Бино бар хабари торнамои дастаи футболи “Истиқлол”, Рустами Эмомалӣ гуфтааст: “Дастаи мунтахаб ин симои кишвар аст. Ман ҳамаи қувваамро баҳри он сафарбар мекунам, ки ба футболи тоҷик, минҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон кӯмак кунам. Албатта, гурӯҳи мо хеле пурзӯр аст, метавон гуфт, ки “гурӯҳи марг” аст. Ҷопон ва Куриёи Шимолӣ ширкаткунандагони сабқати ниҳоии мусобиқоти охирини қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар Африқои Ҷанубӣ мебошанд. Дастаи Узбакистон бошад, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар хеле шоиста бозӣ кард. Бо чунин дастаҳои пурқувват бозӣ кардан ба мо зуд-зуд муяссар намешавад ва бинобар ин мо имкон дорем, ки қувваамонро бисанҷем ва аз онҳо чизе биомӯзем. Ҳамчунин мухлисони футбол имкон доранд, ки бо чашмони худ аз наздик бозиҳои беҳтарин футболбозони Осиёро тамошо кунанд. Ман бовар дорам, ки дастаи мо дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё ба таври шоиста бозӣ хоҳад кард.”
Рустами Эмомалӣ аз мухлисони футбол хостааст, аз дастаи миллӣ пуштибонӣ кунанд.
Дастаи Тоҷикистон дар даври севуми сабқати интихобии ҶҶ-2014 дар минтақаи Осиё бо дастаҳои қавие монанди Ҷопон, Кореяи Шимолӣ ва Узбакистон рӯбарӯ хоҳад шуд.
Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо тими миллии Узбакистон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон баъд аз ду бохт дар даври дуввуми сабқати интихобии ҶҶ-2014 ба тими Сурия дар ҳоле ба бозиҳои интихобӣ баргашт, ки ФИФА, Федератсиюни байнулмилалии футбол, Сурияро барои нақзи қоидаҳои бозӣ аз сабқат хориҷ кард.
Ба гуфтаи Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22-юми август дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ таҳти раҳбарии Олимҷон Рафиков, ки ӯ ҳамзамон вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанберо ба ӯҳда дорад, шурӯъ мекунад.
Асоси дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бозигарони тими “Истиқлол” ташкил медиҳанд. Инчунин дар назар аст, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон легионерҳо аз бошгоҳҳои футболи Русия - Манучеҳр ва Искандар Ҷалиловҳо, Муҳаммад Султонов, Наим Шарифӣ ва Фарҳод Восиев ҷалб шаванд.