Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳо ба паҳлавонони Тоҷикистон


Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон ба Муродҷон Тӯйчиев ҷоиза тақдим мекунад.
Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон ба Муродҷон Тӯйчиев ҷоиза тақдим мекунад.

Паҳлавонони Тоҷикистон Муродҷон Тӯйчиев ва Юсуф Абдусаломов бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии кишвар мукофотонида шуданд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод.

Ӯ афзуд, “Муродҷон Тӯйчиев дар шаҳри Гуми Кореяи Ҷанубӣ барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии юнониву румӣ гардид. Вай дар рақобатҳо дар вазни 120 кг мақоми севумро касб кард. Инчунин Юсуф Абдусаломов дар ин ҷо дар мусобиқаи қитъавӣ дар риштаи гуштии озод дар вазни 84 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Рӯзи 22-юми феврал дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон раиси ин кумита Маликшоҳ Неъматов, ҳамзамон ноиби аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, ба ҳарду гуштигири маъруф барои ин дастовардҳояшон аз номи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, мукофоти пулӣ - ба ҳар кадом ба маблағи 5000 сомонӣ тақдим кард.”

Муродҷон Тӯйчиев, барандаи медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ-2010 ва Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин-2008, барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон талош доранд.
XS
SM
MD
LG