Амрико мегӯяд, аз талошҳои Афғонистон барои сулҳ бо Толибон, аз ҷумла аз имкони гушоиши дафтари сисёсии Толибон дар Қатар ҳимоят мекунад. Хонум Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Амрико ҷонибдори чунин тавофуқот аст, агар он бо музокира анҷомад ва ба ҷанг дар Афғонистон хотима бахшад. Пештар Толибон эълон карданд, ки онҳо дар бораи боз кардани “дафтари сиёсӣ”-и худ дар Қатар ба тавофуқоти муқаддамотӣ даст ёфтаанд ва акнун омодаанд баъд аз як даҳсолаи ҷанг ба музокира биншинанд. Дар эъломияи худ Толибон хостори раҳоии зиндониёне шудаанд, ки дар боздоштгоҳи Гуантанамо нигаҳдорӣ мешаванд.