Бино ба иттилои торнамои расмии шаҳрдорӣ, ин микроавтобусҳо бояд на камтар аз 12 ҷойи нишаст дошта, бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат кунанд.
Илова бар ин, “стандарти экологии онҳо на камтар аз "Евро-3" буда, ба иқлими Тоҷикистон ҳам мувофиқ бошад."
Мақомоти шаҳрдории Душанбе харидории ин микроавтобусҳоро "барои беҳбуд бахшидани хадамот ба мусофирон дар пойтахт" унвон кардаанд.
Аммо дар ҳоле барои харидории микроавтобусҳои нав дар Душанбе музояда эълон мегардад, ки то кунун навъҳои мухталифи мусофирбарҳо ба пойтахти Тоҷикистон оварда шудаанд. Агар дар чанд соли пеш ҳаракати "Газел"-и русӣ дар пойтахти Тоҷикистон маъмул буд, ҷойи онро "Тангем"-и чинӣ ва сипас "Хундай Старекс"-и куриёӣ гирифт.
Ҳоло дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо мамнӯъст. Дар маркази пойтахт бештар автобусу троллейбусҳо ва ҳамчунин таксиҳо фаъолият мекунанд.
Бо ин вуҷуд, сокинони шаҳри Душанбе аксаран аз камбуди мусофирбарҳо дар пойтахт шиква доранд. Махсусан, субҳу шом, замони ба кор рафтану аз кор бозгаштани шаҳрвандон, дарёфти мусофирбарҳои холӣ ва ё камодам дар пойтахти Тоҷикистон мушкил аст.
Навори зер аз бойгонист.