Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтӣ шартҳои Тӯраҷонзодаҳоро напазируфт


Саидмукаррам Абдуқодирзода
Саидмукаррам Абдуқодирзода
Имрӯз дар ҷаласаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ эълон шуд, ки раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода шартҳои бародарон Тӯраҷонзодаҳо барои оштии ҷонибҳоро напазируфтааст. Дар ҷаласаи рӯзи 26 январ қозӣ ба ҷонибҳои баҳс 10 рӯз фурсат дод, ки бо ҳам як забони мусолиҳа биёбанд. Тӯраҷонзодаҳо ба раҳбари Шӯрои уламо 3 шарт гузоштанд: лағви қарори Шӯрои Уламо аз моҳи декабр, ки ин хонаводаро ба шиъагароӣ айбдор мекард, азсаргирии намозҳои ҷумъа дар масҷиди Муҳаммадияи марбут ба Тӯраҷонзодаҳо дар рустои Туркободи ноҳияи Ваҳдат ва ҳам баҳси ин масоил дар як нишасти Шӯрои уламо бо ширкати Тӯраҷонзодаҳо. Баргузории намозҳои ҷумъа дар масҷиди Тӯраҷонзодаҳо барои 3 моҳ мутаваққиф шудааст. Ҷаласаи навбатии додгоҳ бар асоси даъвои Тӯраҷонзодаҳо алайҳи Абдуқодирзода рӯзи 8 феврал баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG