Рӯҳияе ба миён омада буд, ки асп ба одам дигар танҳо дар ҳолати истисноӣ даркор мешавад, вале ҳоло бисёриҳо мегӯянд, он ягона ва беҳтарин василаи боркашонӣ ва сафар дар навоҳии кӯҳистон аст. Имсол зимистони дарозу пурбарф ва роҳҳои харобу валангор аҳамияти аспро барои мардум ба маротиб бештар кардааст.
Қурбон Исроилов, сокини кӯчаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб, барои дидорбинии наздиконаш ба ноҳияи Шӯрообод бо асп сафар кард. Ӯ мегӯяд, наздиконаш дар ин ноҳияи дурдаст аз маводи ғизоӣ танқисӣ мекашиданд ва ягона роҳи расонидани мавод асп буд. Ба гуфтаи ин мард, ҳоло ба ягон деҳаи дурдасти кӯҳистон бо нақлиёти мусофирбар сафар карда намешавад, зеро барфу лой роҳҳоро касногузар кардааст: "Бе асп ҳоло дар деҳот зиндагӣ карда намешавад. Ҳамин асп аст, ки ҷони мардумро аз азоб мехарад. Ин ҷойҳое, ки асп меравад, на хар мераваду на мошин. Агар ҳамин асп набошад, маҷбур ҳастӣ, ки пиёда омада равӣ."
Зимистони имсол хеле сахт омад ва чорпои хонагии сокинон аз нарасидани каҳ зиёд талаф шуд. Раҷаб, сокини як деҳаи ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, аксари сокинон ҳайвоноти хонагии худро аз даст доданд, аммо бо қиммати баланд, аспҳои хешро ҳифз карданд, зеро аз даст додани асп дар чунин шароит маънои аз даст додани зинагиро дорад: "Ҳамсояаам, ними молу говашро аз даст дод. Нисфи дигарашро фурӯхт, ба он хотир, ки аспашро нигаҳ дорад. Худашро ҳозир гурусна мемонаду аспашро не, зеро асп сахт лозим аст. Асп ҳама вақт лозим аст, лек дар ин зимистон бениҳоят кор омад. Дар кӯҳистон асп надошта бошӣ, давлат надорӣ."
Таъкид ба аҳамияти асп дар ҳоле садо медиҳад, ки аксари сокинон асп надоранд ва маҷбуранд, аз як асп дар як деҳа чанд нафар истифода баранд. Абдулафиз Қурбонов, раҳбари хоҷагии зотпарварии "Тебалай"-и ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, дар чанд соли ахир пас аз маҳдуд кардани бузкашӣ шумораи аспҳои хуб ба маротиб кам шуд. Ӯ мегӯяд, беҳтарин аспҳоро аз Тоҷикистон берун бурданд: "Мо дар хоҷагиамон пештар асп парвариш мекардем, ҳоло не. Аммо аз вақте, ки бузкаширо маҳдуд карданд, аспҳои хубро харидорӣ карда, ба Узбакистону Туркманистон бурданд. Бо вуҷуди тараққиёти техника хизмати асп аз байн намеравад ва ин соҳаро рушд додан хуб аст."
Феълан, роҳҳои мошингард ба аксар деҳоти навоҳии Балҷувон, Ховалинг, Шӯрообод ва Мӯъминобод баста аст ва асп ҳамоно ягона василаи рафтуомад ва наҷоти сокинон аз даҳҳо мушкил боқӣ мемонад.