Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии ду муштзани тоҷик дар Остона


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи интихобии олимпии осиёӣ оид ба бокс, ки рӯзи 5-уми апрел дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона шурӯъ шуд, то рӯзи 12-уми апрел идома хоҳад кард.

Дар ин мусобиқа, ки барои муштзанҳои Осиё охирин имкони ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ маҳсуб мешавад, 131 варзишгар аз 28 кишвари қора ҷиҳати дарёфти 25 роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 мубориза мебарад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ду муштзани тоҷик – Мададӣ Нағзибеков ва Наврӯз Ҷафоев аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхатҳои олимпӣ маҳрум шуданд.

Мададӣ Нағзибеков дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг аз Чарли Суареси филиппиниӣ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 11:14 мағлуб гашт. Қувваозмоии Наврӯз Ҷафоев бо рақибаш Асадулло Боймуродов (Қирғизистон) бо ҳисоби 13:13 поён ёфт. Бо назардошти шумораи умумии зарбаҳои задашуда доварон Боймуродовро ғолиб донистанд.

Боз ҳафт намояндаи Тоҷикистон - Асрор Воҳидов (49 кг), Сафовиддин Юсуфӣ (52кг), Назири Пиракӣ (64 кг), Собирҷон Назаров (75 кг), Ҷаҳон Қурбонов (81 кг), Диловаршо Абдураҳмонов (91 кг) ва Меҳроҷиддин Каримов ( +91 кг) барои роҳхатҳои олимпӣ талош хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки то имрӯз танҳо як муштзани тоҷик – Анвар Юнусов роҳхати олимпӣ ба даст овардааст. Ӯ порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 54 килограмм ҷойи севумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон мушарраф шудааст.
XS
SM
MD
LG