Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози амрикоӣ 16 афғонро ба ҳалокат расонд


Ҷойи қатли як зан ва кӯдаконаш дар рустои Аликозайи вилояти Қандаҳор.
Ҷойи қатли як зан ва кӯдаконаш дар рустои Аликозайи вилояти Қандаҳор.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай қатли дастикам 16 нафари мулкӣ аз сӯи як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳорро маҳкум кард ва аз НАТО ташреҳ хост.

"Ин як сӯиқасд, куштори байнулмилалии шаҳрвандони бегуноҳ аст ва ғайри қобили бахшоиш аст," -- гуфт раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар изҳороти расмии худ.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гуфт, вай аз ин воқеа шадидан афсурда шудааст ва ин куштор эҳтиромеро, ки мардуми афғон ба Иёлоти Муттаҳида дорад, паст мезанад.

Бино ба хабарҳо, як сержанти амрикоӣ шаби гузашта аз пойгоҳаш берун рафта, ба сокинони чанд манзил дар рустои Аликозайи улусволии Панҷвоии вилояти Қандаҳор ҳамла кардааст.

Вазорати умури дохилии Афғонистон низ қатли 16 нафари мулкӣ аз сӯи як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳорро шадидан маҳкум кард.Сухангӯи ин вазорат Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, қазия мӯшикофона таҳқиқ хоҳад шуд. Ҷовид Аҳмад Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, дар маҷмӯъ дар рустоҳои Аликозай ва Гарданайи улусволии Панҷвой 16 нафар кушта шудаанд.

НАТО дар баёнияаш гуфт, “як маъмури Амрико дар иртикоби ин ҳодиса, ки мунҷар ба қурбон шудани афғонҳо дар вилояти Қандаҳор шуд, боздошт шудааст.”

Як ҳайати иборат аз намояндагони идороти амниятии вилояти Қандаҳор ва нирӯҳои ISAF ба хотири таҳқиқи қазия ба улусволии Панҷвоӣ рафтааст. Бо ин ҳол, Ҷовидаҳмади Файсал гуфт, дар байни қурбониён занон ҳам ҳастанд, вале ангезаи ҳамла баъд аз анҷоми таҳқиқоти ин ҳайати эъзомӣ дақиқ хоҳад шуд. Як узви Шӯрои вилоятии Қандаҳор, ки бо сокинони рустоҳои ҳамлашуда дар тамос будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба маълумоти ӯ, 17 нафар ҳадафи тири ин сарбози амрикоӣ қарор гирифтаанд.

Қандаҳор аз пойгоҳҳои ҷунбиши чирикии Толибон дар ҷануби Афғонистон маҳсуб мешавад, вале сухангӯи волии Қандаҳор Ҷовидаҳмади Файсал гуфт, аҳли ду деҳае, ки ҳадафи ҳамлаи сарбози амрикоӣ қарор гирифтанд, рабте ба ошӯбгарон надоштанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00
Линки мустақим


НАТО билофосила барои ин ҳодисаи “амиқан таассуфовар” узр хост ва гуфт, ин сарбоз дастгир шудааст. Мақомҳои низомии ғарбӣ гуфтаанд, ки ин сарбоз баъди бозгашт худро дар пойгоҳ ба мақомот таслим кардааст. Далели иқдоми ӯ ба ин ҳамлаи хунин рӯшан нест. Як сокини рустои Аликозай ба Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки ин сарбоз ба 3 манзил дар ин русто ҳамла кард. Гуфта мешавад, аҳли Аликозай барои эътироз дар назди пойгоҳи Амрико гирди ҳам омадаанд. Сафорати Амрико дар Кобул машварат додааст, ки дар Қандаҳор аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ҳалокати мардуми мулкӣ аз сӯи нирӯҳои байналмилалие, ки дар Афғонистон алайҳи Толибон меҷанганд, як мавзӯъи аслии танишзо байни давлати Ҳомиди Карзай ва муттаҳидини ғарбиаш боқӣ мемонад. Моҳи гузашта сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО дар Багром боиси эътирозҳои хунине дар саросари Афғонистон шуда буд.
XS
SM
MD
LG