Washington Post ва New York Times, ки ба сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида таъсиргузор ҳастанд, навиштаанд, ки ҳукумати раисиҷумҳур Барак Обама ба гунае сӯи гуфтугӯ бо Толибон ҳаракат дорад, ки ангор, хатарҳои ҷиддии ин амалро намебинад.
Ҳарду нашрия бар инанд, ки чунин амалкард танҳо ҳадафҳои кӯтоҳмуддат, аз ҷумла таъмини шароити муносиби хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистонро дар назар дорад ва ба сулҳу оромии дарозмуддати Афғонистон пас аз соли 2014 расидагӣ намекунад.
Washington Post ҳадс мезанад, аммо New York Times ба нақл аз манобеи худ менависад, барои ба даст овардани эътимоди Толибон ҳукумати Обама роҳҷӯӣ дорад, то намояндагони ин ҷунбишро аз маҳбаси Гуантанамо ба Афғонистон ё Қатар интиқол диҳад. Толибон бо таъсиси намояндагии худ дар Қатар ва оғози гуфтушунид ҳамин шартро дар миён гузоштаанд. New York Times менависад, шарти дигар таъсиси минтақаҳои оташбас дар дохили Афғонистон аст, ки амалан ҷудо кардани қаламрав барои Толибон мебошад.
Нашрияҳо изҳори ҳайронӣ мекунанд, ки чаро толибҳо дар айни заъф ва шикасташон бояд дигарбора ба маркази саҳна оварда шаванд. Washington Post инро “як тӯҳфаи азим ва ноҳақ ба гурӯҳе” медонад, ки назар ба чанд сол хеле нотавон ва пароканда шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки маълум нест, гурӯҳҳои дигари тундрав, аз ҷумла шабакаи Ҳаққонӣ, ки ҳоло беш аз ҳама ба дарди сари нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон табдил ёфтааст, дар ин гуфтушунид ширкат хоҳад кард ё на. Ва New York Times мегӯяд, ин ҳам маълум нест, толибҳо боз чӣ шартҳое дар миён хоҳанд гузошт.
Ҳарду рӯзнома эъломияҳои хилофи ҳами Вашингтон ва Кобулро далели талошҳои бебарнома шумурдаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико тамоми ташаббуси сулҳро ба Кобул бастагӣ дод, аммо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай баъд аз як изҳороти тазодомез гуфт, хуб, агар Амрико инро мехоҳад, Кобул ҳам розист. Ва толибҳо манзараро тавре тасвир мекунанд, ки гуфтушунид байни онҳо ва Иёлоти Муттаҳида ҷараён хоҳад ёфт.
Ба навиштаи Washington Post, ин раванд сулҳи Ветнами Шимолӣ дар Порисро ба хотир меорад, ки он вақт ба хотири хуруҷи беосеби Иёлоти Муттаҳида ҳукумати маҳаллӣ “аз бозӣ берун монда буд.” Назари New York Times ин аст, ки дар гуфтушунид на танҳо Кобул, балки бояд ҳамаи ҳамсоягони Афғонистон низ ширкат дошта бошанд. Нуктае, ки ҳарду нашрия аз он ҳимоят кардаанд ин аст, ки сулҳ бо Толибон бояд замоне иттифоқ афтад, ки онҳо “аз хушунат даст бардоранд, робита ба ал-Қоидаро қатъ кунанд, ҳамаи нукоти қонуни асосии Афғонистонро бипазиранд, ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандони кишварро эҳтиром кунанд.”