Толибон як сарбози афғонро дар маҳалле куштаанд, ки бовар меравад, як сарбози амрикоӣ 16 ғайринизомии афғонро дар он ҷо кушта буд. Онҳо зимни сафари ҳайати ҳукуматӣ ба маҳалли фоҷиа дар Қандаҳор, ба самти ин ҳайат тир андохта ва ду нафари дигар, аз ҷумла як сарбоз ва додситони афғонро захмӣ кардаанд.
Ҳайат, ки ду бародари Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, онро ҳамроҳӣ мекарданд, барои ширкат дар маросими дуо дар ҳаққи қурбониён ба масҷиди русто дар ноҳияи Панҷвоӣ рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, артиши Амрико мегӯяд, сарбози 38-солаеро дастгир кардааст, ки рӯзи якшанбе ба ду рустои ин ноҳия дар наздикии пойгоҳи худ дар шаҳри Қандаҳор рафта, 16 ғайриизомии афғонро куштааст.
Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай, дар миёни 16 қурбонӣ, 9 кӯдак ва се зан ҳаст. Рӯзи сешанбе (13-уми март) садҳо донишҷӯи афғон бо раҳпаймоӣ дар шаҳри Ҷалолобод хашми худро аз қатли 16 ғайринизомии афғон таввасути сарбози амрикоӣ нишон доданд. Ҳудуди 400 донишҷӯ бо раҳпаймоӣ дар Ҷалолобод талаб карданд, то он сарбози амрикоӣ дар ҳузури ом муҳокима шавад.
Додулло Хон, як тазоҳургар мегӯяд, "мо бори дигар фоҷиа дар Қандаҳорро қотеона маҳкум мекунем ва аз мақомот мехоҳем, ки ҷинояткорро ба муҳокима кашанд."
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, сарбози амрикоӣ бояд ба ҳайси ҷинояткори ҷангӣ муҳокима шавад ва ӯро худи хешовандони қурбониён бикушанд.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфт, аз ин фоҷиа ба ваҳшат афтодааст ва ба хонаводаҳои қурбониён ибрози тасаллият кард. Аммо ӯ гуфт, нерӯҳои байналмилалӣ бояд масъулона ва на бо шитоб Афғонистонро тарк кунанд, то зарурат ба бозгашт ба ин кишвар намонад.
Қарор аст, нерӯҳои Амрико ва кишварҳои дигар то охири соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шаванд.