Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, ки кишвараш хабари ифтитоҳи дафтари сиёсии Толибон дар Қатарро ба хотири пешбурди музокироти сулҳ пуштибонӣ мекунад. Дафтари Карзай бо пахши изҳороте мегӯяд, ки Афғонистон барои роҳандозии музокираҳои ИМА ва Толибон ба хотири ташкили дафтари намояндагии Толибон дар Қатар мувофиқат мекунад. Рӯзе пеш, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, ИМА аз ин ташаббус ҷонибдорӣ мекунад, ба шарте, ки музокираҳо бо хатми ҷанги Афғонистон анҷоманд.
"Мо дар бораи ҳеҷ як тасмими расмӣ огоҳ нестем ва ҳеҷ огаҳии расмие дар заминаи ифтитоҳи дафтари Толибони Афғонистон дар Қатар дарёфт накардем. Вале мо омода ҳастем ҷараёнеро, ки ба пуштибонии Афғонистон равона шудааст, дастгирӣ кунем. Масъалаи ҳама гуна намояндагӣ мавзӯи баҳс барои давлати мизбон, афғонҳо ва Толибони Афғонистон аст”.
Рӯзи сешанбе Толибон эълон карданрд, ки барои ташкили дафтари сиёсии худ дар Халиҷ мувофиқат карданд, ва дар посух аз Амрико мехоҳанд, ки Толибони зиндониро аз боздоштгоҳи Гуантанамо озод кунанд.