Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андӯҳи амиқи Обама аз фоҷиаи Қандаҳор


Раисони ҷумҳури Ағонистон ва Амрико.
Раисони ҷумҳури Ағонистон ва Амрико.

Барак Обама аз ҳалокати 16 сокини осоиштаи ду деҳаи Қандаҳор аз сӯи як низомии амрикоӣ изҳори андӯҳ кард.

Дар тамоси телефонӣ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ӯ ба мардуми Афғонистон изҳори тасаллият кард ва изҳор намуд, ки Вашингтон барои таҳқиқи ҳарчӣ зудтари ин фоҷиа ҳама талошашро ба харҷ медиҳад.

Бино ба хабарҳо, як низомии амрикоӣ шабона аз пойгоҳаш берун рафта, ба чанд манзил дар деҳаи Аликозай ҳамла кардааст. Аз тири ӯ, бар пояи бархе хабарҳо, аз ҷумла, занону кӯдакон низ кушта шудаанд. То ҳанӯз ангезаи ҳамлаи сарбози амрикоӣ ба мардуми осоишта рӯшан нашудааст.

Аз ин пеш, низомиёни воломақоми НАТО ва сафорати ИМА дар Амрико ҳам изҳор карда буданд, ки муҷрими ин ҳодиса боздошт шудааст ва ҳатман муҷозот хоҳад шуд. Кафили сафорати ИМА дар Афғонистон Ҷеймс Кэннингем шоми якшанбе изҳоротеро дар робита ба ин куштор қироат кард.

Дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст, "мо аз ҳама гуна ҳамлаи низомиёни нерзӯҳои амрикои алайҳи шаҳрвандони бегуноҳ таассуф мехӯрем ва хушунат алайҳи шаҳрвандони осоиштаро маҳкум мекунем. Мо мардуми Афғонистонро мутмаин карданием, ки ин шахс ё дигар афроди масъул дар ҳодисаи ваҳшатбор ошкор ва ба додгоҳ интиқол дода мешаванд."

Ҳомиди Карзай қатли сокинони осоиштаи деҳаи Аликозайи улусволии Панҷвои Қандаҳорро “ҳамлаи террористӣ” ва “нобахшиданӣ” номид.

Ҷовид Аҳмад Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, дар байни қурбониён занону кӯдакон низ ҳастанд, вале теъдоди дақиқи кушташудагону маҷрӯҳон ва ангезаи ҳамла баъд аз анҷоми таҳқиқоти ин ҳайати эъзомӣ маълум хоҳад шуд.

Қандаҳор аз пойгоҳҳои ҷунбиши Толибон дар ҷануби Афғонистон маҳсуб мешавад, аммо ба гуфтаи Ҷовид Аҳмади Файсал, аҳли ду деҳае, ки ҳадафи ҳамлаи сарбози амрикоӣ қарор гирифтанд, рабте ба ошӯбгарон надоштанд.

Коршиносони минтақа ҳадс мезананд, ки ин ҳодиса шояд мавҷи нави намоишҳои зиддиамрикоиро дар сартосари Афғонистон барангезад. Аз ин пеш сӯзонида шудани
нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи ҳавоии Багром боиси эҳтирозҳои густурда дар аксар вилоёти Афғонистон гардид, ки тақрибан як ҳафта идома кард.

Билофосила баъд аз нашри хабар дар бораи сӯзонида шудани нусхаҳои “Қуръон”, ҷунбиши “Толибон” аз мардуми Афғонистон даъват намуд, ки дар ҷавоб ба нерӯҳои хориҷӣ ва қароргоҳҳои онҳо ҳамла кунанд.

Тайи 6 рӯзи эътирозҳо дар Афғонистон ҳудуди 30 кас кушта ва даҳҳо нафар, аз ҷумла, чандини низомии хориҷӣ маҷрӯҳ шуданд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай фақат рӯзи панҷуми ошубҳои мардум ҳамаро ба оромӣ хонд.

Барак Обама барои сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръон аз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба таври расмӣ узр хоста буд, ҳарчанд буд, ки сӯзонидани Қуръон тасодуфӣ сурат гирифтааст. Раисиҷумҳури ИМА ваъда карда буд, ки ин ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG