Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад. Баҳси қонуни дини Қазоқистон


Қазоқистон қонуни нави динро қабул хоҳад кард, ки назорати шадиди созмонҳои диниро дар назар дорад.

Пешбинӣ мешавад, ки рӯзҳои наздик раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ин қонунро ба имзо расонад. Тарҳи ин санад, ки 21-уми сентябр аз тарафи вакилони порлумони Қазоқистон ба тасвиб расидааст, назорати ниҳодҳои диниро шадидтар намуда, ҳар гуна
Маъмурияти коллеҷ талаб мекунад, ки мо қабл аз вуруд ба коллеҷ ҳиҷобро аз сар ба дар кунем...

фаъолиятҳои бидуни сабти номи расмиро манъ мекунад.

Бар пояи ин қонун, бунёди макони тоату ибодат бояд бо иҷозатномаи мақомоти маҳалливу марказӣ сурат бигирад. Ҳамчунин дар ҳоли имзои ин санад аз тарафи раисиҷумҳури Қазоқистон, таълими динии наврасон зери назорат қарор гирифта, намозхонӣ дар ҷои кор манъ хоҳад шуд.

Ҳуқуқшиноси намозхон Бекбулот Тлеухон бо хашм мегӯяд, ки "агар ман дар ҷои корам намоз хонам, магар ба ҷинояткор табдил меёбам?"

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим


НАМОЗ ДАР ҶОИ КОР -- ҶИНОЯТ?


Намозгузории сокинон дар масҷиди марказии Алмаато
Ахиран гурӯҳе аз вакилони мардумии қазоқ ҳам аснои сӯҳбати телевизионӣ таъкид карданд, ки манъи намоз дар ҷои кор хилофи Қонуни асосии ин кишвар аст. Тибқи омори расмӣ, камаш 64 дарсади аҳолии Қазоқистон мусулмон ва аксаран пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Қаноат Ҷуман, раиси созмони ғайридавлатии “Ваҳдати мардумӣ” мегӯяд, қонуни нав мусулмонони намозхонро бо мушкили бештар мувоҷеҳ намуда, боиси афзоиши қаҳру ғазаби онҳо хоҳад шуд.

Ӯ меафзояд: "Мо ба вакилони мардумӣ гуфтем, ки ин лоиҳа набояд тасвиб шавад. Он бидуни машварат таҳия шуда, назари гурӯҳҳои динӣ ва ниҳодҳои мазҳабиро, ки бо ниёзмандиҳои рӯзмарраи мардум ошно мебошанд, мадди назар нагирифтааст."

ҲИҶОБ НИЗ МАҲДУД ШУДААСТ


Аммо бисёре аз донишгоҳҳову мактабҳои Қазоқистон мунтазири тасвиби қонуни нави дин нашуда, ҳиҷобпӯшии духтаронро манъ кардаанд. Гулфия Бесенгалиева, муҳассили Коллеҷи тиббии шаҳри Атирай мегӯяд: "Маъмурияти коллеҷ талаб мекунад, ки мо қабл аз вуруд ба коллеҷ ҳиҷобро аз сар ба дар кунем. Модарам бо раиси коллеҷ сӯҳбат кард, вале ӯ гуфт, ки дастури таҳсил ҳамин аст."

Баҳси донишҷӯдухтарони ҳиҷобдор дар Қазоқистон ҳам "доғ" мешавад...
Вале тарафдорони қабули қонуни нав мегӯянд, феълан фаъолиятҳои динии Қазоқистон бар асоси қонуне назорат мешавад, ки соли 1992 қабул шудаву ҳоло ба бознигарӣ эҳтиёҷ дорад.

ҲУШДОР АЗ "ТУНДГАРОИИ ДИНӢ"

Соли равон президенти Қазоқистон чандин дафъа дар бораи тарғиби ақидаҳои “мухолиф барои қазоқҳо” ва “зарурати ҳифзи ин кишвар аз тундгароии динӣ” ҳушдор дода буд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки баъзе қазоқҳои сарватманд ҳамчун нишони саховатмандӣ бунёди масҷидҳоро сармоягузорӣ мекунанд. Дар ҷаласаи порлумони Қазоқистон президент Назарбоев даъват кард, ки фаъолияти масҷидҳои бидуни сабтином таҳти назорат қарор гирад.

Соли равон Қазоқистон, ки яке аз ҷамоҳири бо назму суботи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, шоҳиди чанд ҳамлаи даҳшатафканон ва аз ҷумла як бомбгузории маргталабона шудааст.

Аммо ҷои ёдоварист, ки солҳои ахир дар Қазоқистон шумори мусулмонони намозхон афзоиш ёфтааст. Ба қавли диндорон, танҳо дар шаҳри Остона, ки 700 ҳазор аҳолӣ дорад, камаш 30 ҳазор нафар рӯзмарра тоату ибодат мекунанд, ки аз байни онҳо аз 60 то 70 дарсад ходимони идораҳои давлатӣ ҳастанд.

ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ?

Афзоиши таваҷҷӯҳи наврасони қазоқ ба дини мубини Ислом
Ҳукумати Тоҷикистон низ дар баҳори соли 2009 қонуни нави динро бар хилофи нигарониҳои рӯҳониёни мусулмон ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар имзо кард ва мавриди иҷро қарор дод. Пас аз қабули ин қонун дар тӯли ду соли гузашта тамоми созмонҳои динӣ аз сабтиноми расмӣ дар Кумитаи дини Тоҷикистон гузашта, ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Аммо дар ин қатор даҳҳо намозхона, ки ба қавли мақомот дар гузашта ҷойҳои ҷамъиятӣ будаанд, баста шуданд. Ҳудуди даҳ созмони динии ғайриисломӣ низ ба далели кофӣ набудани пайравонашон дар Тоҷикистон ва муроот накардани қонунҳои ин кишвар аз ҳаққи идомаи фаъолият маҳрум гардиданд.

Қонуни нави дини Тоҷикистон ҳамчунин омӯзиши улуми динӣ дар назди рӯҳониёни алоҳида, ки муҷаввизи Кумитаи динро надоранд, мамнӯъ мекунад. Илова ба ин, имом-хатибони масоҷид танҳо бо мувофиқа ба раҳбарони маҳаллаву шаҳру навоҳии кишвар интихоб хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG