Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар маросиме заминашро ба Чин тақдим кард


Қаламрави Помири Тоҷикистон
Қаламрави Помири Тоҷикистон
Бино ба хабарҳои матбуотӣ, Тоҷикистон ба таври мутантан дар маросиме 1 ҳазору 158 километри мураббаъ қаламрави худро ба Чин тақдим кард. Ин иқдом бар асоси мувофиқатномаи миёни ду кишвар анҷом гирифтааст, ки дар гузашта ба имзо расида буд ва дар матбуот сару садоҳо ба бор овард. Дар хабарҳо омадааст, дар ин маросим низомиёни Тоҷикистону Чин ба ин муносибат ба якдигар барои хотира ҳадяҳо тақдим кардаанд. Рӯзномаи инглисизабони “Global Times”-чопи Чин навиштааст, ин маросим аслан 20 сентябр анҷом гирифтааст, вале Чин аз нашри ин хабар то 1 октябр, яъне рӯзи солгарди ташкили давлати Чин худдорӣ кардааст. Соли гузашта Қазоқистон пешниҳоди Чинро дар бораи иҷора додани як миллион ҳектор замин ба Чин дар имтидоди марзаш рад карда буд.
XS
SM
MD
LG