Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” дар сабқати лигаи олӣ пешсаф аст


Бозиҳои даври 36-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст: “Гвардия” (Душанбе) - “Шодмон” (Ҳисор) – 2:3, “Вахш” (Қӯрғонтеппа) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – 1:0, ССКА “Помир” (Душанбе) - “Энергетик” (Душанбе) – 1:4.

Вале ба иллати ҳозир нашудани ҳайати дуввуми “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба бозӣ бо тими мизбон - “Равшан”-и Кӯлоб бар асоси низомномаи мусобиқот ҳайатҳои асосиву эҳтиётии “Равшан” бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуданд.

Ба иттилои Федератсиюни футболи Тоҷикистон бозии даври 36-ум миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба иллати ширкати 5 бозигари “Регар” дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё дар Қатар ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

31-уми октябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бозии мавқуфмондаи даври 18-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд баргузор мешавад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 18 гол дар ҷои аввал аст. Габриэл Донто (“Энергетик”) ва Комил Саидов (ССКА “Помир”) 17-голӣ, Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Пирмурод Бурҳонов (“Хайр”) 16-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

32

24

2

6

65-27

74

2.

"Регар-ТадАЗ"

29

21

4

4

75-22

67

3.

Истиқлол”

22

19

1

2

61-13

58

4.

"Хайр"

30

17

3

10

61-29

54

5.

Энергетик

30

16

3

11

58-45

51

6.

ССКА “Помир”

30

13

2

15

51-54

41

7.

"Вахш"

30

12

3

15

31-33

39

8.

уҷанд"

32

11

5

16

41-60

38

9.

Парвоз

33

8

4

21

33-63

28

10.

Шодмон”

33

7

2

24

35-89

23

11.

вардия"

31

2

3

26

28-104

9


Даври 37-ум

2-юми ноябр (чоршанбе)


“Шодмон” - ССКА “Помир”

“Парвоз” - “Гвардия”

“Регар-ТадАЗ” - “Вахш”

“Энергетик” - “Равшан”

3-юми ноябр (панҷшанбе)

“Истиқлол” - “Хайр”
XS
SM
MD
LG