Аз минтақаи Душанбе чаҳор даста - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Хайр”-и Ваҳдат, “Шодмон”-и Ҳисор ва ССКА “Помир”-и Душанбе ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар минтақаи Хатлон мусобиқа дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дар гурӯҳи “А” тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва дар гурӯҳи “Б” дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки ҷойҳои аввалро касб карданд, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар минтақаи Суғд баъди ҷамъбасти се даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Спитамен”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар гурӯҳи “Б” дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд пешсафанд. Бозиҳои ин минтақа 2-юми март ба охир мерасанд ва ду дастаи ғолиб ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф мешаванд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ширкати ҳашт дастаи беҳтарин дар ду гурӯҳ рӯзи 5-уми март дар шаҳри Душанбе шурӯъ хоҳад шуд.