Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти масҷиди “Муҳаммадия” маҳдуд шуд


Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти масоҷиди ҷомеи мавсум ба “Муҳаммадия”-и шаҳри Ваҳдатро барои се моҳ мутавақиф кард.

Бар асоси ҳамин мусаввабаи кумитаи мазкур Нуриддин ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳо, имомхатибони ин масҷид аз симматашон барканор шудаанд. Кумитаи дин як нафари дигарро ба сурати муваққат хатиби намозҳои панҷвақтаи масҷиди “Муҳаммадия” таъйин кардааст.

Ҳеҷ яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо ҳатто ҳаққи имоматӣ дар намозҳои маъмулиро низ дар тӯли ин се моҳ нахоҳанд дошт. Баъди се моҳ кумитаи дин дубора дар ин маврид тасмим хоҳад гирифт, ки фаъолияти масҷиди ҷомеъро дубора иҷоза бидиҳад ва ё хайр.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00
Линки мустақим


Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, ин амр дар пайи иҷро нашудани шароити Қонуни дин дар масҷиди “Муҳаммадия” сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Тоҷиддин Лолаев, раиси Идораи дини шаҳри Ваҳдат намозгузорони ин масҷид, рӯзи ҷумъаи 9 декабр зимни ворид шудани намояндагони ҳукумат ва муфтии Тоҷикистон нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ карда ва муассисони масҷид, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо ҳастанд, аз ин амали пайравони худ ҷилавгирӣ накардаанд.

Дар акс: Саидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо (аз тарафи рост) ва дар паҳлуяш Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон. Масҷиди "Муҳаммадия", 9 декабр
Дар акс: Саидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо (аз тарафи рост) ва дар паҳлуяш Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон. Масҷиди "Муҳаммадия", 9 декабр
Оқои Лолаев гуфт, “барои вайрон кардани низомномаи масҷид, барои вайрон кардани Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба онҳо мӯҳлат дода шуд, ки ҳамин камбудиҳо бартараф карда шавад. Суханони қабеҳ гуфта шуд нисбат ба намояндагони ҳокимият, нисбати муфтии ҷумҳурӣ суханони ноҷо гуфта шуд аз сӯи иштирокдорон.”

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусулмонони Тоҷикистон ва аз шахсиятҳои саршиноси мазҳабӣ ва сиёсӣ дар кишвар мегӯяд, ин амр супоришӣ ва ҳадафмандона анҷом шудааст. Ӯ мегӯяд, дар воқеъ рӯзи 9 декабр Идораи дини шаҳри Ваҳдат як огаҳие ба онҳо дода буд, ки зимни он танҳо аз баргузории маросими Ошӯро изҳори норозигӣ мешуд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар мавриди тасмими Кумитаи дин роҷеъ ба боздошти муваққати фаъолияти масҷид гуфт, “ин супориш аст ба фикри ман, дар мо ҳукумати қонун нест. Ба пешниҳоди мо, ки ҳазрати Эшони калонӣ ба ҳайси имоми панҷвақта бимонанд, ба ин ҳам розӣ нашуданд. Ба хотири он, ки конфронтатсия нашаваду даргирӣ нашавад, мо дигар баҳс накардем. Зеро инҳо супориш иҷро мекунанд ва тасмимгиранда дар дигар ҷо нишастааст. Мо гуфтем, ҳар чӣ мекунед, бикунед, гуноҳу савобаш ба гардани худатон аст.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори тоҷик
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори тоҷик
Гуфта мешавад, барои намозгузорӣ дар ин масҷид, дар рӯзҳои ҷумъа аз 10 то 20 ҳазор нафар намозгузор аз сартосари Тоҷикистон гирди ҳам меоянд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии “Ховар” ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба "тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд.

Ҷаноби Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад кард ва гуфт, ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид. Ӯ гуфт, изҳороте, ки аз номи Шӯрои уламо пахш шудааст, бо аъзои он ҳамоҳанг нагашта ва аз тарафи онҳо пуштибонӣ наёфтааст. Ба дунбол Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфта буд, тасмим дорад, раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро барои баёнияи, ба гуфтаи ӯ, тӯҳматомез ва паст задани шаъну шарафи Тӯраҷонзодаҳо ба додгоҳ кашад.

Ба ҳар ҳол, манъи намози ҷумъа дар масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳо поёни ин моҷаро нест, балки ба бовари огоҳони умур, оғози як моҷарои бузургтарест.
XS
SM
MD
LG