехоҳанд, ин ҳунари бостониро пеша кунанд, бо мушкил рӯбарӯянд. Аз як сӯ риояи ҳамаи нозукиҳои ин мусиқӣ сангин аст ва аз сӯи дигар шунидани он омодагии махсуси шунавандаро тақозо мекунад."

Бархе аз ҳампешагонаш ба ин боваранд, ки пас аз ҷанги дохилии Тоҷикистон ва тарки пойтахт карданаш Олими Искандарӣ дигар натавонист, пайроҳаи эҷодии худро дар саҳнаи ба куллӣ тағйирхӯрдаи мусиқии кишвар пайдо кунад ва аксаран ноумеду рӯҳафтода буд. Аз он низ гила мекард, ки оҳангсозони боистеъдод тарки кишвар кардаанд, фавтидаанд ё аз кори ҳунарӣ дур шудаанд ва касе нест, барояш оҳанг нависад. Мусиқии сурудҳои охири худро Олими Искандарӣ худ менавишт ва ҳамзамон дар Мактаби мусиқии шаҳри Панҷакент дарси рубоб ва пианино медод. Солҳои охир дар тангдастӣ ба сар мебурд.

Дар навори зер яке аз таронаҳои соли 2006-и Олим Бобоев (Олими Искандарӣ)-ро метавонед шунид.

XS
SM
MD
LG