Анвар Юнусов дар пайи пирӯзӣ бар Сергей Водопянов ба даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон роҳ ёфт. Водопянов қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2007 имсол низ як довталаби умда ба унвони қаҳрамонӣ дар вазни 56 кило маҳсуб мешуд, вале муштзани тоҷик пеши роҳи ӯ ба қуллаи пирӯзиро гирифт.
Анвар Юнусов рӯзи 7 октябр барои дарёфти роҳхат ба бозии ниҳоӣ бо Луис Алварес аз Куба рақобат хоҳад кард. Баъди шикасти муштзанҳои дигари тоҷик -- Мададӣ Нағзибеков ва Ҷаҳон Қурбонов дар даври ҳаштякниҳоӣ, Анвар охирин муштзани тоҷик аст, ки бо вуҷуди ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи соли оянда дар Лондон муборизаро барои унвони қаҳрамонӣ дар Боку ҳамоно идома медиҳад.
Анвар Юнусов рӯзи чаҳоруми октябр дар мусобиқаи Боку ба дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ноил шуд. Вай дар вазни 56 килограм бар Люк Бойд аз Австралия пирузӣ ба даст овард. Анвар дар набарди қаблӣ Фурҳон Мемисро аз Туркия мағлуб кард.
Ин муштзани тоҷик моҳи августи соли ҷорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Куриёи Ҷанубӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд.
Дар ҳоли ҳозир Анвар Юнусов пас аз Дилшод Назаров, раҳбари Федератсиюни варзишҳои сабук ва гуразандози шинохтаи тоҷик, дуввумин варзишгари тоҷик аст, ки роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012-ро ба даст овардааст. Вай соли 2008 низ дар бозиҳои олимпии Пекини Чин ширкат дошт.