Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Саттор: “Наметавонам дар сафи оппозитсия бошам”


Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Гуфтугӯ бо Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон ва мудири кулли шабакаи нашаротии “Чархи гардун”.

Рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид.

Вай, ки барои бори дуввум раиси Иттиҳодияи журналистон интихоб шудааст, аз чеҳраҳои муҳим дар майдони расонаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва аз обрӯи хубе ҳам дар миёни маҳофили мухталифи
Вақте ҳокимияти чаҳорум мешавад, ки сухани журналист қадр пайдо кунад. Дар даврони Шӯравӣ ҳарчанд матбуот идора мешуд, аммо қадр дошт...

журналистӣ бархӯрдор аст. Ӯ чандин нашрия, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад.

Акбари Саттор: “Таъсири нашрияҳо ва навиштаҳои рӯзноманигорон буд, ки интихоби раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бидуни алтернатива сурат гирифт. Зеро дар арафаи анҷумани ИЖТ ва махсусан як ҳафтаи пеш аз баргузории он масъалаи интихоби раис дар расонаҳо ба ҳар шакле инъикос ёфт, ки аксарият аз номзадии банда пуштибонии худро изҳор доштанд. Нафаре ҳам, ки мехост дар баробари раиси феълӣ номзадиашро пеш гузорад, шояд баъди мутолиаи ин навиштаҳо аз нияти худ даст кашид. Аз ҷониби дигар бардоштани бори вазнини ин вазифа душвориҳоеро дорад, ки на ҳар кас метавонад ба зимма бигирад. ИЖ-и имрӯза ИЖ-и давраи Шӯравӣ нест.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:13 0:00
Линки мустақим



Аслан ин Иттифоқ як Иттифоқи фурӯрафтаву пошхӯрдае буд, ки танҳо ба ном вуҷуд дошт. Тайи панҷ соли гузашта мо талош кардем, ки онро барқарор карда, рӯзноманигоронро дар ҳайати он ба ҳам оварем. Вале ин як кори осон набуд. Зеро, масалан, муносибат бо мо комилан мутафовит ва то ҳадде хастакунанда ҳам буд. Барои мисол, созмонҳои байнулмилалӣ бар ин гумонанд, ки ИЖТ як созмони давлатӣ аст ва аз ин рӯ аз ҳамкорӣ бо мо ҳарос мекунанд. Баръакс, ниҳодҳои давлатӣ аз изҳороту баёния ва умуман мавқеъгирии ИЖТ, ки дар баробари мушкилоти озодии баён ва нисбат ба дигар масъалаҳо эътироз мекунанд ва гоҳо ИЖТ-ро фурӯхташудаи созмонҳои байнулмилалӣ меҳисобанд. Яъне, ки байни обу оташ. Дар чунин вазъият як роҳи миёнаву мӯътадилро пайдо кардан кори осон набуд. Ман тӯли панҷ сол чунин бархӯрдро эҳсос кардам. Шояд ҳамин мушкилҳоро дигарон низ пай бурданд ва гуфтанд, акнун, ки оғоз кардааст, бигузор ба анҷом расонад ва аз номзадии ман дастгирӣ карданд.”

Анҷумани ёздаҳуми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Анҷумани ёздаҳуми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

“ИЖТ моли Акбари Саттор нест...”

Радиои Озодӣ: Аз ҷараёни кори анҷуман низ эҳсос мешуд, ки номзадии Шумо бидуни алтернатива пешниҳод мешавад. Ҳарчанд ташвиқ ҳам карданд, ки интихобот набояд бидуни рақобат баргузор шавад, аммо касе дигар пешниҳод нашуд. Ҳоло мегӯянд, ки ин “тарзи кор” аз қабл “гапзанон” шуда буд...

Акбари Саттор: “Як гурӯҳи тадорукотӣ, ки ба кори анҷуман машғул буданд, гуфтанд, ки раис, биё, як коре кунем, ки интихобот бо алтернатива сурат бигирад. Мисли баъзе аз ҳизбҳо нашавад. Нафареро меёбем, худамон пешбарӣ мекунем, вале медонем, ки ӯ намегузарад. Ман гуфтам: не. Зид баромадам. Барои чӣ? Барои он ки ман ҳеҷ вақт одами найрангбоз ва ба чунин дасисаҳову бозиҳо омехта набудам. Наметавонам бозӣ кунам. Ман одами реалӣ-воқеиам. Гуфтам дар ҳамон ҷо касе агар мард бошад, марҳамат ба майдон барояд. Ман ҳам дар баробари вай мебароям ва барномаи корамро пешниҳод мекунам. Бигузор вакилон ҳақ ва ихтиёри интихоб дошта бошанд. Мутаассифона, чунин нашуд. Танҳо номзадии Сайёфи Мизроб пешниҳод шуд, ки худи Сайёф ба ҷиҳати саломатӣ номзадиашро пас гирифт. Вале чуноне мушоҳида кардед, дар раёсати нав тақрибан роҳбарони ҳама созмонҳои журналистии Тоҷикистон аъзо шуданд. Аз ҷумла, Хуршеди Атовулло, Нуриддин Қаршибоев, Зиннатуллои Исмоил, Рустами Ҷонӣ ва чандин нафари дигар. Ҳузури онҳо дар раёсати Иттифоқи журналистон гуногунандеширо ба вуҷуд хоҳад овард. Ман аз таҷрибаи пешинаи кор дар Иттифоқ ба чунин натиҷа расидам, ки ҳатман дар раёсат бояд гуногунандешӣ, гуногунназариву гуногунмавқеӣ ҷо дошта бошад. Чун дар раёсати қаблӣ ҳама дорои як андеша ва назар буд ва ҳеҷ вақт баҳс ҳам рух намедод. Агар ҳамеша гапи раис гапи асосӣ бошад, он вақт кор пеш намеравад. Ба ман ҳатто гуфтанд, ки чунин шахсонро ҷамъ месозӣ, фикр намекунӣ, ки фардо аз дастат зада мегиранд. Ин моли Акбари Саттор нест. Моли ҷамъият аст. Панҷ сол пеш ҳам ман намехостам, ки раиси ИЖТ бошам. Танҳо як сухан, ки гуфтанд: “худат ба ИЖ ниёз надорӣ, лекин имрӯз ин Иттифоқ ба худат барин одам ниёз дорад” боис шуд, ки ба ин вазифа розӣ шавам. Ҳамон вақт ҳам пурсишҳо доир карда ба натиҷае расида буданд, ки ман метавонам бо ҳамаи ҷонибҳо забон биёбам. Ҳамин мӯътадилии хислати ман шояд сабаб низ шуда бошад, ки вакилон дар ду давра маро интихоб мекунанд.”

“Сухан” дубора фаъол мешавад?

Радиои Озодӣ: Ҳоло ки интихоб шудед, муҳимтарин ва наздиктарин вазифаҳои ИЖТ чӣ хоҳад буд?

Акбари Саттор: “Пеш аз ҳама такмили сохтори ИЖ. Зеро сохтораш бисёр заиф аст, чун манбаъи молиявиаш заиф мебошад. Дар анҷуман мушкилоти зиёди соҳа зикр карда шуд. Аз ҷумла, дар бораи тарбияи кадрҳо. Имрӯз аз Донишгоҳи миллӣ барои таҷрибаомӯзӣ тақрибан ки намеоянд. Ин мушкили рақами аввал аст. Дигар ин ки бо гузашти бист сол аз истиқлолият мо истиқлолияти иттиллоотӣ надорем. Мо кишвари мустақил ҳамагӣ як рӯзнома дорем. Ҳоло мо андеша дорем, ки АЖР яъне Оҷонси тадқиқоти журналистиро дар назди ИЖ ташкил намоем. Ин ниятро пештар низ доштем, аммо барои иҷрои он маблағ зарур аст. Азбаски муҳассилини факултетҳои журналистӣ аз ҳамкорӣ бо мо дурӣ меҷӯянд, мо тасмим гирифтем шӯъбаҳои ин Оҷонсиро дар назди ҳамин факултетҳо ифтитоҳ намоем. Он чизе, ки мо супориш медиҳем ва ё он чизе, ки худи рӯзноманигорони донишҷӯ пешниҳод ва омода мекунанд, мо дар асоси қарордод ба нашрияҳо мефурӯшем. Ҳамчунин талош хоҳем кард, ки “Сухан”-нашрияи ИЖТ-ро дубора фаъол созем. Пештар ду шумора чоп кардем, аммо боз ҳам мушкили молӣ имкон надод, ки ба чопи он идома диҳем.”

“Ахлоқи исломӣ” ё “ахлоқи инсонӣ”?

Радиои Озодӣ: Шумо беш аз бист сол аст, ки дар саҳнаи матбуот фаъолият доред ва бо такя ба таҷриба ва малакае, ки дар ин арса ҳосил кардед, оё метавонед бигӯед, ки нақши ҳокимияти чаҳорум дар Тоҷикистон то чӣ ҳад муассир аст?

Акбари Саттор: “Ман дар бораи “ҳокимиятҳо” гуфтанро дӯст намедорам. Вале аз он солҳое, ки барои аввалин маротиба ба чопи нашрияи хусусӣ даст задам, солҳои 1994-95-96 ҳамин чизро метавонам бигӯям, ки он замон мардум аз сиёсат ва аз тиру туфангу ҷанг безор шуда буд. Мо сари вақт ва дар маҳаллу замони лозим даст ба кор шудем. Он нашрияҳои фароғатие, ки ман таъсис додам, аз ҷумла “Чархи Гардун” ба инъикоси мавзӯи иҷтимоӣ, варзиш, ахлоқу одоб ва мушкилоти хонаводаҳо машғул шуданд. Аммо ҳамон вақт ҳам мушкилот буд. Масалан, зикри калимаи “исломӣ” дар матбуот кори саҳл набуд. Як вақт мо рубрика доштем бо номи “Ахлоқи исломӣ”. Аз чандин ҷо вокуниш шуд, ки чаро боз исломӣ? Ман гуфтам, ки на, мо он чизе, ки дар ислом ҳаст, онро гирифта ба мардум медиҳем, яъне панду ахлоқ, тарғиби чизи дигар нест. Баъди чунин суханҳову фишорҳо мо онро бо “Ахлоқи инсонӣ” иваз кардем. Ёдам ҳаст, як бор мо як шеъри Бозор Собирро, ки аз радиои «Озодӣ» шунида навишта карда буданд, бо сурати хандони шоир дар саҳифаи аввал чоп кардем. Он қадар аз ҷониби мардум вокуниш нишон дода шуд, ки мо тасаввур намекардем. Онҳо мегуфтанд, вақте хондем, фикр кардем дар Тоҷикистон сулҳ омадааст. Мо он вақт мавзӯъҳоеро ба мардум пешкаш кардем, ки ба дарди мардум мехӯрд. Барои мисол мо «телефони боварӣ» доштем. Мардум омада гап мезад, алами дилашро мебаровард, аламзада зиёд буд: фарзанд, модар падар ва бародар гум карда буданд. Лекин ин рисолати он давраи рӯзнома буд. Имрӯз талаботи мардум дигар шудааст. Ҳоло бо он қиссаҳои хонаводагӣ наметавон харидор пайдо кард. Ба онҳо ахбори босифат ва таҳлилҳои амиқ даркор. Вале ҳоло, ки мо мехоҳем ба ин корҳо машғул шавем, кадр надорем. Чандин рӯзноманигори боқуввати мо ҳоло соҳиби рӯзнома шуда аз навиштан бозмондаанд. Онҳо акнун манфиатҳои пулӣ ва молии рӯзномаи худро, манфиатҳои гурӯҳи худро пеш мебаранд. Манфиатҳои мо дигархелтар, манфиати пулӣ шуд. Аз манфиатҳои журналистӣ хеле дур шудем.”

“Журналистика дар мо озод аст”

Радиои Озодӣ: Яъне, ҳанӯз матбуот дар Тоҷикистон «ҳокимияти чаҳорум» нашудааст?

Акбари Саттор: “Вақте ҳокимияти чаҳорум мешавад, ки сухани журналист қадр пайдо кунад. Дар даврони Шӯравӣ ҳарчанд матбуот идора мешуд, аммо қадр дошт. Ҳар як нуқта тафтиш мешуд. Имрӯз озодӣ додаанд, ки марҳамат гуфтан гиред, аммо вокуниш нест. Ҳам аз рӯи қонунгузорӣ ва ҳам аз журналистика мо озодиҳои бештар дорем. Шояд дар боло ҳам ҳамин тавр маслиҳат шуда бошад, ки монед гуфтан гиранд, дар хориҷа мегӯем, ки дар мо озодии сухан вуҷуд дорад. Дар Қазоқистон барои мисол қариб тамоми журналистика дар дасти магнатҳои нафту газ аст. Ҳатто созмонҳое, ки аз тарафи хориҷиён маблағгузорӣ мешаванд низ дар дасти онҳост. Дар мо чӣ? Соҳибрӯзнома худи рӯзноманигорон ҳастанд. Ягон хориҷӣ ҳеҷ кадом аз рӯзномаҳои моро маблағгузорӣ намекунад. Барои ҳамин журналистика дар мо озодтар аст.”

“Камбағал толеънома мехонад”

Радиои Озодӣ: Чун сухан дар бораи манфиатҳои молии нашрияҳо рафт, оё метавонед гӯед, ки ҳафтаномаҳои ғайридавлатии мо то чӣ андоза мустақиланд? Яъне, вобастаи гурӯҳ ва ё фармоишгар нестанд...

Акбари Саттор: “Ман дар бораи фармоишот чизе намедонам, аммо он гоҳ метавон мустақил буд, ки аз ҷиҳати молӣ нашрия худкифо бошад. Дар асл ягон ҳафтаномаи мо худкифо нест. Маоши кам медиҳем, барои кадрҳои хубро ҷалб кардан пули хуб пешниҳод намекунем. Агар як нафар хоҳад дар ягон рӯзномаи мо реклама диҳад, даҳ нафари дигар аз дунболи ӯ медаванд, ки биёву рекламаатро ба мо низ бидеҳ. Бозори хеле заиф дорем. Яъне ҳар қадар, ки реклама зиёд шавад, ҳамон қадар метавон худкифо шуд. Дар мо кӣ реклама медиҳад? Аслан созмонҳои хориҷӣ ва он ширкатҳое, ки байни худ рақобат доранд. Ширкатҳои мобиливу дару тирезасозӣ, дигар нест. Масалан, мо хостем дар бораи тарабхонаҳои шаҳри Душанбе дар ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” як замима, як саҳифаи ранга чоп кунем, ки ин метавонист барои хориҷиён як рекламаи хуб шавад. Аз 38 тарабхона танҳо якеаш пул доду гуфт, ки моро реклама накунед (механдад). Мо аз онҳо пули зиёд напурсида будем, ҳамагӣ 100 доллар барои як саҳифаи ранга, ки барои тарабхона пуле нест. Аз рекламадиҳӣ метарсанд. Аз ин хотир ман гуфтаниам, ки то тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон рушд накунад, рӯзнома ҳам рушд намекунад. Ахбор ба кӣ даркор аст? Ахбор барои одаме, ки кор мекунад, даркор аст. Камбағал телевизор тамошо мекунад, гороскоп мехонаду бо ҳамин вассалом.”

Радиои Озодӣ: Оне, ки пул доду хоҳиш кард, ки реклама накунед, шояд аз андозу дигар чизҳо тарсид...

Акбари Саттор: “Шояд сабаб тарс ҳам бошад, чун мардуми мо аз озодона дар бораи тиҷорати худ гуфтан метарсанд. Баръакс, кӯшиш мекунанд, ки пинҳон кунанд. Чашм мерасад мегӯянд, баъзеҳо аз мақомотҳои тафтишӣ метарсанд, шояд.”

Хуб аст, ки бо корду автомат намезананд...

Радиои Озодӣ: Ин ҷо дар мавриди бархӯрди давлат бо расонаҳо ёдовар шудед. Инак, панҷ сол як давраи роҳбариро пушти сар кардед, муносибати давлатро бо расонаҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Акбари Саттор: “Ба ҳар сурат аз соли 2005, ки фармони президент дар бораи баргузории нишастҳои матбуотӣ содир шуд ва ҳоло онро ба ду маротиба дар сол коҳиш доданд, фикр мекунам, як дастгирии хеле хуби роҳбари давлат буд, ки расонаҳо ҳар се моҳ бо нафари аввал во мехӯрданд. Амри таҳти рақами 622 низ дастгирии хуб аст. Аммо ин чиновникҳои поёнӣ ҳастанд, ки ҳама корро расво мекунанд. Ният нияти хуб буд ва нав самараи худро медод, механизми худро пайдо карда буд, ки онро барҳам доданд. Худи раисҷумҳур қариб дар ҳамаи маҷлисҳо аз журналистон дифоъ мекунад ва мегӯяд, инҳо шахсоне ҳастанд, ки буғи ҷомеаро мебароранд. Ин бисёр кори хуб аст, хусусан, вақте ки мо ба созмонҳои байналхалқӣ, ки аъзояшон ҳастему ҳисобот медиҳем. Дар кишварҳои исломӣ аз мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ сухан мекунем, дар Аврупо мо пеш аз ҳама аз озодии сухан меболем. Имиҷи роҳбарияти давлат дар хориҷи кишвар мусбат аст, аммо ин судбозиҳои вақтҳои ахир метавонанд дар он халал ворид кунанд. Аз як тараф хуб аст, ки моро бо корду автомат намезананду ҳоло ба суд медиҳанд. Ин хуб аст, чун худи мо тақозои демократия кардем, аммо ин судбозиҳо аксарияташ беасос сурат мегиранд. Ин ҳам як расм шудааст дар ҷомеаи мо. Ҳозир ҳамсоя ҳамсояро, додар бародарро ба додгоҳ мекашанд. Қазияҳои додгоҳӣ на танҳо дар рӯзномаҳо, балки миёни ҷомеа ва хусусан миёни навоиладорҳо хеле зиёд шудаанд. Манфиатхоҳӣ зиёд шуд. Ҳозир миёни мансабдорони мо боз як расми дигар пайдо шудааст. Агар ягон мақолаи танқидӣ чоп кунӣ, мегӯянд, ҳа, ман медонам ин мақолаи “заказной” аст. Бародарони мансабдор, охир инҳо журналист ҳастанд ва ин вазифаи онҳо аст. Танқид кардан ин вазифаи асосии журналистика аст. Ифшо кардани камбудии шумо ин вазифаи ҷониву калидии журналист аст. Ман худам хуб медонам, ки кадом мақола супоришиву кадомаш бӯи шашлик ё бӯи доллар мекунад. Ман инро зуд эҳсос мекунам дар ҳар кадом рӯзномае, ки чунин мақоларо бихонам. Матлаби супоришӣ ин шахс ва ё ниҳодро, аз поя мезанад, решаатро меканад. Супоришӣ ин хел мешавад. Он чизҳое, ки ҳоло сарсарӣ менависанд куҷои он супоришӣ аст? Вале аз рӯи мушоҳидаҳои ман таҳмили андешаҳо ниҳоят зиёд шудааст дар журналистикаи тоҷик. Такя на ба факту рақамҳо, балки такя ба андешаҳои шахсӣ. Ин бад аст, албатта. Барои он ки мо худамонро набояд аз ҷомеа боло донем.”

Чаро раисиҷумҳур танқид намешавад?

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки худи раисҷумҳур мехоҳад матбуот боҷуръаттар бошад ва зиёд танқид кунад, то буғи ҷомеа барояд. Пас, барои чӣ расонаҳои мо худи раисҷумурро интиқод намекунанд?

Акбари Саттор: “Фикр мекунам ин худсонсурӣ ҳам ҳаст. Аз тарафи дигар ин як одоби хонаводагии мо аст, ки мегӯяд ба шахси аввали оила, ба падар ва ё модар чашм ало накун, гапи баланд назан. Аммо ба худи роҳбар ҳам нарасанд, аз ҳукумат аз нафарони аввали роҳбарият танқид кардан алакай худ интиқоди ҳукумат аст, ки рӯзномаҳои мухталифи мо ин корро мекунанд.”


Радиои Озодӣ: Гӯиё бо роҳҳову усулҳое ба сармуҳаррирон ва муассисон мегуфтаанд, ки хуб интиқод кунед, аммо президент бояд истисно бошад. Шумо, ки роҳбари ИЖТ ва соҳиби чанд ҳафтанома ҳастед аз чунин сӯҳбатҳо огоҳӣ доред? Ё ҳанӯз ҳам сарнавишти “Рӯзи нав” намегузорад, ки ҷуръати интиқод пайдо шавад?

Акбари Саттор: “На дар фаъолияти рӯзноманигориам ва на дар рӯзномабарориам боре ҳам нашудааст, ки паси парда нишаста, чунин сӯҳбате карда бошем. Ин ҷо ҷуръат лозим нест, ин тарбияи шарқии мост. Ҷуръат он вақт пайдо мешавад, ки касбият баланд бошад. Ҳафтаномаҳои “Нерӯи сухан” ва “Пайкон” мушкилоти молӣ доштанд. Вақти аз чоп мондани “Рӯзи нав” ман раиси ИЖТ набудам.”

Радиои Озодӣ: Дар бисёр сафарҳои хориҷа роҳбари кишварро ҳамроҳӣ мекунед. Раисиҷумҳур бо Шумо, ки роҳбари ИЖТ ҳастед, аз мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мепурсад ё ӯ ҳам ба он чизе, ки дар телевизиони тоҷик нишон медиҳанд, бовар дорад?

Акбари Саттор: “Чанд боре, ки бо президент дар сафарҳои сатҳи давлатӣ будам, ман ба ҳайси як рӯзноманигори оддӣ, на ба ҳайси раиси ИЖТ ширкат доштам. Боре ҳам нашудааст, ки ман дар ҳайати расмӣ ба унвони раиси ИЖТ сафар карда бошам. Баъдан ин сафарҳо фурсате ҳам намедиҳанд барои чунин сӯҳбатҳо.”

Радиои Озодӣ: Дар даруни ҳавопаймо ё вақти истироҳат намепурсад, ки Акбаралӣ чӣ ҳол дорӣ?

Акбари Саттор: “Ин кори шахсӣ аст ва ба кори рӯзноманигории ман ҳеҷ дахолат надорад.”

“Нияти депутатшавӣ надорам”

Радиои Озодӣ: Барои чӣ Акбари Саттор, ки ин қадар ҳафтаномаҳо дорад, ба қавле як рӯзномаи “ҷиддӣ” нашр намекунад?

Акбари Саттор: “Шояд ин суханонро касоне мегӯянд, ки аз муҳтавои ҳафтаномаҳои ман бехабаранд ва ё намехонанд. Ҳамин ҳафтаномаи “Авитсена”, ки дар бораи саломатӣ менависад, барои ман кори ҷиддӣ аст. Ҳар ҳафта дусад-сесад нафар кӯдакон меоянд, барои ман ин ҷиддӣ аст. Ман мақсади сиёсӣ надорам. Яъне мақсади депутатшавӣ, мақсади ба нерӯҳои сиёсӣ ва ё ҳукумат ворид шуданро надорам. Баръакс, ман сиёсати имрӯзаи давлатро дар ҳамин шакл дастгирӣ мекунам ва ман наметавонам дар сафи оппозитсия бошам. Аммо ҳамчун журналист дар ҳафтаномаҳои мо ҳам аз камбудиҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз кадрҳои нолоиқ менависанд. Ман аз аввали соли 90 фаъолияти рӯзноманигориро сар кардам, маро барои кор кардан ба рӯзномаи “Чароғи рӯз” ҳам даъват карданд. Ман гуфтам, ки ман наметавонам. Ман одами дар чаҳорчӯбаи қонун ҳастам.”

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки дигар намехостам дар вазифаи раиси ИЖТ кор кунам, аммо зиёд хоҳиш карданд ва ман маҷбур шудам, ки онро боз ба зиммаи худ гирам. Киҳо маҷбур карданд?

Акбари Саттор: “Аз раёсати пешинаи ИЖТ, Нур Табаров, Мирзоҳаёт Давлатов ва дигарон. Имрӯз ҳам аз ҷониби худи рӯзноманигорон ҳамин хел хоҳиш шуд. Бо ҳукумат бошад, мо ягон сарукор надорем, ба ғайр аз андозсупорӣ.”

Мавзӯъи арӯсу хушдоман дигар харидор надорад

Радиои Озодӣ: Ба унвони як шахси соҳибтаҷрибаи соҳаи матбуот фикр мекунед, ки имрӯз кадом мавзӯъҳо бозоргиранд?

Акбари Саттор: “Агар медонистам, шояд, ки рӯзномаҳоям хеле бозоргир мешуданд. Ба фикри ман имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон интизори матолиби таҳлиливу ахбори дақиқ аст. Бо мавзӯъҳои сабук наметавон бозоргир шуд. Сифати баланд, таҳлилҳои боқувватро ҷомеа аз мо журналистон интизор аст. Дар он даврае, ки мо корро сар кардем, давраи бӯҳрониву ҷанги шаҳрвандӣ буд ва ба ин мавзӯъҳо дигар ҷомеаро ҷалб кардан намешавад. Мардум имрӯз он ахбореро интизоранд, ки ба дарди имрӯзаи онҳо бархӯрад.”

Дар бораи Инсоф...

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки барои рӯзноманигорони тоҷик таъсиси як «профсоюз» ва ё иттиҳодияи синфӣ зарур аст?

Акбари Саттор: “Бархӯрди манфиатҳо ҳамеша вуҷуд дошт. Ҳатто дар сари таъсиси ҳамин кооператив ё Хадамоти алтернативии Почта, ки бо сармояи хориҷиҳо бояд ба фаъолият оғоз кунад. Ман ҳамеша такя мекунам ба инсоф. Ба инсофи онҳое, ки ҳоло вориди раёсат шуданд ва панҷ сол бо онҳо кор мекунам. Агар дидаву дониста аз ҳуқуқи як журналист дифоъ накунем, пас, ин роҳбарии мо чӣ маъно хоҳад дошт ва инсоф дар куҷо мемонад. Шояд, ки дар оянда Иттифоқ ба як созмони тавоно мубаддал гардад. Аммо ҳозир аз ин одамҳо хеле чизҳо вобаста аст. Масалан, ҳоло ки Нуриддин Қаршибоев, Зиннатулои Исмоил ва Хуршеди Атовулло, ки ҳар кадоме созмонҳои дигари журналистиро роҳбарӣ мекунанд, вориди раёсат шуданд, метавонанд рисолати ин иттиҳодияро низ ба анҷом расонанд. Барои мисол, агар дар мавриди масъалае ихтилофи назар буруз кард ва дар Иттифоқ гапашон нагузашт, онҳо метавонанд ба воситаи созмонҳои худ сухани худро бигӯянд. Бубинед, ҳоло масалан рӯзи 11 март -рӯзи Иди касбии рӯзноманигорон боиси ҷангҷолҳои зиёд мешавад. Ин рӯз ба ҷои он ки мардумро муттаҳид кунад, баръакс ҷудоӣ меоварад. Журналистҳо ба давлативу ғайридавлатӣ ҷудо шудаанд. Ман дар 5 соли кор инро мушоҳида кардам. Масалан, чорабинии асосиро дар ин рӯз вазорати фарҳанг доир мекунад ва мо онҳоро танҳо ҳамроҳӣ мекунем. Ҳоло бо ҷамъ овардани масъулини созмонҳои рӯзноманигорӣ ин ҷашнро минбаъд худи рӯзноманигорҳо метавонанд ба даст бигиранд. Мо ҷудо нашавем, ҷудо накунем, чун иди касбии мост. Вале ҳоло ҳамин тавр аст.”

Ҳамкорӣ: Аз САҲА то Талко

Радиои Озодӣ: Тӯли панҷ соли фаъолият дар раъси ИЖТ ҳамкориро бо созмону муассисаҳои дохиливу хориҷӣ чи гуна ба роҳ мондед, оё онҳо кӯмак карданд?

Акбари Саттор: “Тӯли ин панҷ сол мо ҳамкориҳои зиёд доштем, ҳам бо созмонҳои байнулмилалӣ, сафоратҳо ва низ ниҳодҳои давлатӣ. Ҳамкориҳои мо бо САҲА, сафорати Амрико ва Бритониё, созмони Интернюс нетворк ва аз ниҳодҳои давлатӣ каму беш бо Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир ва Идораи бозрасии давлатӣ ё ГАИ.”

Радиои Озодӣ: Бо корхонаи Талко чӣ?

Акбари Саттор: “Бале, бо Талко низ барномаҳои ҳамкориро рӯи даст дорем, аз ҷумла як лоиҳаи якҷояро пиёда кардем. Фаъолияти котибони матбуотии вазорату идораҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.”

Радиои Озодӣ: Ба унвони яке аз соҳибрӯзномаҳо, ки дар бозори матбуот фаъолият доред, метавонед бигӯед, ки болотарин тиражи нашрияҳои Шумо дар кадом солҳо иттифоқ афтода буд?

Акбари Саттор: “Болотарин тиражро нашрияи «Дайджест-пресс» дошт, ки ин шумора то соли 2000 идома кард, яъне то саду бист ҳазор ва баъдан «Чархи гардун», ки то 80 ҳазор нусха мунташир мешуд.”

Шоколадро мехарад, нашрияро не

Радиои Озодӣ: Ҳозир чаро чунин нест?

Акбари Саттор: “Дар ҳар намуди тиҷорат аз ҷумла дар тиҷорати рӯзнома ҳам чанд омил нақш мебозад. Яке омили нуфус ва ё шумори аҳолӣ аст. Масалан агар аҳолии кишвар 10 миллион бошад, шояд 100 ҳазор нашрия чоп шавад. Аммо имрӯз мардуме, ки мехоҳад бихонад, пул надорад, вале онҳое, ки пул доранд ба мутолиа рағбату завқ надоранд. Дар маҷмӯъ теъдоди ҳама рӯзномаҳо кам аст. Мо бояд нархро поин барем ва арзон кунем. Аммо нарх он вақт арзон мешавад, ки тираж боло бошад ва реклама дошта бошем ва ё коғаз арзонтар дастрас шавад. Ин ҷо мехоҳам аз таҷриба як чизеро бигӯям. Мо як нашрия дорем бо номи «Аладдин», аз соли 1999 чоп мешавад, ба таври ранга ва бо забони русӣ. Баъдан мо нусхаи тоҷикии он «Анӯшервон»-ро таъсис додем. Метавон гуфт нусхаи тоҷикии «Аладдин». Ҳарчанд талош мекунем «Анӯшервон» аз як ҳазор дона зиёд намеравад, дар ҳоле ки «Аладдин» то 12 ҳазор нусха чоп мешавад. Ҳатто ба мактабҳо рафта ташвиқот ҳам кардем, нашуд. Мардуми мо ба тарбияи маънавии кӯдак чандон эътибор намедиҳад. Масалан, як шоколади 3 сомониро мехарад, аммо нашрияи 1 сомониро намехарад. Ҳоло баъзе аз ҳамватанони мо хонаҳои бошукӯҳ сохтаанд, дар баъзеаш будам. Гаронтарин ҷиҳоз харидорӣ шудааст, аммо барои мутолиаи фарзандон шароите, ки бояд бошад, фароҳам нест. Ба кӯдакҳо телефонҳои гаронбаҳо мехаранд, аммо нашрия намехаранд. Ҳоло ин пулдорҳои мо ашрофзода нестанд. Барои шаҳрӣ шудан чанд насл бояд иваз шавад. Барои он ки сокини пойтахт бошиву шаҳрӣ шавиву тафаккури шаҳрӣ дошта бошӣ, бояд чанд насл иваз шавад.

Тафаккури мо ҳанӯз деҳотӣ аст...

Як вақт Сайёфи Мизроб назди ман омаду гуфт, биё, як нашрия мекушоем, ту маблағгузорӣ кун, номашро мегузорем “Элита”. Гуфтам “Элита”-ро барои кӣ нашр мекунӣ? Гуфт барои элитаи худамон. Ман гуфтам, ки мо дар куҷо элита дорем: на элитаи сиёсӣ, на фарҳангӣ ва на иқтисодӣ дорем. Нест, надорем. Оне, ки мо дирӯз аз қишлоқ омадем, соҳиби мошин, ҷои кор, хонаву пул ва пойтахтнишин шудем, маънои элита буданро надорад чун тафаккури мо ҳанӯз қишлоқӣ аст. Мо хонаҳоямонро имрӯз таъмири зебои аврупоӣ мекунем, дар тақлиду пайравӣ он чизеро аврупоӣ пӯшад, пӯшида истодаем, лекин тафаккурамон ҳамоно музофотӣ боқӣ монд. Он урфу одатеро, ки дар қишлоқ доштем гирифта бо худ овардаем. Ҳар кас аз деҳае худ як расмеро овард ва инҷо шуд шаҳр. Ҳама корамон нимкора:- нимакоммунист, нимисломист, нимҷангзада ва нимашаробӣ ва ҳамааш омехта шудааст. Дар журналистика ҳам ҳамин тавр аст. Барои онки ин ҳама имрӯз пулро диданд. Мо ҳатто муносибат бо пулро ёд нагирифтаем. Бубинед, чаҳор сум пул меёбад, муносибаташ тамоман дигар мешавад. Журналистҳои мо ҳам ҳамин хел. Дар журналистика ҳам тафаккури Шӯравӣ ба тиҷорат омехтааст. Аз як тараф мехоҳад тиҷорат кунад аз тарафи дигар тафаккур тафаккури кӯҳна. Ман шахсан худам будам журналисти оддӣ, будам муҳаррир, будам муассис. Ин се нафар аст, се нафари алоҳида. Ман ҳамчун журналисти оддӣ барои ҳар як ҷумла ва калимаам мубориза мебурдам. Мо дар ҷаласаҳо ҳамон ба истилоҳ “пятиминуткаҳо” мақолаамонро мефурӯхтем. Мавзӯъ пешниҳод мекардем. Далел меовардем, исбот мекардем, ки чаро ин мавзӯъ бояд навишта ва чоп шавад. Ҳозир ман маҷбур мешавам, ки фикр кунам ва мавзӯъ диҳам. Чаро ман бояд мавзӯъ диҳам. Ҳозир ман кордиҳанда нестам. Ҳоло ман як майдонча медиҳам, ки журналист пул кор кунад: ҳам ба худаш, ҳам барои ман. Ин аст фаҳмиши бозор. Бубинед, чи хеле пештар ҳам гуфтам, ду сол мешавад мо наметавонем ҳамон кооператив ё Хадамоти алтернативии Почтаро роҳандозӣ кунем. Ба хотири чӣ? Ба хотири он ки манфиатҳо бо ҳам бархӯрданд. Бояд манофеи гурӯҳи калони соҳибрӯзномаҳо, ки дар таъсиси он масъулият дорем, ба ҳам ояд, намеояд. Зеро намехоҳанд дар баробари нашрияи онҳо рӯзномае, ки нав таъсис ёфтааст, фурӯхта шавад. Лекин шарти хориҷиҳо, онҳое, ки ин лоиҳаро сармоягузорӣ мекунанд, маҳз чунин талабот дорад. Яъне, ду сол аст мо баҳси журналистӣ дорем, на тиҷоратӣ. Журналист ҳамеша мушкилот мекобад ва онро матраҳ мекунад, тоҷир бояд онро ҳал кунад. Сухани охир аз тоҷир аст. Ман аз кӯдакиам дар мағоза бузург шудаам. Падарам дӯкони сайёр (автолавка) дошт. Аз кӯдакӣ даруни пул калон шудам, ҳарчанд пули мо набуд, пули давлат буд. Мо пул ҳисоб мекардем, ҳар ҳафта 20-30 ҳазор, дарза-дарза пулро падарам ба бонки давлатӣ месупорид. Чашмам сер буд. Се соле, ки дар Санкт-Петербург мехондам шабҳо кор мекардам, рӯз дарс мехондам ва бегоҳ машқ-варзиш. Барои он ки ба кор дароям, ду ҳафта пушти дари сардабири «Тоҷикистони советӣ» нишаста будам. Ҳозир журналистшаванда, оне, ки мехоҳад кор бигирад, занг мезанаду бидуни кадом муқаддима ва ҳатто салом мепурсад, дар куҷоӣ? Хуб, масалан, дар сари дастурхон ё дар ҷаласа ҳастам. Мегӯяд, тезтар биё, ки вақт надорам, яъне ба кордеҳ ин тавр муносибат мекунад. Ҳамаи ин аз фаросати қишлоқии мо аст. Ҳоло мо шаҳрнишин нашудаем. Вале мехоҳем худамонро аз будамон зиёд нишон диҳем..."

Ҳолномаи Акбари Саттор

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, мудири кулли шабакаи нашаротии “Чархи гардун”. Соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Хидмати сарбозиро дар замони Шӯравӣ дар Сибир ба анҷом мерасонад.

Ба шӯъбаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шомил шуда ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург)-и Русияро хатм мекунад. Кори хабарнигориро дар нашрияи “Тоҷикистони Шӯравӣ” оғоз кардааст. Сипас, ба сифати мудири шӯъба барои кор ба “Садои мардум” даъват мешавад. Бо оғози муқовиматҳои дохилӣ чанд муддат тарки пеша карда, даст ба тиҷорат мезанад.

Дар соли 1994 нашрияи “Дайджест-пресс”-ро бунёд ниҳода ва ҳамин тавр дар солҳои минбаъда чопи нашрияҳои фарҳангиву фароғатӣ ва кӯдаконаеро бо номҳои “Чархи гардун”, “Авитсенна”, “Аладдин”, “Анӯшервон”, “Зан ва мард”-ро ба роҳ мемонад. Аз соли 2006 ба ин сӯ раёсати Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
XS
SM
MD
LG