Рӯзи 24 январ Фаттоҳ Саидов -- раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Абдуҷаббор Раҳмонов дар пайи камбудҳои ҷиддӣ аз мақоми вазири маориф барканор шудааст.
Ӯ гуфт, хабарнигорон ҳамеша аз мо мепурсанд, ки чаро Оҷонсӣ вазирону кабиронро боздошт намекунад. “Ҳол он ки агар Оҷонсӣ дар ин маврид далели қотеъ дошта бошад, чаро пайгирӣ нахоҳад кард? Вазири маорифро дар пайи ҳисоботи мо ба сарвари давлат, аз вазифа гирифтанд”,-гуфт ӯ.
Ҷаноби Саидов илова кард, “камбудиҳои ҷиддӣ ва изофанависие, ки дар соҳаи маориф буд, ҳамаи инро мо ба сарвари давлат ҳисобот додем. Дар соҳаи маориф дар соли 2011 беш аз 80 ҳолати фасод ошкор шудааст. Дар як ноҳияи Рӯдакӣ дар интернати маъюбон беш аз 300 ҳазор сомонии хусусияти коррупсионӣ дошта фош гардид.”
ПОСУХИ РАҲМОНОВ
Дар пайи ин хабари Оҷонсии зидди фасод мо бо Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири пешини маориф ва ҳоло раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳамсӯҳбат шуда ва аз ӯ воқеияти барканорияш аз мақоми вазири маорифро пурсидем.
Абдуҷаббор Раҳмонов: "Масъалаи ҷиддие, ки онҳо ошкор карданд, шаҳодатномаҳои қалбакӣ буд. Мо ҳам дар вақти роҳбар будан аз ин вазъ огоҳ шудем ва онҳоеро, ки дар ин кор даст доштанд, аз вазифа барканор кардем. Илова бар ин, бе санҷиши Оҷонсӣ, вақте дар дохили вазорат нафарони ба фасод дастдоштаро ошкор кардем, худамон аз кор озод намудем. Он вақт ҳам гуфтам ва ҳоло ҳам мегӯям, ки муқобили фасод ҳастаму мубориза хоҳам бурд."
Радиои Озодӣ: Дар соли гузашта кадом ҳолатҳои фасод дар вазорати маориф ошкор шуданд, ки маблағи калон буду боиси сарусадоҳо шуд?
Абдуҷаббор Раҳмонов: "Танҳо масъалаи ҳамон шаҳодатномаҳо буд, ки пули калон дошт. Чи камбудҳое буд, мо худамон ба ҳукумат ва Оҷонсии зидди фасод пешниҳод кардем. Як нафар корманди вазорати маориф, ки дар ин кор даст дошт, ҳабс ҳам шуд. Масъалаи баҳсбарангез ҳамин буд."
"ЯК СОЛ ПЕШ МУРОҶИАТ КАРДА БУДАМ"
Радиои Озодӣ: Яъне омадани Шумо аз вазирии маориф ба раёсати Донишгоҳи омӯзгорӣ ба рушди фасод дар маориф дахл надошт?
Абдуҷаббор Раҳмонов: "Не, не. Омадани ман ба донишгоҳ ба рушди фасод рабт надорад. Тибқи қонун барои вазифаи вазирӣ панҷ сол мӯҳлат аст. Аммо ман ҳафт сол кор кардам. Як сол қабл ба мушовири президент оид ба кадр муроҷиат карда будам, ки мӯҳлати вазирии ман тамом шудааст ва фикри маро бинед. Инро ошкор мегӯям. Ман аз вазифа рафтану омадан ҳарос надорам."
"ОМӮЗГОР БУДАМ, МЕМОНАМ"
Радиои Озодӣ: Бубинед, сирқати беш аз 300 ҳазор сомонӣ аз сӯи раҳбари интернати маъюбон маҳз дар замони вазирии Шумо иттифоқ уфтодааст. Ин ҳолат чӣ гуна сурат гирифтааст, чун пулҳо бе имзои роҳбар гирифта намешаванд?
Абдуҷаббор Раҳмонов: "Ин дар ҳолате буд, ки роҳбари интернат гӯиё бемор будааст. Ҳатто мо ҳуҷҷат дорем. Вай ба синну соли нафақа расида буд ва санаде ҳам аст, ки бояд ба нафақа равад. Вале, мутаассифона, вай ба ҷойи ба нафақа рафтан ба беморхона рафтааст ва сармусоҳиб аз бемор будани роҳбар сӯистифода кардааст. Оҷонсии зидди фасод аз ин кор огоҳ шуда, санад тартиб дода ва ба ҳукумат маълумот пешниҳод кардааст. Аз мо пештар."
Радиои Озодӣ: Ҳоло корро шурӯъ кардед ба ҳайси раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ?
Абдуҷаббор Раҳмонов: "Чаро не. Бале, алакай чандин вохӯриҳо гузарондам. Пешниҳод ҳам доштем барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, кӯмак ба донишҷӯёни камбизоат. Пешниҳодҳои устодонро ҳам шунидем. Дидам коллективи нерӯманд ҳам ин ҷо будааст. Омӯзгор будам ва мемонам."
"САРВАТ НААНДӮХТААМ"
Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки дар замони вазирӣ сарвати зиёд ҷамъ кардаед ва яке аз сарватмандҳо ҳам шудаед. Дар ин бора чӣ мегӯед?
Абдуҷаббор Раҳмонов: "Не, сарват ҷамъ накардам ва сарватманд ҳам нашудам. Равед, ҳар куҷое сарвати маро ёфтед, ба Шумо бахшидам. Ошатон шавад. Ман дар вақти вазирӣ ҳам корҳои илмиамро идома медодам. Аз кор намондам. Китоб менавиштам, роҳнамоӣ мекардам."
Радиои Озодӣ: Шуморо дар замони вазирӣ бештар бо баҳсҳои пӯшиши исломӣ ва либоси ягонаи мактабиёну муаллимон мешинохтанд. Ҳоло бо омаданатон ба Донишгоҳи омӯзгорӣ вазъ чӣ тур аст?
Абдуҷаббор Раҳмонов: "Он мавқеъ, ки нисбат ба пӯшиши мактабӣ доштам, ҳоло ҳам дорам. Донишҷӯ бояд, ки фарқ дошта бошад. То ҳол надидам дар ин даргоҳ, ки донишҷӯе бо либоси бегона гаштугузор кунад. Ҳатто ҳамон либоси исломиро ҳам надидам. Умед дорам, ки мушкиле дар ин маврид пеш намеояд. Ҷавонҳоро тарбия ва дастгирӣ кардан лозим аст."
Радиои Озодӣ: Мегӯянд, вазирон вақти барканорӣ аз мақомашон "дилзанак" мешаванд. Шумо барканориятонро чӣ гуна қабул кардед?
Абдуҷаббор Раҳмонов: "Не, не. Ин тавр нест. Ин ҷо акнун борамон сабук шудааст. Он вақт пиёда ҳам мерафтам, миёни мардум ҳам будам, бо устодон доим ошкор гуфтугӯ доштам. Ба рӯи Шумо низ ҳама вақт дари боз доштам, ҳоло ҳам дорам. Шароитам иваз нашудааст. Он чи ки қаблан доштам, бо ҳамон мондаам."