Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д.Миятович: "Ба фаъолияти расонаҳо кӯмак кунед"


Дуня Миятович, масъули бахши озодии баёни САҲА бо вазири умури дохили Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намудааст.

Меҳвари гуфтугӯи масъули бахши озодии баёни САҲА бо Абдурраҳим Қаҳҳоров роҷеъ ба озодиҳои матбуот дар Тоҷикистон будаст.

Дуня Миятович зимни дидори худ бо Абдурраҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти хабарнигорон дар вақтҳои ахир ва фишор ба матбуот изҳорӣ нигаронӣ кардааст. Вай аз мақоми тоҷик хостааcт ба фаъолияти озоди матбуот ва ҳимоя аз ҳуқуқи рӯзноманигорон мусоидат намояд.

Муҷрим донистани Урунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов аз сӯи додгоҳи вилояти Суғд аз мавзӯъҳои матруҳа дар дидору гуфтугӯҳои Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури матбуот бо мақомоти Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои хабарнигорӣ дар Душанбе буд.

Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури матбуот зимни сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон, бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои хабарнигорӣ низ мулоқотҳо анҷом додааст.

Вай борҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи журналистони тоҷик, аз ҷумла Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ” ва Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ садо баланд кардааст. Вай бо пахши чандин изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин ду хабарнигори тоҷикро раҳо ва “сафед” кунанд.
XS
SM
MD
LG