Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Бишкек


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар Бишкек ду медал ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков дар пойтахти Қирғизистон тӯли шаш рӯз идома кард. Дар рақобатҳо беш аз 200 муштзан аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин ширкат доштанд.Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳафт муштзан намояндагӣ карданд.

Дар сабқати умумидастаӣ мизбонон – варзишгарони қирғиз мақоми аввлро касб намуданд. Дастаи Қазоқистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Чин дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кг бар рақибонаш Мейрҷон Пейрдишов (Қазоқистон) бо ҳисоби 5:0, Исломҷон Долибоев (Қирғизистон) бо ҳисоби 8:6, Ершат Анвар (Чин) бо бартарии комил дар раунди аввал пирӯз шуд ва ба финал баромад.

Собирҷон дар қувваозмоии ниҳоӣ бо Абуязит Угурчиев (Қазоқистон) рӯбарӯ шуд, вале духтур ба муштзани тоҷик, ки лат хӯрд, иҷоза надод қувваозмоиро идома диҳад. Бинобар ин рақибаш ғолиб дониста шуд. Собирҷон бошад, ҷойи дувумро гирифт.

Медали дувуми Тоҷикистонро Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг ба даст овард. Ӯ нахуст бар Дилшод Қайсар (Чин) бо ҳисоби 9:6 ғолиб омад. Баъдан бар Уланбек Набиев (Қирғизистон) бо бартарии комил дар раунди аввал пирӯз шуд.

Меҳроҷиддин дар даври баъдӣ бар Рустам Ригебоев (Қазоқистон) бо ҳисоби 8:6 ғалаба кард, вале ӯ дар даври ниҳоӣ аз рақибаш – Акбар Юсуфов (Чин) бо ҳисоби 4:5 мағлуб шуд.

Ҳабиб Мародасенов дар вазни то 52 кг дар даври аввал бар Газиз Ордабоев (Қазоқистон) бо ҳисоби 5:0 дастболо шуд, вале қувваозмоии дувумашро ба Багдаулет Совет (Қазоқистон) бо ҳисоби 4:8 бой дод.
Чаҳор муштзани дигари тоҷик – Ораз Афзалшоев (60 кг) дар даври аввал аз

Ерҷон Омирҷонов (Қазоқистон), Алиҷон Мирзоев (64 кг) аз Алмат Агибоев (Қазоқистон), Мирҷамол Ғиёсов (75 кг) аз Абзал Қутибеков (Қазоқистон) ва Муҳаммад Нурмаҳмад (75 кг) аз Адилет Марату (Қирғизистон) бо ҳисоби якхелаи 0:5 шикаст хӯрданд.
XS
SM
MD
LG