Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррухи хурдсол дар Петербург тоҷиконро муаррифӣ мекунад


Фаррух бо ҳамдаста ва мураббиёни худ
Фаррух бо ҳамдаста ва мураббиёни худ

Фаррух Мусоев яке аз номҳоест, ки дар ҷомеаи варзишии шаҳри Санкт Петербург зуд-зуд аз он ёдоварӣ мекунанд.

Аз комёбиҳои ин писари хурдсол матбуоти Санкт Петербург мақолаҳо ба нашр расондаанд. Барои вай дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ ва байналмиллалӣ дар толорҳо на танҳо муҳоҷирони тоҷик, балки сокинони маҳаллӣ низ каф мезананд ва бо вай ифтихор мекунанд. Аз комёбиҳои Фаррухи хурдсол дар чунин мусобиқот матбуоти Санкт Петербург мақолаҳо ба нашр расондаанд.

Моҳи ноябр дар яке аз толорҳои бузурги варзишии Санкт-Петербург мусобиқоти паҳлавонони ҷавон аз кишварҳои мустақил ба поён расид. Дар он 500 нафар гуштигирон ширкат карданд. Фаррух Мусоев дар вазни худ соҳиби ҷоизаи ин мусобиқот шуд. Михаил Каштан-мураббии Фаррух мегӯяд, дастпарвари вай ба унвони варзишгари рақами як ва гоҳе рақами дуи шаҳри Санкт Петербург ҳамеша ин шаҳрро дар муксобиқаҳо намояндагӣ мекунад. Михаил Каштан мегӯяд:



“Дар ин сину сол вай ба паҳлавонони дорои ояндаи хуб тааллуқ дорад. Вай дар ин ҷо тақрибан 2 сол машқ мекунад ва дар ин муддат вай дар чанд мусобиқаи бузурги сартосарии Русия пирӯзӣ ба даст овард. Ҳатто дар мусобиқаи байналмиллалӣ соҳиби ҷоиза шудааст. Он вақт вазни вай 29 кило буд. Ҳоло вайро ба вазни 32 кило гузаронидем. Дар ин вазн ҳам вай сатҳи баланди истеъдоду маҳорати худро нишон медиҳад. Вай узви дастаи мунтахаби шаҳри Санкт-Петербург дар гурӯҳи наврасони хурд мебошад”.


ФАРРУХ БАРОИ БОЗӢ "КАМТАР ВАҚТ ДОРАД"

Фаррух фарзанди бузурги хонавода аст. Бо кӯмаки падараш мо вайро телефонӣ дар толори машқ пайдо кардем. Вай ба мактаби русӣ меравад ва дар ҷараёни машқ низ гуфтугӯи онҳо ба забони русист, вале ба забони тоҷикӣ соддаву равон сӯҳбат мекунад. Баъд аз аҳволпурсии мухтасар аз вай пурсидам ҳафтае чанд бор ба толори машқ меояд?

Фаррух: Дар як ҳафта дар ин толор чор рӯз машқ мекунем. Ҳар вақт, ки ғалаба мекунам, хурсанд мешавам.
Суол: Вақти холӣ ҳам дорӣ?
Фаррух: Дорам, лекин он қадар ҳам бисёр не.
Суол: Дар вақтҳои холӣ чӣ кор мекунӣ?
Фаррух: Бисёр вақт машқ мекунам. Вақт монад, сайт медаром, сайт мебинам.
Суол: Кадом сайт медароӣ?
Фаррух: “Малодент”, “Контакт”.
Суол: Бо бародару хоҳаронат вақти бозӣ меёбӣ?
Фаррух: Бисёр не. Додарма як хел вақтҳо нигоҳ мекунам, қатеш бозӣ мекунам. Лекин бисёр не.
Суол: Барои чӣ бисёр не?
Фаррух: Вақт нест.
Суол: Бисёртар ба машқҳо меравӣ?
Фаррух: Бале.

ТАРБИЯИ ПИСАРАМРО БАРНОМАРЕЗӢ КАРДААМ


Хусрав-падари Фаррух 6 соли пеш дар ҷустуҷӯи кор ба Санкт Петербург омад. Вай баъд аз пайдо кардани кор хонаводааш, яъне зану чаҳор фарзандашро низ ба ин шаҳр даъват ва аз рӯзҳои аввал зиндагии худро барномарезӣ кард. Ҳоло шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст, бо вуҷуди ин ки шаҳрвандии Тоҷикистонро низ ҳамчунон нигоҳ медорад. Хусрав тарбияи фарзандонро ба пешомади қисмат насупурд, балки хост онҳоро бо истифода аз имкон зери тарбия бигирад. Вай дар ин бора чунин ақида дорад:

“Ман, ки дар Русия зиндагӣ мекунам, ба ин хулоса расидам, ки агар фарзанд бо дарсҳои мактабу варзиш саргарм бошад, барои беҳудагардӣ вақт пайдо намекунад. Субҳ ба мактаб меравад, то нисфирӯзӣ дар мактаб, баъд аз нисфирӯзӣ машқ, бегоҳӣ ба хона бармегардад, дарсҳояшро тайёр мекунад ва хоб меравад. Бо ҳамин кор ман вайро машғул карданӣ будам”
.
Аз Хусрав пурсидам, дар ин авохир писараш дар кадом мусобиқаҳо ширкат доштааст:

“Мусобиқоте, ки рӯзи 19 ноябр гузашт, дар он ҷо Фаррух ҷои якумро гирифт. Ин мусобиқаи шаҳри Санкт-Петербург ва вилоят буд. Баъд аз он боз як мусобиқаи дигар гузашт, ки мусобиқаи умумии Русия буд, аз дигар шаҳрҳои Русия иштирок карда буданд. Дар он ҷо дар вазни худаш ҷои дуввумро гирифт”.

ТОҶИКОН ИМКОНИ МАШҚ ДОРАНД

Падари Фаррух мегӯяд, фарзанди вайро се мураббӣ дар захираҳои олимпии Русия тибқи барномаҳои захираҳои олимпӣ машқ медиҳанд ва машқҳо барои Фаррух ройгон аст, зеро вай узви дастаи мунтахаби шаҳр аст. Чунин дастовардҳоро падараш натиҷаи заҳмати худи Фаррух ва маҳорати варзишии вай медонад.
Хусрав Мӯсоев мегӯяд, ҳар гоҳ, ки писарашро дар мусобиқаҳои сартосарии Русия ё байналмиллалӣ дар қаламрави Русия ҳамроҳӣ мекунад, писарони дигари тоҷикро низ дар ин мусобиқот ва дар навъҳои дигари варзиш мебинад:

“Бачаҳои тоҷик бисёранд. Онҳо бачаҳои худро дар дигар намудҳои варзиш мондагианд. Ин хел фарзандҳо ҳам вомехӯранд. Вақте, ки саволу ҷавоб мекунем, мегӯянд, ки мо тоҷик ҳастем”.

Фаррух Сатторов-раиси созмони ҷавонону донишҷӯёни Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербург аст. Вай маъмулан дар мусобиқаҳое, ки бо ширкати тоҷикон мегузарад, ширкат меҷӯяд. Ба гуфтаи вай, ҳоло бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик бо зиндагии маъмулӣ унс гирифтаанд ва мехоҳанд аз имконоти мавҷуда барои тарбияи фарзандонашон истифода кунанд:


Фаррух Сатторов
Фаррух Сатторов
“Вақте, ки муҳоҷирони мо ба Петербург меоянд, онҳо мехоҳанд барои фарзандони худ ояндаи хуб ташкил кунанд. Бахши варзиш дар Русия хуб маблағгузорӣ мешавад. Бо чунин гурӯҳҳои варзишӣ ҳамватанони мо имкон пайо мекунанд, ки ба ҳар ҷо сафар кунанд, бо ҳамсолони худ ошно шаванд. Ҷаҳонбинӣ васеъ мешавад. Муҳимтар он аст,ки дар ҷомеаи Санкт-Петербург муҳоҷирони корӣ ва фарзандони онҳо мавқеи худро пайдо мекунанд. Вақте, ки фарзанд дар мусобиқот ҷоиза мегирад, ифтихори падару модар аст. Онҳо ифтихор мекунад, ки фарзандашон дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардааст”.

Чунин намунаҳо дар Русия ҳастанд, вале кам. Ин намунаҳоро намешавад нодида гирифт. Фаррух-варзишгар ва навраси тоҷик ҳоло шаҳрвандии Русияро надорад. Вай шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вале дар пешрафти варзиши Русия аз ҳоло саҳм дорад. Ҷомеаи Русия барои тарбияи вай маблағ сарф мекунад. Падараш мегӯяд, ки медалу дипломҳои варзишии писараш роҳро барои гирифтани шаҳрвандӣ боз кардааст.

Хусрав Мӯсоев мегӯяд, дар чунин самт тарбия кардани фарзанд ҳеҷ душворӣ надорад, танҳо майлу кӯшиши волидайн кифоят мекунад, то муҳоҷирони кории тоҷик худро ба ҷомеаи Русия аз ин паҳлӯ нишон диҳанд ва тоҷиконро муаррифӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG